Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як дурӯғ ва саргардонии даҳҳо пулис


Хабари бардурӯғе сабаби оворагии чандрӯза ва бефоидаи кормандони ниҳодҳои интизомӣ дар минтақаи Кӯлоб шудааст.

Марде, ки ин хабари бардурӯғро паҳн кардааст, барои ба даст овардани 500 сомонӣ мукофотпулӣ ба нерӯҳои пулис гуфтааст, ки макони будубоши чанд маҳбуси фирориро медонад.

Ҳафтае пеш хабар дода мешуд, ки дар ноҳияи Данғара ба манзури боздошти афроди мусаллаҳ, ки эҳтимолан, чанде аз маҳбусони фирорӣ аз зиндони Кумитаи амнияти миллӣ дар Душанбе мебошанд, як амалиёти вижаи нерӯҳои давлатӣ баргузор мешавад. Даҳҳо кормандони милиса аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон барои ширкат дар ин амалиёт ба ноҳияи Данғара сафар карда буданд.

Сӯҳроб Саломов
Аммо сарҳанг Сӯҳроб Саломов, муовини якуми сардори Раёсати корҳои дохилии Хатлон, дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, дар Данғара ягон гурӯҳи мусаллаҳ ё маҳбуси фирорӣ дастгир нашудааст, зеро маълумоти расида ба дасти мақомоти интизомӣ бепоя будааст:

“Ягон хел амалиёт ҳоло нест. Он ҷо як шаҳрванд аз куҷое хабар меёбад, ки агар одам мавзеъ ё макони будубоши шахсони аз маҳбаси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ фироркардаро ба мақомоти дахлдор хабар диҳад, 500 сомонӣ мукофотпулӣ мегирад. 500 сомонӣ мегирам гуфта, як хабари бардурӯғ мегӯяд. Барои дастгир кардани он фирориён мо аз ин ҷо ва аз дигар ШКД-ҳо кормандонро сафарбар кардем. Дар рафти амалиёт, дар байни ду рӯз дақиқ карда шуд, ки ин иттилои дурӯғ будааст. Он мард иқрор шуд. Аз ин рӯ, ҳама кормандони мо ба ҷойҳои кориашон баргашта, ба корҳои ҳаррӯзаи муқаррариашон машғул шуданд."

Озодӣ:
Оё барои расонидани хабари носаҳеҳ ё бардурӯғ қонунгузории Тоҷикистон ҷазо пешбинӣ намекунад?

Саломов: "Кодекси ҷиноӣ ҷавобгариро пешбинӣ кардааст. Дар ҳолати лозимӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда мешавад нисбат ба он одам. Аммо ба вай дигар чӣ мегӯед ҳоло? Худаш, бечора, базӯр гаштааст."

Ваде сарҳанг Саломов аз ифшои ҳуввияти нафаре, ки гӯиё хабари бардурӯғ дода, сабаби оворагии кормандони мақомоти милиса шудааст, худдорӣ кард.

Раёсати корҳои дохилии Хатлон мегӯяд, ҳоло ин масъала матраҳ аст, ки алайҳи нафаре, ки дар бораи гаштугузори гӯиё маҳбусони фирории мусаллаҳ дар қаламрави ноҳияи Данғара хабари носаҳеҳ ва бардурӯғ додааст, парвандаи ҷиноӣ боз шавад ё хайр.
XS
SM
MD
LG