Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъкиди дубораи Раҳмон ба зиёни телефонҳои мобил


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ
Бино ба гузориши хабаргузории русии “Регнум”, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи рӯзи ҷумъаи ҳукуматаш бори дигар ба зиёни телефонҳои мобил таъкид карда, аз раиси Хадамоти алоқа Бег Зуҳуров хост, ки то иди Наврӯз 1 миллион хонаводаро бо телефонҳои хонагӣ таъмин кунад. Оқои Раҳмон дар ин ҷаласа боз ҳам ба идома додани маъракаи ба мардум фаҳмондани зиёни телефонҳои мобил таъкид кардааст. “Регнум” менависад, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари охираш ба вилояти Хатлон низ аз он гила кардааст, ки мардуми Тоҷикистон солона барои ширкатҳои мобилӣ 1 миллиарду 400 миллион сомонӣ пардохт мекунанд, вале барои пардохтани ҳаққи нирӯи барқ пул намеёбанд.
Ду сол қабл низ дар пайи як чунин изҳороти Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон маъракаи густардаи таблиғотӣ алайҳи телефонҳои мобил роҳандозӣ шуда буд.
XS
SM
MD
LG