Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё Тоҷикистон метавонад ба сохтмони Роғун идома диҳад?


Мото Канишӣ, раиси минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ дар умури Осиёи Марказӣ
Мото Канишӣ, раиси минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ дар умури Осиёи Марказӣ

Бонки Ҷаҳонӣ бар хилофи пешбинӣ ва умедвориҳои Тоҷикистон ба давлати ин кишвар тавсия додааст, ки аз марҳилаи якуми сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун худдорӣ бикунад.

Ахиран Бонки Ҷаҳонӣ ва гурӯҳи мустақили коршиносони байналмилалӣ марҳалаи аввали омӯзиши худро дар бораи имкони идомаи тарҳи сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон ба поён расонд.
Коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ:
Ҳоло тавсия дода намешавад, ки дар баландии бештар аз 1 ҳазору 100 метр аз сатҳи баҳр сохтмони марҳалаи аввали тарҳ, яъне обанбори баландиаш 120 метр шурӯъ шавад...


Боздиди коршиносон аз сохтмони ин нерӯгоҳ, аз нерӯгоҳи Норак ва аз ҳавзаи рӯдхонаи Вахш даҳ рӯз давом кард.

Ин гурӯҳ дар ин муддат бо намояндагони ҳукумати Тоҷикистон, раҳбарони сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва бо ширкати “БарқиТоҷик” мулоқот анҷом дод.

Гурӯҳи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ ба хулосае расидааст, ки омӯзиши имконоти сохтмони нерӯгоҳ, ки моҳи марти соли ҷорӣ оғоз шуда буд, бо муваффақият пеш меравад. Дар давоми панҷ моҳи омӯзиш ин гурӯҳ корҳои зиёде анҷом додаст ва гузоришҳои муқаддамотии худро ба нашр расондааст.

Пас аз мубоҳисоти зиёд пиромуни сохтмони сарбанди баланди обанбори ин нерӯгоҳ ҷониби Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ ба тавофуқ расида буданд, ки то нашри натиҷагириҳои кори кумиссиюн Тоҷикистон аз идомаи корҳои асосии сохтмонӣ худдорӣ мекунад.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:42 0:00
Линки мустақим



Дар як гуфтугӯи телефонӣ аз Мото Канишӣ, раиси минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ дар умури Осиёи Марказӣ пурсидем, бо назардошти хулосаҳои коршиносон оё Тоҷикистон метавонад ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун идома бидиҳад?

Мото Канише гуфт: “Дар ҳамин авохир марҳалаи аввали омӯзиш ба поён расид. Ман бояд рӯшанӣ андозам, ки Бонки Ҷаҳонӣ натиҷаҳои ин омӯзишро ҷонибдорӣ мекунад. Вале барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҳеҷ ӯҳдадорӣ бар дӯш намегирад. Ин омӯзишро кумиссиюне иборат аз коршиносони байналмилалӣ анҷом доданд. Тибқи натиҷаҳои омӯзиши кумиссиюн, ҳоло тавсия дода намешавад, ки дар баландии бештар аз 1 ҳазору 100 метр аз сатҳи баҳр сохтмони марҳалаи аввали тарҳ, яъне обанбори баландиаш 120 метр шурӯъ шавад. Чунин хулосаҳоро коршиносони байналмилалӣ ва гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ баррасӣ карданд ва мо бо ин пешниҳодҳо мувофиқ ҳастем.”

Ба суоле дар ин бора, ки ҷониби Тоҷикистон бо ин натиҷагириҳои кумиссиюни байналмиллалӣ розист ё хайр, ҷаноби Канише чунин посух дод: “Бовар дорам, ки Тоҷикистон ҳам худаш ин масъаларо меомӯзад ва бо раисиҷумҳур машварат мекунад. Вале масъала ин аст, ки оё онҳо бо ин натиҷагириҳо розӣ хоҳанд шуд ё хайр. Мо умед дорем, ки чунин шавад ва онҳо дар ин замина баррасиҳои кофӣ хоҳанд дошт ва гузоришро дар бораи натиҷагириҳои коршиносон қабул хоҳанд кард.”

Чун Тоҷикистон ҳар сол ба камбуди нерӯи барқ рӯ ба рӯ мешавад, Бонки Ҷаҳонӣ гуфтааст, ки роҳҳои алтернативии таъмини барқ дар Тоҷикистонро ҷустуҷӯ хоҳад кард ва сармоягузорӣ дар ин бахш беҳтар хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG