Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози пажӯҳиши пиряхҳо дар Тоҷикистон


Тоҷикистон пас аз фурӯпошии шӯравӣ барои аввалин бор ба омӯзиши пиряхҳо шурӯъ кардааст.

Хадамоти обуҳавошиносии ҷумҳурӣ барои ин омӯзиш ва баррасӣ, экспедитсияеро шомили 5 нафар муттахассис ташкил карда пардохти масрафоти ин экспедитсияро бар дӯши худ гирифтааст. Ин экспедитсия Скогаҷ ва Гарма ном дорад, ки марбут ба номи пиряхҳои Скогаҷ ва Гарма аст, ки дар саргаҳи ҳавзаи рӯдхонаи Вахш қарор доранд.

ПИРЯХҲО ПАЖӮҲИШ МЕШАВАНД

Маҳмад Сафаров, директори ҳадамоти Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон дар робита ба самтҳои фаъолияти ин экспедитсия дар гуфтугӯ бо Радио Озодӣ гуфт: «Экспедитсия аксбардориҳои топографиро дар мисоли ин 2 пирях анҷом дода бар замми ин тавассути компютерҳои дастгоҳҳои махсус ба моҳвораҳо пайваст шуда вазъи пиряхҳоро аксбардорӣ мекунанд ва дар муқоиса бо вазъи солҳои пешин тағйирот дар ин пиряхҳоро меомӯзанд. Ҳоло мо аз минбарҳои баланд мегӯем, ки пиряхҳои мо ба далели болои онҳо нишастани ҷангу ғубори хеста аз ҳавзаи Арал зуд об мешаванд. Ин иддаоҳо умумианд. Мо ҳоло наомӯхтаем, ки ин чангу ғубор меоянд. Ба ҳамин далел ин масъалаҳо таҳқиқ мехоҳанд.»

Ҷаноби Сафаров гуфт, ки ба илова ба назари мутахассисони мо, тез обшавии пиряхҳо ва ё кам шудани ҳаҷми онҳо аз боришоти кам таъсири саноат, гармии глобали ва антропологи (таъсири инсон) низ вобастагӣ дорад.

АДАМИ ҲАМКОРИИ НИҲОДҲОИ ЗИНАФЪ

Раиси Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон гуфт, ки давлат бар асоси суханони президент Раҳмон аз минбари СММ дар мавриди таҳқиқи пиряхҳо барнома давлатиеро барои ҳифзи пиряхҳо то соли 2030 тасвиб кардааст. Ин экспедитсия ба қавли вай як бахши ҳамин барномаи давлатӣ аст. Директори маркази бодуҳавошиносии Тоҷикистон изҳори таассуф кард, ки ҳеҷ як вазорату корхонаи зинафъ, аз ҷумла вазорати саноеъ ва энержӣ, вазорати обу мелиоратсия, ҳатто Фарҳангистони улуми Тоҷикистон дар ин экспедитсия ҳамроҳ нашуданд.

Аммо Зайниддин Мусоев, устоди донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, ки пиряхшинос асту дар ин бора ҷанд китоб таълиф кардааст, дар гуфтугӯ бо Радио Озоди гуфт, ки вай алоқаманди ҳамкорӣ бо ин экспедитсия буд вале ӯро ба ин кор ҷалб накардаанд.

ОЁ ПАЖӮҲИШ НАТИҶАЕ ХОҲАД ДОД?

Вай гуфт, роҳбарияти ин экспедитсия ба пиряхҳои Скогаҷ ва Гарморо доктори илми тиб бар ӯҳда дорад, на геологу на табиатшинос. Ба ин далел ҷаноби Мусоев интизории зиёде аз натиҷаи ин экспедитсия надорад бо вуҷуди ин вай афзуд: «Агар аксҳои моҳвораи солҳои каблиро даст дошта бошанд ва бо аксҳои гирифтаашро муқоиса кунанд ва ё як пиряхро неву якчанд пиряхи дорои ҳамин ҳислатҳои омӯзиши доштаро интихоб кунанду муқоисаи дақиқ анҷом диҳанд, натиҷае ба даст ҳоҳанд овард.»

Ин дар ҳолест, ки ин экспедитсия бар асоси омӯзиши ду пирях -Скогаҷ ва Гармо сурат мегирад. Зайниддин Мусоев далели зуд об шавии пиряхҳоро чунин тавзеҳ дод: «Сабаб гармои сартосарӣ, сабаби дигар ифлосшавии сатҳи болои пирях, ки ба далели ифлосии нури офтобро инъикос накарда балки фурӯ мебарад ва обшави шиддат мегирад.»

ТАҲДИДИ ОБШАВИИ ПИРЯХҲО


Ин дар ҳолест, ки пиряхҳои Тоҷикистон ҳудуди 30-40 дарсади захираҳои оби минтақаро ташкил мекунад. Обшавии зуди ин пиряхҳо, ки сарчашмаи аслии оби ошомиданӣ ва захираи энержии минтақа ва ҷаҳон ҳастанд мояи нигаронии на танҳо макомоти Тоҷикистон, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ низ боқӣ мондааст. Ба ҳамин далел буд, ки охиран президент Раҳмон ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳқиқ ва баррасии вазъи пиряхҳои Тоҷикистон даъват кард. Ба эътиқоди таҳлилгарон, экспедитсияи омӯзишии пиряхҳои Скогаҷ ва Гармо, ки Хадамоти обу ҳавошиносии Тоҷикистон ташкил кардааст, барои ҳалли ин мушкили сартосари нокофӣ аст ва дар омӯзиши пиряхҳо бояд ниҳодҳои пажӯҳишии саршиноси ҷаҳон саҳм бигиранд.

Зеро ба гуфтаи таҳлилгарон, зуд об шавии пиряхҳо ба коҳиши оби чашмаву рӯдхонаҳо ва биёбоншавии марғзору ҷангалҳо мунҷар ҳоҳад шуд.Дар ҳоле, ки бино ба иттилои бархе аз марокизи пажӯҳишӣ, тез об шавии пиряҳҳо дар Осиёи Марказӣ ба далели чангбоди ҳеста аз минтақаи хушкшудаи Арал сурат мегирад. Ин чангбодҳо дар таркиби худ намаки зиёд доранд ва ин намак боиси тез обшавии пиряхҳо мешавад. Ба гуфтаи ҳамин марокизи пажӯҳишӣ, имкон дорад дар даҳсолаҳои оянда аз ҳисоби коҳиши ҳаҷми пиряхҳо, захираи оби рӯдхонаҳои Тоҷикистон то 30 дарсад коҳиш ёбад.
XS
SM
MD
LG