Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон дороии ширкатҳои хориҷиро ғасб мекунад


Тошканд, майдони Амир Темур
Тошканд, майдони Амир Темур

Ширкати бритониёии мавсум ба “Тиллои Амударё” мегӯяд, Узбакистон талош дорад дороии ин ширкатро ғасб кунад.

Ба ибораи дигар, ҳукумати Узбакистон мехоҳад ин ширкатро бибандад ва саҳмияҳои муштаракро аз байн бибарад.

ЧАРО "ТИЛЛОИ АМУДАРЁ" БАСТА ШАВАД?

Роберт Амстердам-вакили мудофеъ, ки аз ҷониби ширкати “Тиллои Амударё” намояндагӣ мекунад, мегӯяд, ки ҳукумати Узбакистон саъй дорад 50 дарсади дороии ширкати истихроҷи маъдани гаронбаҳои “Амонтойтоғ”-ро моли худ эълон кунад. Сабаб ин будааст, ки гӯё ин ширкат муқаррароти фановарӣ ва муқаррароти муҳити зистро риоят накардааст.

Оқои Амстердам аз ин иттиҳомот интиқод кард ва гуфт, ки ширкат бештар аз муқаррароти мавҷудаи зистмуҳитии Узбакистон меъёрҳоро риоят кардааст. Амстердам гуфтааст, ки ширкати “Тиллои Амударё”-и Британия бар зидди ҳукумати Узбакистон ба додгоҳи байналмиллалӣ шикоят хоҳад бурд, агар Узбакистон парвандаи зидди ин ширкатро дар кишвараш набандад.

ҲАМА ЧИЗ ДАР КОНТРОЛИ КАРИМОВ

Вай афзуд, мақомоти интизомии Узбакистон Саид Ашӯров-сармуҳандиси ин ширкатро барои ҷосусӣ боздошт кардаанд. Амстердам иттиҳомоти зидди Ашӯровро “сохтаву бофта” хондааст ва мегӯяд, ки дирӯз дар Тошканд паси дарҳои баста мурофиаи додгоҳии Ашӯров оғоз шудааст. Ба гуфтаи вакили мудофеъ, Ашӯров дар зиндони полиси Узбакистон ба таври ҷиддӣ бемор шудааст ва ҳоло ширкати “Тиллои Амударё” аз вазъи саломатии вай нигарон аст. Рӯзи чаҳоршанбеи гузашта, 6-уми июл оқои Амстердам ба нишонии Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Узбакистон номаи боз фиристодааст ва дар он иттиҳомоти Узбакистон бар зидди ин ширкатро рад кардааст.

Вай мегӯяд, фиристодани нома амри зарурӣ буд, зеро дар Узбакистон “ҳама чиз дар контрол”-и Ислом Каримов қарор дорад. Амстердам ин парвандаро намунаи “ҳамлаи манобеи миллатгаро” ном бурдааст. Чунин омил дар бисёре аз кишварҳои Шӯравии пешин вуҷуд дорад. Вай меафзояд, ғасби дороиҳои “Тиллои Амударё” яке аз намунаҳои ғасби дороии ширкатҳои хориҷӣ дар Узбакистон ба шумор меравад ва он ба эътибори байналмиллалии ин кишвар латма хоҳад зад.

"ТАҶРУБА"-И ҒАСБИ ДОРОИИ ХОРИҶИҲО

Роберт Амстердам вакили мудофеи “Тиллои Амударё” аз Канада аст ва дар Лондон иқомат мекунад. Вай мегӯяд, ин ширкат мехоҳад ин парвандаро ифшо созад ва соири сармоягузорони хориҷиро аз ин қазия дар ҷараён гузорад.

Дар Узбакистон ғасби дороиҳои хориҷӣ ба силсилае табдил ёфтааст ва то ҳол ҳукумати ин кишвар таҷрубаи ғасби дороии ширкатҳои Туркияву Кореяи Ҷанубӣ ва Олмонро имтиҳон кардааст. Амстердам мегӯяд, дороии ширкати “Тиллои Амударё”-и Британия 400 миллион доллар арзиш дорад. Ин ширкат аз соли 1996 ба ин сӯ дар минтақаи Қизилқуми Узбакистон фаъолият мекунад ва дар се кон ба истихроҷи тиллову нуқра машғул аст.

Роберт Амстердам шахсест, ки вайро соли 2003 ширкати ЮКОС-и Русия барои ҳимоят аз раиси пешини худ Михоил Ходорковский вакили мудофеъ гирифта буд ва парвандаи Ходорковский дар саросари ҷаҳон роҷеъ ба найрангҳои ҳукумати Русия сару садоҳо ба бор овард.
XS
SM
MD
LG