Азиз валади Соҳиб, шаҳрванди 22-солаи Афғонистон дар пайи як даргирӣ дар марз дастгир ва аз ӯ 16 кило ҳероин ва 24 килограмм афюн мусодира карда шуд.
Офоқ Қодириён, сухангӯи раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, зимни тасдиқи ин иттилоъ ба Радиои Озодӣ гуфт: «Аз ҷониби кормандони шӯъбаи тафтишотии раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон нисбат ба Азиз валади Соҳиб, шаҳрванди Афғонистон, вилояти Кундуз, деҳаи Имом Соҳиб, парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, ҳоло тафтишоти пешакӣ ҷараён дорад…»
Дар ҳамин ҳол, Азиз валади Соҳиб иддао дорад, ки вай бори нахуст ба қочоқи маводи мухаддир даст задааст, дар ҳоле ки ба истилоҳ, кордеҳони ӯ, «собиқадор» будаанд. Вай дар як сӯҳбати кӯтоҳ бо Озодӣ гуфт, ки дар кишвари худ аслан ба кишоварзӣ машғул буда, бо роҳи фиреби гурӯҳи қочоқбарон марзи Тоҷикистонро ғайриқонунӣ убур кардааст.
Азиз валади Соҳиб мегӯяд: «Ман як одами бесавод ҳастам. Ҳамдиёронам ба ман гуфтанд, ки биё, маводи мухаддирро ба Тоҷикистон барем, онро фурӯхта пул ба даст меорем ва ҳарчи мехоҳӣ, бароят медиҳем. Вақте ба сарҳад расидем, ҳамраҳонам гуфтанд, ки дар ин минтақа ту пеш баро. Ман пеш омадам, хато хӯрдам. Маро дастгир карданд. Ҳамраҳонам номардӣ карданд, фирор карданд. Ҳоло албатта, пушаймон ҳастам…»
Ва аммо яке аз фарзияҳои тафтишоти муқаддамотӣ ин аст, ки нафари боздоштшуда аз аъзои гурӯҳҳои ҷиноии қочоқбарони фаромиллӣ будаааст. Ин дар ҳолест, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Хатлон дар чанд моҳи ахир дастикам 5 чунин гурӯҳи созмонёфтаро кашфу безарар кардаанд.
Муслиҳиддин Мардонов, корманди масъули ожонси зидди маводи мухаддир дар вилояти Хатлон, бо тасдиқи ин хабар гуфт, аз он ҷумла ду гурӯҳи созмонёфтаи қочоқбар аз шаҳрвандони Афғонистон иборат буда, дар ҳамкорӣ бо шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳамлу нақли маводи мухаддир тавассути марзи Тоҷикистон ба Русия ва дигар кишварҳо сарукор доштаанд. Ба иқрори ҷаноби Мардонов, «ҳоло ҳам дар қаламрави вилояти Хатлон гурӯҳҳои муташаккили қочоқбар ҳастанд ва мубориза барои дастгир намудану ба маҳкама кашондани онҳо идома дорад».
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иддаои коршиносон, дар миёни кормандони ниҳодҳои интизомӣ ва қудратии кишвар афроди мусоидаткунанда ва ҳамдасти гурӯҳҳои созмонёфтаи қочоқбар низ ҳастанд.
Боқӣ Абдуллоев, аз собиқадорони Ожонсии зидди маводи мухаддири кишвар, ҳадс мезанад, ки баъзан ин гурӯҳҳои созмонёфтаи байналмилалӣ бо мусоидат ва пуштибонии иддае аз кормандони ниҳодҳои қудратӣ маводи мухаддирро гардиш медиҳанд: «Ҳар як гурӯҳи муташаккил дар дохили Тоҷикистон бо қочоқбарони Афғонистон робитаи зич доранд. Бо рахна кардани марзу буми Тоҷикистон, ба Русия, Қазоқистон ва дигар ҷумҳуриҳои ҳамсоя маводи мухаддирро кӯшиш мекунанд, ки интиқол диҳанд. Албатта, ҳар як гурӯҳи созмонёфтаи қочоқбар, ки ба қайд гирифта шуд, ҷиддан таҳқиқ мешавад, ки ҳомиёни чунин гурӯҳҳо киҳоянд, аз ҷониби кӣ пуштибонӣ меёбанд…»
Соли гузашта додгоҳи ҳарбии Хатлон ду афсари нерӯҳои марзбониро барои ҳамдастӣ бо гурӯҳҳои трансмиллии қочоқбар ба 17 ва 12 соли зиндон маҳкум карда буд.
Ахиран додгоҳи Кӯлоб низ 7 сокини шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Шӯроободро барои ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои қочоқбари маводи мухаддир аз Афғонистон, барои аз 8 то 13,5 сол маҳкум ба зиндон кард.
Танҳо дар соли ҷорӣ мақомоти милиса беш аз як тоннаю 300 кило маводи мухаддирро кашф карда, аз 510 мавриди муомилаи ғайриқонунии маводи мухаддир ҷилавгирӣ намудаанд. 12 ҳодисаи ба истилоҳ «бебарор»-и убури марз ё қочоқи маводи мухаддир бо ширкати шаҳрвандони Афғонистон сурат гирифтааст.