Ман агарчӣ рустабору русзабонам, вале қалбу рӯҳу ҷонам тоҷикист ва аз ин рӯ ба худ ҳақ медиҳам, ки бигӯям: Ман Тоҷикам! Агарчӣ дар тамоми авлоди гузаштаи мо як тан шоир набудааст, вале ишқи ин ватан, кӯҳу дамани сабз, дарёву чашмаҳои хурӯшонаш, домани теппаҳои лоларез ва мардуми покдилу поктинатам маро шоир кардааст. Кӯҳҳои баланди дараи Ромит, ҳавои софу беғубори Хоҷаобигарм, дараи Варзоб ва ҳусну таровати Душанбеи ҳам ҷавону ҳам пир ва мисли гуларӯсони ороставу пероста, бо зебоии нотакрораш дафтарҳои маро пур аз байту ғазал кардааст.
Ҳарчанд аз синни мактабхонӣ машқи шеър мекардам, лекин ҳаргиз даъвои шоирӣ ва шӯҳрат накардаам. Ин ҳадяи худост ва як гуна василаест, ки ман эҳсосотам, ғаму андӯҳ ва меҳри ватандориамро бо он баён месозам. Рубоиёти Хайём ва ашъори Лермонтовро мепарастам ва пайваста мехонам.
Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба солҳои донишҷӯии ман рост омад. Дар бахши педагогикаи донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, дар шаҳри Маскав таҳсил мекардаму дилам ба ёди сарзаминам, ки дар панҷаи дуду оташ талвоса дошт хун мегирист. Дуову муноҷотам пеши худои якто ҳамин буд, ки мардуми моро ҳарчӣ зудтар сари андеша орад. Мехостам бол барораму ба Душанбе биёям ва ҳар кӯчаву дару деворашро бо пайкарам аз тиру туфанг сипарвор ҳифз кунам. Ва шеъре навиштам аз Маскав, сарзамини аждодиам, ки бароям он рӯзҳо кунҷи ғарибӣ ва дурӣ аз ватан гашта буд. Сад афсӯс, ки тоҷикиро дар он сатҳе намедонам, ки бо он шеър бигӯям.
Родимый, тёплый край,о как ты далеко...
Россия велика,но мне здесь нелегко.
Чужая мне она и люди мне чужие,
Своя земля родней,ведь там края родные.
Весёлый солнца луч, там ярче и светлей,
Там зеленее поля и жизнь там красивее,
Россия велика,но жить здесь очень сложно.
За Родину свою на сердце мне тревожно.
Да,Родина роднее,там жил я,как в Раю!
Обидно,больно мне за Родину свою.
Ведь там я был рождён и там я был воспитан.
До глубины души я Родиной пропитан.
В Росии я живу,но я не росиянин,
И пусть я русский там,в душе я мусульманен.
Я верю,будет день,удача улыбнётся,
Всё оживёт вокруг и Родина проснётся!
И снова арбакеш,садяс на ишака,
Посмотрит на дома родного кишлака,
А добрый домулло, с благославением в дар,
Нам зкажет: «В добрый путь! Омин оллахи акбар»
Ман дар рӯзи аввали сафарам ба Маскав фикр мекардам, ки он ҷо ҳам мисли Тоҷикистони ман аст ва одамон мисли мо бо ҳам оғӯш кушода бародар салом мекунанд ва як бурда нонашонро бо ҳам мебинанд. Шодон ба истиқболи дӯстони русам сурудхонон:
Эй ёрам биё,
Дилдорам биё,
Дил майли ту дорад, сазоворам биё гуфта замзама кардам, ба ман ҳайрон нигаристанд, ки магар девона бошад ин бача.
Вақте беихтиёр ҳангоми саломуалейк онҳоро ба оғӯш мекашидам боз ҳам ҳайронтар мешуданд ва худро дур мегирифтанд. Баъд донистам, ки фарқ миёни мардуми мову русҳо хеле калон будааст. Тоҷикони мо ба рӯи одам нигоҳ карда беғаразу беягон дурӯягӣ ҳарфашонро мегӯянд. Агар кӯмаке бошад бе ягон ғараз мекунанд.
Ман дӯсте дорам Абдумалик ном дорад. Дар рӯзҳои дурӣ аз ватан, ман ӯро мисли модарам ёд мекардам ва сӯҳбатҳояшро пазмон мешудам. Ва рӯзе фаро расиду ба Ватан баргаштам дар ҳавопаймо вақте эълон карданд, ки ҳавопаймо ба хоки Душанбе, пойтахти Тоҷикистон менишинад, дилам сахт ба задан сар кард. Оби дидаҳоям ҷорӣ шуданд. Ва хоки сарзаминамро ба зону задаву бӯсидам. Тоҷикони ҳамроҳи ман сафаркарда бо ҳайрат ба муйи маллаву чашмони кабудам нигоҳ мекарданад ва аз ман мепурсиданд, ки ту русӣ ё тоҷик? Гуфтам рустабори тоҷикам. Ва маро давра гирифта барои ин эҳсоси баланди ватандориам аҳсант мегуфтанд.
Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ буду ман бо модарам дар фурудгоҳ кор мекардем. Як рӯз ҷасади ҷавонасакаронеро, ки дар сарҳад кушта шуда буданд, оварданд. Ин манзара қалбамро фишор дод ва ман шеъре гуфтам ба ин сон:
Перед тем,как ты розу срываешь,
Не спеши и подумай немного,
Ведь её ты жизни лишаешь,
А она было создана Богом.
Перед тем,как стрелять с автомата,
Подожди и подумай о том,
Что они молодые ребята
И совсем не виновны ни в чём.
Их отправили на границу,
Чтобы каждый мужчиной мог стать...
А в душе их,наверно,таиться
Слово: «Только б не убивать!»
Ну,зачем же идти брат на барата,
Убивая, раваться в перёд?
Зная то,что его, солдата,
Мать домой поскорее ждёт.
Если б взять и закончить битву
И не вспомнив ни чьей вины,
Повторять слова,как молитву:
«Только не было бы войны»
Ишқи нахустинам, ки дар айёми наврасӣ дари дилламро кӯфта буд, Лола ном духтараки тоҷик буд. Ӯ бо чашму абрувони сиёҳ, шарми зебои тоҷикона роҳату қарорро аз дилам рабуда буду ба ёдаш шабҳо намехобидам ва дафтару қалам мегирифтам. Насиб набудаасту ман дар 20 солагӣ ба духтари рус хонадор шудаму ҳоло ду духтарчаи гулсимо дорам. Ҳамроҳи ҳаватанонам намозгузориву рӯзадорӣ ва иди муқаддаси диниву миллиро бо шавқи тамом ҷашн мегираму тамоми суннатҳои милливу мазҳабиро риоят мекунам.
Агар аз ман пуррсанд, ки ин ишқи саршор ба ин ватан аз куҷо сарчашма мегирад, ман мегӯям аз модарам. Модари ман Нина Алексеевна ин ватани дуввуми худ Тоҷикистонро модарвор дӯст медорад. Ману модарам корманди ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон ҳастем ва зиёд сафар мекунем. Вале модари ман дар ягон гӯшаи дунё дур аз Тоҷикистон зиёд буда наметавонад. Солҳои мудҳиши аввали 90-ум ҳамаи русҳо рафтанд, вале модари ман гуфт, бе ин сарзамин ва бе ин мардуми хуб наметавонам зиндагӣ кунам.
Ман, ки ҳамчунин дину мазҳабҳои гуногунро меомӯзам, барои худ чунин як хулоса кардам, ки Худованд яктост ва тамоми фармудаҳои ҳама дину мазҳабҳо мисли донаҳои тасбеҳ дар як риштаи маъни баланду малакутӣ силсилабандӣ шудаанд. Ва ин ришта «Муҳаббат» ном дорад. Муҳаббат ва ишқ ба одаму олами ҳастӣ. Дилбастагӣ ва эҳтиром ба табиат ва ҳар ончӣ Худо офаридааст. Чӣ дар хушкӣ чӣ дар об ва чӣ дар осмон. Ҳамаро бояд азиз дошту эҳтиёт кард. Агар мехоҳед ин замин моро боз чандин қарнҳову давраҳову замонҳо бихӯронаду бипӯшонад ва дар домони модаронаи худ парваришу ғамхорӣ кунад. Ва ман ҳамин маъниро барои худ ҳамчун беҳтарин дарсӣ зиндагӣ пазируфтаам ва кӯшиш мекунам аз рӯи ин панд амал кунам.
Орзуи ягонаи ман ин аст, ки дар ин замонаи пуртаззод сарзаминам, Тоҷикистони азизро аз чашми бадон офаридгор эмин дорад. Ҳамеша шукуфон бошаду ба бахти мо фарзандон рушду нуму кунад. Мо бошем ҳар яке дар ҳар риштае, ки кору фаъолият надошта бошем, хиштеро болои хишти бинои хушбахтиҳову пешравиҳояш гузорем, то шӯҳрату шонаш ба кайҳон бирасад.
Георгий Лисянов, сокини шаҳри Душанбе,
Масъули бахш: Сафаргул Олимӣ