11-соли пеш шавҳари 31-солаам дар пайи бемории саратон аз олам даргузашт. Як сол аз марги шавҳарам нагузашта янгаҳову бародарони шавҳарам маро бо 4 фарзанди ноболиғам аз хона берун карданд. Зиндагии падару модар ва додаронам ҳам осон набуд. Барои ҳамин ман бо кӯдаконам иҷоранишин шудам. Шабҳои дароз дарздӯзӣ кардаву базӯр як бурда нон пайдо мекардам. Бо чӣ азобҳои сахти дарбадарӣ, иҷоранишинӣ ва бекорӣ гирифтор шудам, ки ба душманам раво намебинам.
Баъди чанд соли душворе, ки мо паси сар кардем, ду додаракам Ҷовидону Комрон калон шудаву ба Русиия мардикорӣ рафтанд. Хушбахтона корашон барор карду ҷойи кори хуб пайдо карданд. Ва ҳарду маслиҳат карда барои ман 2000 доллар фиристоданд ва гуфтанд, ки апаҷон беҳтараш бо ин пулҳо тиҷоратро сар кун. Ман маслиҳати онҳоро қабул кардам ва ҳамроҳ бо чанд занҳои шиносам роҳи Бишкекро пеш гирифтем. Аз он ҷо либоси дӯхта ва пойафзол меовардем ва дар бозори Корвон мефурӯхтем. Дар 3 соли аввал душвор буд, барору нобарориҳо ва шикасту рехтҳои зиёдеро таҳаммул кардам. Вале шукронаи худо мегуфтаму кор мекардам. Оҳиста-оҳиста тиҷоратам рушд кард. Акнун фарзандонам гурусна набуданд, хӯроки хубу либоси хуб мепӯшиданд ва ҳатто як хонаи якҳуҷрагии фарсуда ҳам бошад харидаму ба қавле сарамонро дарун кардем.
Баъдан бо маслиҳати дӯстонам як миқдор аз Бонк пул қарз гирифтаму дар фурӯшгоҳи «Элегант» дӯкон харидам. Албатта осон набуд. Пули ҷой, пули ин, пули он ва ҳазорон баҳонаи пулситонӣ доштанд соҳибони бозор. Агар хеши касеву ҳамшаҳрии касе ё қудои кадоме набошӣ, рӯзат сиёҳ. Ба ту мисли як одами дуввум ва севвумсорт нигоҳ мекунанд. Қандата хӯру як даҳон гап дар дифои ҳуқуқи худ бизан. Тамом, ҳатман ба ягон бало гирифтор мешавӣ. Ё ба сарат корманди андозро мефиристанд ё назоратчиро ва ё ягон каси дигарро ва ё моли дӯконатро ғорат мекунанд ва ё ягон тӯҳматеро ба поят мепечонанд. Аммо ман ҳамаи ин мушкилиҳоро бо сабр қабул кардаву паси сар мекардам. Чунки дар пеш нақшаҳои бисёре доштам. Масалан нақша доштам, ки қарзи бонкро баргардонаму барои як хонаи калонтар пул пасандоз кунам. Писаронамро дар мактабҳои олӣ хононам, хонадорашон кунам. Аммо сӯхторе, ки ҳафтаи гузашта дар фурӯшгоҳи «Элегант» рух дод, на танҳо дӯкони маро бо ҳама молу колояш,балки ҳама орзуву умедҳои маро мисли як аждаҳои бадҳайбату бераҳме ба комаш фурӯ бурд.
Мо дӯкондорҳо субҳи барвақт ба бозор омадему ба ҷои дӯконҳоямон дуди сиёҳу ғализро дидем, ки ба осмон мепечад. Танҳо баъди ду соати занг задан мошинҳои сӯхторнишонӣ ба бозор расиданд. Шояд агар зудтар меомаданд, ҳеҷ набошад як қисмати молу колоямонро мо метавонистем наҷот бидиҳем. Инак як ҳафта мешавад, ки ба болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, моро пурсупос ва пурсуҷӯ мекунанд. Агар ин пурсуҷӯҳо фоидае ба дунбол дошта бошад, майлаш мо қабул дорем, вале аз таҷрибаҳои пешин ва сӯхторҳои қаблие, ки дар ин бозор ба амал омаданд, хуб медонем, ки на ягон кас ҷуброни моламонро мекунаду ва медонем, ки ягон кӯмак ва на ягон ғамхориеро интизор шудан маъние надорад.
Ман ва дигар дӯкондороне, ки молу ҳолашон аз байн рафтааст ва аксарият занҳо ҳастанд, имрӯзҳо дар фикри онем, ки чӣ таври қарзҳои бонкро баргардонем. Ман худ як ҳафта аст, ки беморам. Фишори хунам баланд мешавад. Чанде аз ҳамтоёнам дар беморхона бистарианд. Яке сактаи дил шудаву дигере бемории диабеташ хуруҷ кардааст. Гиребони чандин нафари дигар дар дасти қарздоронашон афтодаасту дучори ҷангу хархашаву соҳибони бозор бошанд, тамошобин. Боз ҳам мисли сӯхторҳои пешин комиссия баъди тафишоту пурсуҷӯҳои беохир, сабабгори сӯхтор симҳои барқ ва ё нодуруст васл карда шудани конденсионерҳоро медонад. Яъне гуноҳ ба гардани худи мо дӯкондорон меафтад, боз дар тарсем, ки боз ҷарима набанданд моро.
Ин аст аҳволи мо занони тоҷик, ки бо нӯги сузан ҷамъ мекунем, ба умеди кӯмаки давлату ҳукумат нашуда, бо меҳнату заҳматҳои сангин андаке худро аз зери бори қашшоқиву нодорӣ берун мекашем, вале дар як мижа задан ҳамаи дороии моро бо бод медиҳанд.
Ман гардани каҷу нигоҳи пуряъси фарзандонамро дида бо гиряи гулӯгир дардҳои ҷонкоҳамро базӯр фуру бурда лаб зери дандон ниҳода аз бистар мехезем. Боз ҳам миёнамро мебандаму аз пайи кор мешавам. Боз ҳам аз сифр сар мекунам. Ин ҳарфи бародаронам, ки баробари шунидани ин хабари шум занг зада гуфтанд: «Апаҷон ғам нахӯр, мо як бало мекунем», боз ҳам ба дили ғамзадаам каме умед бахшид.
Дар ин моҳи шарифи Рамазон, ҳар шому саҳар болои ҷойнамоз дуо мекунам, ки додаракони маро дар қатори ҳама муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри ғарибӣ аз балоҳо нигаҳбон бошаду дасти онеро, ки қасди моли мардум мекунаду аз дур истода ба ғами мо шодӣ мекунад, илоҳо бишканад! Ва аз худо умед дорам, ки як рӯзе мерасад, ки тамоми ин касифиҳои бозор рӯи об мезанад ва чеҳраи манфури бадхоҳону бадкорон ошкор мешавад. Ва дар назди қонун ҳар кадоми онҳо ҷавоб мегӯянд. Хеле барҷой гуфтааст шоире:
Ҳар, ки бар душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу селоб хӯрад.
Гавҳар, сокини шаҳри Душанбе. Яке аз дукондороне, ки молу анвои дӯконаш дар фурӯшгоҳи «Элегант» ба коми оташ рафт.
Масъули бахш Сафаргул Олимӣ.