Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯгоҳҳои бузург: Ба нафъ ё зиёни кишварҳои ОМ?


Раҳбари ширкати "Hydrosolutions" мегӯяд, Тоҷикистону Қирғизистон ҳақ доранд, ки ба бозори бузурги энержии минтақа табдил шаванд.

"Аммо барои расидан ба ин аҳдоф бояд ҳуқуқи таърихии кишварҳои поёнобро дар мавриди истифодаи муштарак аз захоири оби минтақа муроот кунанд",- мегӯяд Зигфрид Тобиас, раҳбари ширкати швейсарии "Hydrosolutions".
Раҳбари ширкати швейсарии "Hydrosolutions" мегӯяд, дар ҳар сурат сохтмони нерӯгоҳҳои бузург набояд якҷониба, балки дар ҳамкорӣ ва ҳусни тафоҳум бо кишварҳои ҳамсоя сурат бигирад...


Дар ҳоле ки бунёди нерӯгоҳҳои бузурги барқи обӣ дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ба масъалаи печидае табдил ёфтааст, ин ширкат пас аз ба роҳ мондани пажуҳишҳое дар Қирғизистону Узбакистон ахиран бо захоири оби Тоҷикистон ошно шуда, мехоҳад тавсияҳои худро ба мақомоти ин кишварҳо пешниҳод кунад.

Ба гуфтаи раҳбари ин ширкати швейсарӣ агарчӣ бархе аз кишварҳои минтақа ба рушди бозори энержӣ манфиатдоранд, вале кишварҳои дигар аз пеш омадани мушкилоти обёрии заминҳояшон нигарон ҳастанд. Вай мегӯяд, ин аст, ки масъалаи истифода аз захоири оби минтақа аз як баҳси обӣ бештар ба як баҳси сиёсӣ табдил шудааст.

Ба назари Зигфрид Тобиас, раҳбари ширкати швейсарии "Hydrosolutions", масъалаи наҳваи истифода аз захоири оби минтақа ҳалшаванда аст ва барои ин лозим аст, то тарафҳо якдигарфаҳмӣ кунанд.

Мушкили истифода аз захоири оби минтақа дар пайи эълони сохтмони нерӯгоҳи бузурги Қамбарота дар Қирғизистон ва Роғун дар Тоҷикистон сар зад. Узбакистон, ки аз мухолифони аслии ин ду тарҳ аст, мегӯяд, ин нерӯгоҳҳо паёмадҳои фалокатбори зистмуҳитӣ доранд ва пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани онҳо ҳазорон гектар замини кишти ин кишвар ташналаб хоҳанд монд.

Ҷониби Қирғизистон ба тарафи Узбакистон ваъда додааст, ки дар сурати ба кор даромадани нерӯгоҳи бузургаш дар мавсими камбуди об барои эҳтиёҷоти кишоварзии Узбакистон захираи обанбори Токтагулро истифода мебарад. Ҷаноби Тобиас мегӯяд: "Аммо Узбакистон шубҳа дорад, ки кишварҳои болооб тавонанд силсилаобанборҳоро ба таври дуруст идора кунанд ва ин мушкилоти обро жарфтар мекунад."

Ба гуфтаи пажӯҳишгари Донишкадаи технологии Швейсария, Томас Бернер, дар дунё бештар аз 200 рӯд мавҷуд аст, ки аз қаламрави давлатҳои зиёд мегузаранд. Вале танҳо ҳудуди даҳ рӯди фаромарзиро метавон номбар кард, ки наҳваи истифода аз онҳо шаффоф ва бидуни мушкил сурат мегирад.

Зигфрид Тобиас мегӯяд, айни ҳол кишварҳои поёноби минтақаро ба бозори бузурги энержӣ табдил ёфтани кишварҳои болооб ва дар даст гирифтани риштаи тақсими захоири оби минтақа нигарон кардааст. Вай афзуд: "Ман ҷонибдори энергияи арзон ҳастам. Зеро сарватҳои табиии нафту газ ва ангишит тамомшаванда буда, оянда аз нерӯгоҳҳои барқи оби аст, ки на фақат барои як кишвар, балки тамоми минтақа метавонад нерӯи арзони барқ истеҳсол кунад."

Раҳбари ширкати швейсарии "Hydrosolutions" мегӯяд, дар ҳар сурат сохтмони нерӯгоҳҳои бузург набояд якҷониба, балки дар ҳамкорӣ ва ҳусни тафоҳум бо кишварҳои ҳамсоя сурат бигирад, то ин нерӯгоҳҳои оянда на манбаи ихтилоф, балки манбаи ҳамкорӣ ва баҳрабардории муштарак аз имконоти табиӣ бошанд.
XS
SM
MD
LG