Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархост барои раҳоии ду бандии собиқи Гуантанамо


HRW аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки Абдумуқит Воҳидов ва Рукниддин Шароповро аз зиндон раҳо кунанд.

Cозмони Дидбони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch, Маркази вакилони мудофеи додгоҳ дар Чикаго, маркази ҳуқуқи башари бо номи ReedSmith дар Вошингтон ва яке аз донишгоҳҳои ҳуқуқи Колумбия унвонии раисиҷумҳури Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагон ва
Фармондеҳони саҳроии афғон онҳоро
чун террорист ба кормандони кашфи Амрико ба 10-20 ҳазор долларӣ мефурӯшанд...
намояндагиҳои Тоҷикистон дар Созмони милалу Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) номаҳо фиристодаанд.

Дар ин номаҳо аз ин манобеъ дархост шудааст, ки ду шаҳрванди Тоҷикистон -- Рукниддин Шаропов ва Абдумуқит Воҳидовро аз зиндон раҳо кунанд. Рукниддин ва Абдумуқит панҷ солро дар боздоштгоҳи Гуантанамо сипарӣ карда ва соли 2007 ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.

Пас аз бозгашт аз боздоштгоҳи Гуантанамо, Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи августи соли 2007 Рукниддин Шаропов ва Абдумуқит Воҳидовро ба 17 соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳ мегӯяд, ки онҳо дар Афғонистон дар “аъмоли террористӣ” даст доштаанд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон Абдумуқит Воҳидов ва Рукниддин Шароповро равонаи зиндон кардааст
Вале созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар мегӯянд, ки дар бораи ин аъмол ҳам ҷониби Амрико ва ҳам ҷониби Тоҷикистон далелҳои қотеъ пешниҳод накардаанд ва ин ҳукм ғайриодилона аст.

Чунин вазъ сабаби иншои номаи созмонҳои байналмиллалӣ ба мақомоти Тоҷикистон шудааст.

"Онҳо намедонистанд, ки ба куҷо мераванд"

Валихон Воҳидов, падари Абдумуқит Воҳидов, яке аз зиндониёни собиқи Гуантанаморо, ки дар ноҳияи Исфара зиндагӣ мекунад, пайдо кардем. Вай гуфт, фарзанди ӯ моҳи январи соли 2001 аз Тавилдара бо чархбол ба Афғонистон интиқол дода шудааст. Он вақт Абдумуқит 19 сол дошт.

“Ба Душанбе рафтаанд. Аз он ҷо ба Тавиддара ва аз он ҷо бо вертолёт (чархбол) ба Афғронистон рафтаанд. Онҳо худашон намедонистаанд, ки он ҷо чӣ хел ҷост”,-афзуд ӯ.
Рукниддин Шаропов (аз тарафи дасти рост дуввум) собиқ бандии Гуантанамо, ки пас аз бозгашт ба Тоҷикистон дар соли 2007 ба мӯҳлати 17 сол зиндонӣ шудааст

Ба гуфтаи падари Абдумуқит, як моҳ пеш аз писари ӯ, моҳи декабри соли 2000 Рукниддин ба Афғонистон рафта будааст ва бино ба қавли онҳо дар Афғонистон ба Ҳаракати исломии Узбакистон ҳамроҳ шудаанд. Ин нукта дар мурофиаи додгоҳ низ ёдоварӣ шудааст.

Пулу шиноснома надоштанд, ки ба Ватан бозгарданд

Паём Фурӯғӣ, фаъоли ҳуқуқи башар
Паём Фуруғӣ, коршиноси мустақили байналмиллалӣ дар умури ҳуқуқ, ки дар гузашта дар намояндагии САҲА дар Душанбе кор мекард ва дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмиллалии ҳуқуқи башар бо парвандаи ин ду шаҳрванди Тоҷикистон ошност, ҳамин гуфтаҳоро таъйид мекунад ва меафзояд: "Вақте ки аз шаҳрашон берун мерафтанд ва дунболи кор мегаштанд, инҳоро ба шарқи Тоҷикистон мебаранд ва паспорт (шиноснома)-ҳои онҳоро мегиранд. Мегӯянд, ки онҳоро ба ҷои гармтаре мебаранд. Вақте ки бо чархбол онҳоро ба ҷои дигар мебаранд, баъд ин ду нафар мефаҳманд, ки он ҷо Афғонистон аст. Он вақт онҳо на пул доштанд, на паспорт доштанд ва намедонистанд, ки чӣ тавр ба ватани худ баргарданд."

Рукниддин ва Абдумуқит ҳамчунин намедонистаанд, чархболе, ки онҳоро аз Тоҷикистон ба Афғонистон бурдааст, ба кадом нерӯ тааллуқ дорад. Онҳо дар бозпурсиҳо дар Афғонистон ва Гуантанамову Тоҷикистон таъкид кардаанд, ки гӯиё онҳоро ба хидмати аскарӣ даъват кардаанд ва қавл додаанд, ки ба онҳо билети ҳарбӣ медиҳанд ва онҳо ҳатто аз хидмат ба хонаводаҳояшон кӯмаки молӣ мекунанд.

HRW: Онҳоро ба 10-12 ҳазор долларӣ фурӯхтаанд

Вале пас аз расидан ба Афғонистон онҳо худро дар муҳити ноошно дармеёбанд. Онҳо то ҳамлаҳои террористии моҳи сентябри соли 2001 бо нерӯҳое, ки онҳоро ба Афғонистон интиқол дода буданд, дар он ҷо мемонанд. Он вақт Афғонистон ба лонаи шабакаҳову гурӯҳҳои террористӣ табдил шуда буд. Дар мусоҳибае бо мо Валихон, падари
Рукниддин ва Абдумуқитро нерӯҳои Эътилофи зиддитеррор дар соли 2001 дар Афғонистон боздошт карда ва ба Гуантанамо бурдаанд

Абдумуқит бо такя ба изҳороти писараш дар мурофиаи додгоҳӣ гуфт, писари вай ва Рукниддин аз ин нерӯҳое, ки дар Афғонистон бо онҳо будаанд, Ҳаракати исломии Узбакистон ном мебаранд.

Human Rights Watch дар номаи худ мегӯяд, баъд аз оғози ҳамлаи Эътилофи байнулмилалии зиддитеррор алайҳи шабакаҳои террористӣ дар Афғонистон фармондеҳони саҳроии афғон онҳоро чун террорист ба кормандони кашфи Амрико 10-20 ҳазор долларӣ мефурӯшанд. Нерӯҳои кашфи Амрико барои осон шудани боздошти террористҳо ба истилоҳ чунин маблағро “ҷоиза” эълон карда буданд. Вале дар ҷое ёдоварӣ намешавад, ки ин фармондеҳони саҳроӣ ба Ҳаракати исломии Узбакистон ё ба нерӯҳои дигаре тааллуқ доранд.

"Террористони тоҷик"

Маркази ҳифзи ҳуқуқ бо номи ReedSmith дар номааш бо назардошти сарнавишти Абдумуқит ва Рукниддин ба мақомоти Тоҷикистон менависад, “додгоҳҳои ҳавзаҳои федеролии Амрико баъд аз расидагии ҳамаҷонибаи парвандаи баъзе аз боздоштшудагони Гуантанамо ба хулосае расидаанд, ки барои боздошти онҳо ҳеҷ асос вуҷуд надоштааст. Фармондеҳони саҳроӣ барои ба даст овардани “даромади осон” ин афродро ба нерӯҳои амрикоӣ “террорист” муаррифӣ кардаанд. Барои ҳамин додгоҳҳои федеролӣ ба ҳукумати Амрико муроҷиат кардаанд, ки барои раҳоии чунин боздоштшудагон тадбирҳои зарурӣ андешида шавад”. Дар идомаи ин нома омадааст, шаҳрвандони Тоҷикистон Рукниддин ва Абдумуқит низ ба ҳамин тоифаи боздоштшудагон тааллуқ доранд.

Вакили мудофеъ: Муқит ва Рукниддин ҷиноят накардаанд

Дар Тоҷикистон Татяна Хатюхина, корманди маркази ҳуқуқи башар дар шимоли ин кишвар низ муддате ба омӯзиши парвандаи Рукниддин ва Абдумуқит машғул буд ва таъйид мекунад, ки ин ду нафар ба таври мустақим дар ҷинояте даст надоранд: “Бо назардошти маълумоте, ки дастраси мо шуд, ин одамон ба хориҷ бурда шудаанд ва имкони бозгашт ба ватан надоштаанд. Онҳо
Абдусамӣ Додобоев, як масъули Додситонии кулли Тоҷикистон
худашон ба таври мустақим дар ҷинояте ширкат накардаанд. Фикри ман ин аст, ки онҳо ҳеҷ ҷиноят содир накардаанд.”

Аммо Абдусамеъ Додбоев-сардори Раёсати муносиботи байналмилалии Додситонии кул ба ин ақида розӣ нест ва мегӯяд, агар додгоҳ ба онҳо мӯҳлати ҷазо муайян карда бошад, пас, онҳо гуноҳ содир кардаанд: “Онҳо маҳкум шудаанд, ҳукми онҳо қувваи қонунӣ гирифтааст. Чӣ хел онҳо бегуноҳ будаанд, вақте ки ҳукми суд баромадааст?”

Додгоҳи паси дарҳои баста


Бо вуҷуди ин суханон, Паём Фуруғӣ, коршиноси мустақили байналмиллалӣ ва ҳомии ҳуқуқ додгоҳи Рукниддин ва Абдумуқитро одилона намедонад, зеро тибқи қонунҳои Тоҷикистон ин ду нафар аз рӯзи бозгашт ба Тоҷикистон бояд бо вакили мудофеъ таъмин мешуданд: “Равияи суди онҳо бисёр заиф ва мешавад гуфт, беадолатона будааст. Ҳама қабул доранд, ки инҳо то баъд аз 5 моҳи бозгашт ба Тоҷикистон вакили мудофеъ надоштанд. Чунин равиш бар зидди қонуни худи Тоҷикистон аст.”

Мурофиаи додгоҳии ин ду нафар моҳи августи соли 2007 паси дарҳои баста анҷом гирифт. Гарчӣ мурофиа як ҳафта давом кард, вале ҳар рӯз як то ду соат давом мекард ва бино ба гуфтаи Паём Фурӯғӣ, дар
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдон ва раҳбари созмони иҷтимоии "Перспектива-Плюс"

маҷмӯъ шояд ин мурофиа 8 соатро ташкил диҳад. Чун мурофиа баста буд, ҳуқуқшиносоне, ки мехостанд, бо чунин парвандаҳо ошно шаванд, натавонистанд ба толор роҳ ёбанд.

Ойниҳол Бобназарова-раҳбари созмони ғайридавлатии “Перспектива–Плюс” яке аз онҳо буд ва роҷеъ ба мурофиаҳои баста чунин мегӯяд: “Худи ҳамин мурофиаи судӣ озод набуд ва мо натавонистем, ки дар он ҷо иштирок кунем. Мо намедонем, ки онҳоро ба кадом моддаҳо гунаҳгор карданд. Ин ҷиноятро, агар масалан, дар дигар ҷо содир карда бошанд, дар Афғонистон, Покистон ё ҷои дигар, ман ин ҷо ягон сирри давлатии Тоҷикистонро намебинам. Фикр намекунам, ки ин ҷо ягон сирри давлатии Тоҷикистон бошад, чунки онҳо дар ин ҷо ягон ҷиноят содир накардаанд. Дар он ҷо ҳам чӣ сирри Тоҷикистонро онҳо метавонистанд фош кунанд? Ба назари ман, ҳар қадар ин гуна мурофиаҳо озоду шаффоф бошанд, ба фоидаи худи давлат аст, чунки дар сурати ғайр дар байни мардум ҳар фикру хаёл, ҳар хел бофтаҳо пайдо мешавад ва барои имиҷи худи давлат ҳам хуб намешавад.”

Муроҷиати Дидбони ҳуқуқи башар

Дар номаи Human Rights Watch ба нишонии раисиҷумҳури Тоҷикистон ва мақомоти дигари Тоҷикистон чунин омадааст: "Мо дар робита бо сарнавишти ду шаҳрванди кишвари шумо Рукниддин Шаропов ва Абдумуқит Воҳидов, ки ҳоло ҳукми додгоҳи Тоҷикистонро дар зиндонҳои ин кишвар сипарӣ мекунанд, ба шумо муроҷиат мекунем. Тибқи натиҷагириҳо мо ба чунин ақидаем, ки онҳо бо муқаррароти эътирофшудаи ҳифзи ҳуқуқ таъмин набуданд, ба ин далел аз шумо дархост мекунем, ки агар дар бораи афви онҳо пешниҳоде матраҳ шавад, ба он таваҷҷӯҳи зарурӣ дошта бошед."

Human Rights Watch пас аз омӯзиши ин парвандаҳо дар номаи худ гуфтааст, бо вуҷуди он ки дар Тоҷикистон ва дар Амрико ин ду
Сироҷидин Аслов, намояндаи Тоҷикистон дар Созмони милали муттаҳид
шаҳрванди Тоҷикистон барои даст доштан дар аъмоли террористӣ гунаҳгор дониста мешавад, вале мақомоти Амрико ва айбдоркунандаи давлатии онҳо дар Тоҷикистон дар бораи ширкати мустақими Шаропов ва Воҳидов дар аъмоли террористӣ ё ҷиноятҳои дигар делели муътамад пешниҳод накардаанд.

Назари намояндаи Тоҷикистон дар СММ

Се ниҳоди дигари ҳифзи ҳуқуқи Амрико низ ба ҳамин мазмун хостҳои худро пешниҳод кардаанд ва чун ин номаҳо ба намояндагиҳои Тоҷикистон дар СММ ва дар САҲА низ фиристода шуда буд, мо бо ин намояндагиҳо телефонӣ тамос гирифтем. Сироҷиддин Аслов, намояндаи Тоҷикистон дар СММ, дар шаҳри Ню-Йорк чунин гуфт: “Мо дар бораи парвандаҳои ин ду нафар ҷузъиётро намедонем. Дар ҳақиқат ба мо аз бисёр созмонҳо, аз ҷумла аз созмонҳои ғайридавлатӣ, ки дар соҳаи ҳуқуқи башар ҳарф мезанд, чандин мактубҳо фиристоданд ва мо онҳоро ба марказ (ба Душанбе) фиристодем. Дар он ҷо ин мактубҳоро омӯхта истодаанд. Қонун қонун аст, дар марказ мебинанд. Ба ҳар хулосае, ки онҳо мерасанд, фикр мекунам, ки ба фоидаи ин нафарон мешавад.”

Дар номаҳои созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ низ муаллшифон аз мақомоти Тоҷикистон изҳори умедворӣ кардаанд, ки ин афрод аз зиндон раҳо шаванд, чун онҳо 5 солро дар боздоштгоҳи Гуантанамо ва 4 соли дигари зиндонро дар Тоҷикистон сипарӣ кардаанд ва ҷавониву беҳтарин солҳои умри худро аз даст додаанд.
XS
SM
MD
LG