Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози фаъолияти Палатаи ҳисоб дар Тоҷикистон


Қонуни Палатаи ҳисоб дар Тоҷикистон баъди имзои раиси ҷумҳур ва интишор дар матбуот ба марҳилаи иҷро даромад.

Кори Палатаи ҳисоб то ҷое назири фаъолияти идораи назоратӣ ва санҷишии шӯравии пешин ва ё Оҷонси назорати молии кунунӣ дар ҳукумати Тоҷикистон хоҳад буд.

ОЁ КОРИ ПАЛАТАИ ҲИСОБ МУАССИР ХОҲАД БУД?

Аммо салоҳияти он фаротар ва навҳи кори он муосир хоҳад буд. Палатаи ҳисоби Тоҷикистон иҷрои буҷаи давлатӣ ва фаъолияти молии ҳамаи созмонҳоеро, ки аз буҷа пул дарёфт мекунанд таҳти аудит ё санҷиши мустақилона қарор хоҳад дод. Ин ниҳод, ҳамчунин фаъолияти Бонки миллӣ, ҷараёни хусусисозӣ ва мудирияти манобеи табииро таҳти назорат хоҳад дошт.



Зимни таҳия ва баррасии пешнависи ин қонун, як далели муаллифони он ин буд, ки аз салоҳиятҳои Оҷонси назорати молӣ коста хоҳад шуд. Дар ғайри сурат, ин ду ниҳод дар амри назорат ба масрафи буҷаи давлатӣ тақрибан фаъолияти якдигарро такрор хоҳанд кард. Аммо акнун суоли матраҳ ин аст, ки оё ин иттифоқ пеш хоҳад омад ва ё дар салоҳиятҳои Оҷонси назорати молӣ ва мубориза бо фасод бознигарӣ хоҳад шуд?

ПАЛАТАИ ҲИСОБ ВА ОҶОНСИ ЗИДДИ ФАСОД

Бархе аз таҳлилгарон ва вакилони парлумон мегӯянд, ки акнун раиси ҷумҳур ба манзури ҷилавгирӣ аз бархӯрди манофеъи ду ниҳоди назорати молӣ ва такрор нашудани кори онҳо, бояд асноди лозимро барои тағйирот дар салоҳиятҳои Оҷонси назорати молӣ пешниҳод намояд.

Талбак Исмоилов, вакили Маҷлиси намояндагони
Талбак Исмоилов, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон

Тоҷикистон дар ин бора мегӯяд: «Шояд то охири сол ба фаъолияти оҷонси назорати молӣ ва мубориза бо фасод тағйироти ҷиддӣ ворид шавад. Зеро як фаъолиятро наметавонад ду ниҳод таҳти назорат қарор бидиҳад ва такрор кунад. Барои ҳамин бояд ҳамон бахше аз салоҳиятҳои агентӣ, ки ба назорати молӣ вобаста мебошад ба Палатаи ҳисоб вогузор шавад.»

ЧАРО ПАЛАТАИ ҲИСОБ?

Ба гуфтаи муаллифони қонуни Палатаи ҳисоб, ҳадаф аз таъсиси ин ниҳод, муассир кардани назорати буҷаи давлат ва таъмини ҳадафмандии масрафи он аст. Ва аз сӯи дигар, ҷорӣ кардани низоми аудитии назорати буҷа ва таъсиси Палатаи ҳисоб як шарти идғом ба иқтисоди озод ва тиҷорати байналмилалӣ аст. Мақомоти Тоҷикистон бовар доранд, ки таъсиси Палатаи ҳисоб дар амри мутобиқсозии сохтори буҷа ва сифати он ба меъёрҳои байналмилалӣ мусоидат мекунад. Мақомот мегӯянд, ки зимни таҳияи қонуни Палатаи ҳисоби Тоҷикистон, усулҳои асосии Конвенсияи Лима аз соли 1977 мадди назар гирифта шуда ва дар кори ин ниҳод низ ин принсипҳо муроот хоҳанд шуд.

ОЁ ПАЛАТАИ ҲИСОБ МУСТАҚИЛ ХОҲАД БУД?

Аммо чанд суол ҳамчунон матраҳ ва бепосух боқӣ мондааст. Яке ин, ки оё дар салоҳиятҳои Оҷонси назорати молӣ бознигарӣ хоҳад шуд? Дигар ҳам ин, ки оё Палатаи ҳисоб дар воқеъ мустақил хоҳад буд ва Тоҷикистон оё хоҳад тавонист кайфияти кори онро ба меъёрҳои байналмилалӣ, ки даъво дорад, мутобиқ кунад?

Давлатмурод Ҷумъаев, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, дар ҳоле, ки тақсимоти шохаҳои ҳокимият ба сурати мувозин сурат нагирифта бошад, кори Палатаи ҳисоб муассир нахоҳад буд. Ӯ мегӯяд, таъсиси Палатаи ҳисоб тақлид ба низоми Русия аст, аммо дар он кишвар то ҷое шохаҳои ҳокимият мустақил ҳастанд, вале шароити Тоҷикистон, ки шохаҳои қудрат ва тасмим дар як ниҳод ҷамъ шудаст, таъсиси ин ниҳод ҳамчунон намоишӣ хоҳад буд.

"ХОҶА БОҒ ДОРӢ, ДОРАМ."

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ин коршиноси тоҷик, Тоҷикистон ба андозаи кофӣ мутахассисоне, ки битавонанд кори ин Палатаро мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷорӣ кунанд, надорад. Оқои Ҷумъаев мегӯяд: «Муассирияти фаъолияти ин Палата шубҳаовар аст. Зеро шохаҳои қудрат дасти як нафар аст ва як тараф ҳамаи тасмимҳоро қабул мекунад. Ва дуввум барои фаъол кардани низоми муҳосибавии Палата, мо ба мутахасиссони сатҳи байналмилалӣ ниёз дорем. Шояд ин палата баъди 20 ё 30 сол, ки ниҳодҳои ҷомеаи демократӣ фаъол шуданд, муассир шавад. Аммо ҳоло «хоҷа боғ дорӣ, дорам.»

РАИС, МУОВИНИ РАИС ВА 7 САРАУДИТИ ПАЛАТАИ ҲИСОБ

Раис, муовини раис ва панҷ аудити Палатаи ҳисоби Тоҷикистон аз сӯи раиси ҷумҳур пешниҳод ва аз ҷониби парлумон ба мансаби худ таъйин мешаванд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон музди кори моҳонаи кормандони Палатаи ҳисобро таъйин мекунад. Раис, муовини раис ва ҳафт аудитори Палатаи ҳисоб аз масъунияти ҳуқуқӣ бархӯрдор хоҳанд буд. Як нафар бар асоси қонун бештар аз ду навбат ҳуқуқи узвияти Палатаи ҳисобро нахоҳад дошт.

Раиси палатаи ҳисоб касе хоҳад шуд, ки бештар аз 35 сол ва таҳсилоти ҳуқуқӣ ё иқтисодӣ дошта бошад ва забони давлатиро бидонад. Панҷ аудитори ин ниҳоди молӣ низ бояд ҳамин мушаххасотро доро бошанд. Акнун интригаи чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон мушаххас шудани ҳамин ҳафт ном хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG