Аз 2-юми майи соли ҷорӣ, аз замони куштори Усома дар шаҳраки Аббитобод, то ҳол се хонум ва чанд фарзанди вай дар зиндоне дар Покистон нигаҳдорӣ мешаванд.
Мақомоти ин кишвар мегӯянд, ки онҳо мехоҳанд аъзои хонаводаи Усомаро ба ватани аслиашон бифиристанд. Аммо дар марҳалаи кунунӣ онҳо дастур додаанд, ки фиристодани бастагони бин Лодин ба ватанашон бидуни иҷозаи мақомот сурат нагирад.
Бино ба гузориши матбуоти Покистон, вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти кашфи Покистон шоми рӯзи сешанбе дастуре содир кардаанд, ки бастагони Усома бин Лодин бидуни иҷозаи онҳо ба ватанашон фиристода нашаванд. Се хонуми Усома, аз ҷумла ҷавонтарини он Амал Аҳмад ал-Сада ва дастикам 6 нафар фарзандони Усома дар боздоштгоҳи кашфи Покистон ба сар мебаранд. То ҳол рӯшан нест, ки оё хадамоти нирӯманди кашфи Покистон пешниҳодҳои кумиссиюни вижаи расидагӣ ба парвандаи куштори Усомаро дар бораи фиристодани аъзои хонаводаи вай ба зодбуми ба эътибор хоҳад гирифт ё хайр. Ду хонуми Усома шаҳрвандони Арабистони Саудӣ ва Сада-ҷавонтарни хонуми вай аз Яман мебошанд.
Дар охири моҳи июн дар Покистон хабарҳо ба нашр расид, ки Сада «дар рӯзҳои наздик» Покистонро тарк хоҳаад кард. Бино ба хабарҳои матбуоти Покистону Яман, гӯё миёни мақомоти расмии Яману Покистон дар бораи бозгардонидани хонум Сада ва духтари хурдии вай ба Яман ба тавофуқ расидаанд.
Тибқи гузоришҳо, Сада дар ҷараёнии амалиёт ҷароҳат бардоштааст ва дар Покистон муолиҷа гирифтааст. Кумиссиюни расидагӣ ба куштори Усома бин Лодин аз 4 нафар иборат аст ва раҳбарии онро Ҷовид Иқбол-қозии Додгоҳи Олии Покистон бар ӯҳда дорад. Як ҷо бо масоили дигар ба ин масъала низ расидагӣ мешавад, ки чӣ тарз ба террористи рақами яки ҷаҳон муяссар шудааст, то дар Аббутобод дар паҳлӯи Академияи низомии Покистон паноҳ бибарад.
Ин кумиссиюн ҳамчунин ба шароити анҷоми амалиёти нирӯҳои вижаи Амрико расидагӣ хоҳад кард, ки сабаби куштори Усома шудааст. Тибқи як хабари матбуотӣ, ки шоми сешанбе дар Покистон мунташир шуд, вазифаи кумиссиюн аз он иборат будааст, ки ҳузури Усома бин Лодин дар хоки Покистонро бо далелҳо нишон диҳанд, ба шароити анҷом амалиёт ва далоили он расидагӣ кунанд ва пешниҳодҳои худро пешкаш намоянд.
Ин амалиётро нерӯҳои вижаи Амрико бидуни дар ҷараён гузоштани ҷониби Покистон анҷом доданд ва чунин равиш хашми Исломободро барангехт. Покистон онро нақзи тамомияти арзии худ арзёбӣ кард. Аз сӯи дигар ифшо шудани Усома дар Аббитобод шаку тардидҳоеро дар Амрико ба бор овард, ки мумкин аст баъзе аносир дар кашфи низомии Покистон бо раҳбари Ал-Қоида барои пайдо кардани пинҳонгоҳ ҳамкорӣ мекарданд. Бо вуҷуди ин, мақомоти Амрико мегӯянд, ки онҳо нишонаҳои ҳамкории раҳбарони аршади низомӣ ё мулкии Покистонро дар пинҳон кардани бин Лодин мушоҳида накардаанд.