Бар асари ин бенизомиҳо дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб зимни бозии дастаҳои «Истиқлол» ва «Равшан», 27 нафар, аз ҷумла 9 корманди милиса ҷароҳат бардоштанд.
Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ, сухангӯи ҳукумати шаҳри Кӯлоб дар робита ба қазияи боздошти се нафари мазнун дар ташкили бенизоимиҳо гуфт: «Се нафар дар робита ба он ҳодисаҳо айни замон, бо моддаи 237 қисми 2, яъне авбошӣ боздошт шудаанд. Ва нисбати онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.»
АЙБ ДАР ОШ АСТ Ё ДАР МОШ?
Ҳоло маълум нест, ки муҷозоти ин се нафар чӣ хоҳад буд, зиндон, ҷарима ё ҳабси шартӣ. Аммо дар натиҷаи бенизомиҳои рӯзи 14-уми июни шаҳри Кӯлоб, ба иловаи 27 нафар шахси маҷрӯҳ, воситаҳои нақлиёти зиёде зарар дида, сокинони биноҳои атрофи варзишгоҳ аз шикаста шудани тирезаҳои хонаҳояшон шикоят кардаанд.
Шоҳидони айнӣ мегӯянд, байни мухлисони футбол ва нерӯҳои умури дохилӣ бархӯрд шуда ва барои пароканда кардани мухлисони ошӯбгар, кормандони милиса аз таркишҳои тарсонанда ва мошини обпош истифода кардаанд.
Мухлисони "Равшан"-и Кӯлоб кормандони умури дохилиро масъули пеш омадани вазъият номида, аз он норозӣ буданд, ки ба ақидаи онҳо, дар бозиҳои даста бо "Истиқлол", ки писари раисиҷумҳур Рустами Эмомалӣ, яке аз сарпарастони он аст, доварон ба суди "Истиқлол" доварӣ кардаанд.
Федератсияи футболи Тоҷикистон баъд аз баррасии рӯйдод дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб, "Равшан"-и Кӯлобро аз панҷ бозӣ дар ин варзишгоҳ маҳрум ва ба 3000 сомонӣ ҷарима карда буд.
ГУСТАРИШИ БЕНАЗМИҲО АЗ КӮЛОБ ТО ДУШАНБЕ
Аммо боз ҳам идомаи таҳаввулот дар атрофи ин ҳаводис ба рағми интизори мақомот анҷом гирифт. Дар ду рӯзи пеш, ба думболи анҷоми бозии футболи «Равшан» ва «Помир», боз ҳам мухлисони футбол ба хиёбон, аммо ин навбат ба хиёбони Неъмат Қарабоеви пойтахт рехтанд ва боз ҳам мошиншиканӣ ва боз ҳам бархӯрд бо ОМОН сурат гирифт.
Коршиносон мегӯянд, ин ҳол паёмади дуруст арзёбӣ нашудани ҳодисаи Кӯлоб буд ва агар ин таҳаввулот ҳоло ҳам ба дурусти решаёбӣ нашавад, метавон интизори инкишофи бештари онро дошт.
Раҷаби Мирзо, таҳлилгар ва рӯзноманигори тоҷик мегӯяд: «Мо ҳоло намедонем, ки ҳамин ҳукумат чӣ мехоҳад, оё дар воқеъ мехоҳад сабабҳои аслии ин ҳодисаро бифаҳмад ё не. Ин иттифоқ наметавонад, ки бидуни вокуниши манфӣ ё мусбат боқӣ бимонад. Аз ин минтақа ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ доим чашминтизори кадом таҳаввуле ҳастанд, аммо ҳукумат чунин вонамуд мекунад, ки гӯё ҳиҷ иттифоқе науфтодааст.»
ОЁ МАҚОМОТ МАСЪАЛАРО ҶИДДӢ ГИРИФТААНД?
Бояд гуфт, ба думболи ҳодисаи рӯзи 22-юми июн, 44 нафар ба иттиҳоми бетартибии оммавӣ боздошт шудаанд. Ҳоло роҷеъ ба сарнавишти ин афрод, ки чӣ муҷозоте онҳоро интизор аст, мақомот ҳарфе нагуфтаанд. Аммо зимни таҳияи ин гузориш хабар расид, ки бозии навбатии «Равшан» ва «Хайр» дар шаҳри Ваҳдат ба таъхир афтодааст. Ба гуфтаи бархе таҳлилгарон шояд мақомот акнун ба ҷиддияти масъала наздик шудаанд ва бо лавғи рӯзи бозӣ, хостанд аз як бенизомии дигар ҷилавгирӣ кунанд.
Бархе таҳлилгарон мегӯянд, қазияи бенизомиҳо дар футбол аз доираи варзиш гоме фаротар рафта ва ба як усули баёни эътироз табдил шудааст. Эътирозе, ки ҳам мақомот ва ҳам маҳофили сиёсӣ онр ҳанӯз нодида гирифтаанд, аммо лағви бозии футболи «Хайр» ва «Равшан» аз афзоиши нигаронии мақомот дарак медиҳад.