Зеро Додгоҳ моҷарои байни ин ширкат ва Маркази иҷрои лоиҳахои энергетикии Тоҷикистон бар сари сохтмони нерӯгоҳи кӯчак дар минтақаи Раштро ба нафъи ин марказ ҳал намуд.
ЧИГУНА "КОРВОНИ РОҲ" ДАР НИМАРОҲ МОНД?
«Роҳи Корвон» дар тендер барои сохтмони ҳашт нерӯгоҳи кӯчак барранда шуда буд, аммо ба иллати камбуди дар лоиҳаи яке аз ин нерӯгоҳҳо бо Маркази иҷрои лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон ба мушкил рӯ ба рӯ гардид.
Чанд соле қабл ширкатҳои «Роҳи корвон» ва «Гуҳаррӯд»-и Эрон дар тендери байналмилалӣ, ки аз сӯи Бонки Исломӣ созмон ёфт, барои сохтмони 8 нерӯгоҳи кӯчаки обӣ дар Тоҷикистон баранда шуданд. Яке аз ин нерӯгоҳҳо, нерӯгоҳи якмегаватӣ дар рӯдхонаи «Сангикар»-и ноҳияи Рашт буд ва ширкати «Роҳи Корвон» ба сохтмони он шурӯъ кард. Аммо ин ширкат баъдан эҳсос кард, ки барномаи сохтмони ин нерӯгоҳ, ки тавассути пажӯҳишгоҳи «Гидроэнергопроект» ба тендер пешниҳод шудааст, камбудиҳо дорад ва ба маблағи тахсисшуда ва ҳаҷми кор мувофиқат намекунад.
ЛОИҲАИ НОТАМОМИ "КОРВОНИ РОҲ"
Фаридуни Торес, раиси ширкати «Роҳи корвон», муассисаи давлатии Маркази лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистонро, ки дар он замон Санъат Раҳимов, раҳбарии онро бар дӯш дошт, дар ҷараён гузошт. Ба таъкиди ҷаноби Торес, вақте, ки экспертиза анҷом шуд, Маркази лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ қарордоди тендериро бидуни муроҷиат ба додгоҳ лағв кард ва сохтмони ин нерӯгоҳро ба ширкати навтаъсис вогузошт. Аммо ин ширкати тозатаъсис бидуни ҳалномаи додгоҳ молу амволи ширкати «Роҳи корвон»-ро бо акти раиси ҷамоати Навободи ноҳияи Рашт мусодира кард.
Фаридуни Торес, раиси ширкати «Роҳи корвон» дар бораи иштибоҳот ва ё нокомилии барномаи сохтмони нерӯгоҳи кӯчаки «Сангикар» гуфт: "Дар барномаи тендерӣ ҳаҷми бетон 700 куб нишон дода шудааст. Мо ҳисоби дубора кардем, он ба 3 ҳазор куб расид. Маркази лоиҳаҳои энергетикӣ ин пешниҳодро пазируфт, вале аз додани пули 2300 куби иловагӣ сарпечӣ кард ва ба ин далел мо корро қатъ кардем. Дар мавриди ҷараёни об низ ғалатиҳо зиёд буд."
ДАЪВОИ ДОДГОҲӢ
Сипас ширкати «Роҳи корвон» ин мавзӯъро дар сатҳи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Эрон матраҳ кард, вале натиҷае ҳосил нашуд. Ин буд, ки ширкат ба Додгоҳи Олии иқтисодӣ шикоят бурд то ба вай бар асоси қонун иҷозат бидиҳанд сохтмони нерӯгоҳро идома бидиҳад. Аммо Додгоҳи Олии иқтисодӣ даъвои ин ширкатро рад кард.
Раҳматулло Камолов, додраси Додгоҳи Олии иқтисодии Тоҷикистон ин радияро чунин тавзеҳ дод: "Баҳсу мунозира дар соли 2007 буд, вале ин ширкат аз соли 2007 то соли 2011 ихтиёр карда ба додгоҳ муроҷиат накард. Соли 2011 ба додгоҳ шикоят овард, ки ба ӯ иҷозат диҳанд то корро дар сохтмон идома диҳанд. Ҳол он, ки сохтмони нерӯгоҳи «Сангикар» тамом шуда буд ва дигар чунин зарурат мавҷуд набуд."
Ин дар ҳолест, ки тендери буридаи «Роҳи корвон» як нерӯгоҳи «Сангикар» набуда, балки ҳафт нерӯгоҳи дигарро низ дар бар дошт. Аз додраси Додгоҳи Олии иқтисодӣ пурсида шуд, ки фаъолияти ширкати навтаъсисе, ки тендери буридаи «Роҳи корвон»-ро соҳиб шуд баррасӣ шудааст, ки оё ин ширкат муҷаввизи сохтмон ва тавони онро дорад.
Раҳматулло Камолов, додраси Додгоҳи Олии иқтисодии Тоҷикистон дар ин бора гуфт: "Дар бораи молу амволаш ба мо муроҷиат накардааст. Ва ин мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст. Агар дар ин бора муроҷиат кунад, мо ин масъаларо баррасӣ хоҳем кард."
Фаридуни Торес, раиси ширкати «Роҳи Корвон» бар ин бовар аст, ки мушкили ин ширкат аз сӯи ниҳодҳои додгоҳии Тоҷикистон ҳалли мусбии худро пайдо нахоҳад кард ва ба ин далел вай мегӯяд, ин қазияро дар сатҳи байналмилалӣ матраҳ хоҳад кард.
НЕРӮГОҲ ДАР МИНТАҚАИ СЕЛХЕЗ?
Зимнан, нерӯгоҳи «Сангикар», ки як мегават зарфият дорад, сохтмонаш ба охир расидааст ва дар остонаи ҷашни 20-солагии истиқлоли Тоҷикистон дар моҳи сентябр, мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Ба қавли сокинони ин русто, аксарияти корҳо ба таври ҳашар, яъне кӯмаки мардуми деҳа анҷом шудааст.
Ин дар ҳолест, ки сокинони ин минтақа мегӯянд, бо таваҷҷӯҳ ба ин, ки канали ин нерӯгоҳи кӯчак дар минтақаи селхез сохта шудаст, эҳтимоли тахриб шудани ин нерӯгоҳ вуҷуд дорад. Ҳамакнун суоли матраҳ низ ин аст, ки дар сурати рахна шудани канали ин нерӯгоҳ ба дунболи резиши сел, масъулияти онро кӣ бар дӯш хоҳад гирифт?
Масъулони Додгоҳи Олии иқтисодӣ бар ин назаранд, ки ин мавзӯъ танҳо пас аз эҳтимоли резиши сел ва тахриб шудани канали нерӯгоҳ баррасӣ хоҳад шуд.