Ҳомидҷон Ибодов, ёвари аршади додситони низомии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ба муҷарради таҳияи айбномаи ниҳоӣ, ин парванда ба додгоҳ ирсол хоҳад шуд.
ОМИЛИНИ ҲАМЛА КИҲО БУДАНД?
Бар асари ин шабехун дар таърихи 19-уми сентябри соли 2010 дар Камароби ноҳияи Рашт, дастикам 28 сарбозу афсар кушта шуданд. Мақомот гурӯҳҳои мусаллаҳи Алии Бедакӣ ва Мулло Абдуллоро масъули ин ҳамла номида, ба амалиёти саркӯбии ин гурӯҳҳои фаъол дар водии Рашт пардохтанд. Алии Бедакӣ дар моҳи январ ва Мулло Абдулло дар моҳи апрел дар ҷараёни амалиёти вижаи мақомоти қудратӣ кушта шуданд.
Аммо то ҳамин акнун, мақомоти тафтишотӣ, муттаҳамин ва афроди мазнун ва гумонбар дар ин қазияро боздошт карданд. Дар пайи ин ҳодиса мақомоти додситонии Тоҷикистон ба бозпурсии афроди Мирзохӯҷа Аҳмадов, аз фармондеҳони дигари собиқи мухолифин дар водии Рашт, шурӯъ кардаанд.
Олим Одилов, аз нафарони Аҳмадов ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки онҳоро асосан дар робита ба ҳамлаи рӯзи 19-сентябр дар Камароб, ки 28 сарбози артишро кушта ба ҷо гузошт, бозпурсӣ мекунанд. Мақомот дар оғоз дар баробари фармондеҳони собиқ Аловиддин Давлатов ва Абдуллоҳ Раҳимов, Мирзохӯҷа Аҳмадовро низ ба даст доштан дар шабехуни Камароб айбдор карданд. Вале баъдан Аҳмадов бо 31 нафар аз тарафдоронаш ба тарафи ҳукумат гузашт ва афроди ӯ чанд мил аслиҳаро ҳам ба мақомот таслим кардаанд.
МУТТАҲАМИНРО ЧӢ ҶАЗОЕ ИНТИЗОР АСТ?
Аммо бо ин вуҷуд, ки гумонбари асосии ҳамла ба корвони вазорати дифоъ Аловуддин Давлатов ва Мулло Абдулло кушта шуданд, тафтишот ҳамакнун ба кори худ анҷом додааст. Ҳоло маълум нест, ки чанд нафар бо иттиҳоми мушорикат ва ё ҳамдастӣ дар ин амалиёт боздошт шуда ва низ онҳоро чӣ ҷазое интизор аст.
Аммо як нафар аз вакилони дифоъ, ки нахост номаш бурда шавад гуфт, ки афроди зиёде дар иртибот ба ин қазия дастгир шудаанд ва эҳтимол меравад бештари онҳо дар афви ба муносибати 20-солагии истиқлолияти давлатӣ, озод шаванд.
Вале он идда аз афрод, ки мустақим ба ин гурӯҳҳо ҳамкорӣ доштаанд гумон аст, ки аз чунин шафқати давлат бархӯрдор шаванд. Ин ҳам дар ҳолест, ки додгоҳҳо дар Тоҷикистон умдатан ҳарфу ҳиҷои мақомоти тафтишотро такрор ва иттиҳомоти эълонкардаи онҳоро таъйид мекунанд.