Тоҷикистон ва Индонезия то ҳоло 8 санади ҳамкорӣ имзо кардаанд, ки яке аз онҳо Ёддошти тафоҳум дар ҳамкорӣ дар соҳаи маориф мебошад.
Ин санад ба ҷавонони тоҷик имконият медиҳад, ки дар кишвари Индонезия таҳсил кунанд.
Соли гузашта раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ва ҳайате аз порлумони кишвар дар шаҳри Ҷакарта бо гурӯҳи донишҷӯёни тоҷикистонӣ, ки дар мактабҳои олии Индонезия мулоқот кард. Вай иброз дошт, ки соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бахшҳои асосии сиёсати давлати мост ва мулоқоти ҳайати парлумонии Тоҷикистон зимни ин сафар бо ҳайати баландпояи Ҷумҳурии Индонезия, аз ҷумла баррасии тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба, дар соҳаи маориф низ идомаи мантиқии ҳамин сиёсат мебошад.
Индонезия кишварест, ки дар соҳаҳои гуногун ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидааст. Махсусан дар иқтисодиёт ин кишвар дар 20 соли охир ҷаҳише кард ва иқтисоди он ба гунае қавист, ки бӯҳрони ахири ҷаҳонӣ натавонистааст, ба он таъсири ҷиддие расонад. Биноан иқтисодиёти Индонезия ҳамоно дар ҳоли рушд буда, шохиси рушди он дар соли гузашта ба 6 дарсад расидааст. Иқтисоди он ба кишоварзӣ, саноат ва хадамот такия мекунад, аммо пешрафти онро рушди фанновариҳои нав фароҳам овардааст. Бахши аъзами кормандони давлатӣ, ширкату корпоратсияҳо, марказҳои илму фанни Индонезияро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Тоҷикистони мо ҳам имрӯз ба мутахассисони хубу варзида ниёз дорад ва ҷавонони тоҷикистонӣ аз имконияти муҳайёшудаи таҳсил дар чунин кишвари мусулмонии пешрафта баҳрвар шудаанд.
Аммо шароити зиндагӣ ва таҳсили онҳо дар ин кишвар чӣ гунааст? Фирдавс Саидқулзода, донишҷӯи Донишкадаи байналмилалии менеҷмент ва коммуникатсияи шаҳри Бандунг мегӯяд: “Ман бо тавсияи Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунам. Таълим мутобиқи низоми байналмилалист ва ба ман хеле писанд аст. Муносибати байни донишҷӯён ва омӯзгорон, чӣ достенту чӣ профессор хеле самимона ва саршор аз меҳрубонист. Аввалҳо аз надонистани забони индонезӣ бо мушкилиҳо рӯбарӯ мешудам дар бозорҳо ҳангоми харид ҳис мекардам, ки бароям нархҳои гарон пешниҳод мекунанд. Аз даврае, ки забонро омӯхтам, муносибат ва нархҳо тағйир карданд. Ҳоло баъд аз як соли таҳсил бо забони индонезӣ озод ҳарф мезанам.”
Мутаасифона, иҷрои созишномаи ҳамкории дуҷониба дар риштаи омӯзишу парвариш аз ҷониби ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон ва Индонезия ҳанӯз дар сатҳи лозим ба роҳ монда нашудааст ва барои иҷрои он талоши зарурӣ ба назар нарасида, захираву имкониятҳои ин соҳа ба дараҷаи кофӣ истифода нашудаанд. Ҳамчунин монеа ва мушкилоте вуҷуд дорад, ки аз густариши раванд пешгирӣ мекунад.
Аз ҷумла душвориҳои ба даст овардани раводиди таҳсил дар Индонезия ва гаронии нархи сафару таҳсил таваҷҷӯҳи ҳукумати кишварамонро тақозо мекунанд. Аз сӯи дигар намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Индонезия, хонум Полупӣ Сукиянтинӣ Мустаҷоб иброз намуд, ки донишҷӯёни риштаи дипломатии донишгоҳҳои Индонезия мехоҳанд, барои омӯзиши забони русӣ, ки яке аз забонҳои байналмилалӣист, ба Тоҷикистон рафта, таҳсилашонро дар он ҷо идома диҳанд. Барои амалӣ гардидани ин нақшаашон индонезиҳо ба Вазорати маорифи Тоҷикистон мактуб навиштаанд ва ҷавоби онро дер боз интизоранд.
Масъалаи дигаре, ки баррасӣ гардид, таҳсили ҷавонони тоҷикистонӣ дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Индонезия бо маблағгузории литсейҳои туркии Тоҷикистон аст. Қисми зиёди ҷавонон бе роҳхати Вазорати маорифи кишварамон барои таҳсил ба Индонезия омадаанд, ки ин мухолифи Ёддошти тафоҳум миёни Тоҷикистон ва Индонезия аст.
Шӯҳрат Акрамов соли дуввум аст дар магистратураи Донишкадаи Телкоми Индонезия (ихтисоси Менеҷемент бизнес ICT) таҳсил мекунад. Аз рӯи барномаи таълимӣ, ки Вазорати маорифи миллии Индонезия ба танзим овардааст, ҳамагӣ 2 сол дар магистратура таҳсил намуда, баъд аз супоридани имтиҳони давлатӣ ё ҳимояи рисолаи магистрӣ дараҷа мегирад.
Вай мегӯяд: “Ҳоло ягона мушкиле, ки миёни Тоҷикистон ва Индонезия мавҷуд аст, гирифтани раводид мебошад. Сабаб он аст, ки то ҳол Индонезия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сафоратхонаи худро надорад ва мо маҷбур мешавем ба хотири раводиди сафар ба Узбакистон равем. Аммо мушкилиҳои байни Тоҷикистону Узбакистон нриз ба ҳамаи мо маълум аст. Ман хуб мефаҳмам барои кушодани сафоратҳо маблағ лозим аст, аммо ақаллан дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон ва Индонезия консулгариҳо ташкил мекарданд, ҳамааш хуб мешуд.”
Барои таҳким ва густариши равобит миёни ду кишвар донишҷӯёни тоҷик дар дидор бо раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ва ҳайате аз порлумони кишвар дар шаҳри Ҷакарта пешниҳоди дигаре низ карданд. Дар бораи мӯҳтавои он Шӯҳрат мегӯяд: “Мо ба роҳбари парлумони Тоҷикистон ва ҳам намояндаҳои индонезӣ расонидем, то донишҷӯёни Индонезия низ ин имкониятро дошта бошанд, ки дар Тоҷикистон таҳсил кунанд. Ҳукумати Индонезия ба мо, тоҷикон, бурс ё стипендия медиҳад ва ҳарчанд Тоҷикистон барои донишҷӯёни индонезӣ стипендия ҷудо накунад ҳам, танҳо бояд имконият ва шароити осони таҳсили онҳоро дар донишгоҳу долнишкадаҳои Тоҷикистон таҳсил фароҳам орад, махсусан дар риштаҳои омӯзиши забони форсӣ, русӣ, тиб ва ғайра.”.
Бо гуфтаи намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Индонезия, хонум Полупӣ Сукиянтинӣ Мустаҷоб, ин яке аз ваъдаҳои вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон будааст, ки то ҳоло амалӣ нашудааст. Донишҷӯёни тоҷик дар Индонезия бовар доранд, ки агар ҳамкории ду кишвар самимонатар ва ҷиддитар шавад, аз он ҳама бурд хоҳанд кард ва шояд Тоҷикистон бештар.
Парвиз Самиев,
донишҷӯӣ Донишгоҳи Телкоми Ҷумҳурии Индонезия