Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақвияти мубориза бо бегонаситезӣ дар Маскав


Чунин ба назар мерасад, ки шаҳрдори Маскав мубориза бар зидди бегонаситезиро тақвият мебахшад.

Шаҳрдорӣ эълон кардааст, ки барномаи нави мубориза бо тундгароиву бегонаситезӣ ба нооромиҳои моҳи декабри соли гузашта ихтисос дорад, ки як гурӯҳи ростгарои миллатгаро ба роҳ андохта буд. Бо назардошти чунин барномаҳо ҳоло коршиносон мегӯянд, ки шаҳрдори нав Сергей Собянин мехоҳад бештар аз Юрий Лужков-шаҳрдори пешин дар ин самт фаъолияташро густариш диҳад.

Нооромиҳое, ки дар поёни соли гузашта дар Маскав миллатгароёну бегонаситезон ба роҳ андохтанд, шаҳрдори Маскавро водор сохт, ки барои мубориза бо ин падида як барномаи хуб сармоягузоришударо рӯи даст бигиранд. Ин барнома бо арзиши тақрибан 4 миллион доллар зери шиори “Аз нажодпарастӣ ҳимоят накунед”, анҷом мегирад.

Ба он баргузор кардани сӯҳбатҳои “Мизи гирд”, роҳандозии сомонаи интернетӣ ва таҳияи 6 филми мустанад дар бораи фарқиятҳои фарҳангӣ дохил мешавад. Ҳафтае, ки гузашт, Собянин ин барномаро имзо кард ва чунин равиши вай аз Юрий Лужков-шаҳрдори пешин фарқ дорад. Фаъолони ҳуқуқи башар аз Лужков барои камфаъолиятиаш дар ин самт ҳамеша интиқод мекарданд.

Дмитрий Орлов-мудири кулли Ожонсии равобити сиёсиву иқтисодии Русия мегӯяд, нооромиҳои миллатгароён дар майдони Манеж дар наздикии Кохи Кремл дар моҳи декабр мақомотро водор кард, ки ин масъаларо нодида нагиранд: “Ба назари ман мақомот ба таври ҷиддӣ аз рӯйдодҳои Манеж нигаронанд ва зарурати боло бурдани таҳаммулпазирӣ ва коҳиши ташаннуҷи байни миллатҳоро дарк мекунанд."

Моҳи апрели соли ҷорӣ додгоҳи Маскав фаъолияти “Ҷунбиши зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ”-ро мамнуъ эълон кард. Ҳафтаи гузашта баъд аз куштори сарҳанги собиқи артиши Русия Юрий Буданов дар Маскав, хатари хушунатҳои миллиро бештар кард. Миллатгароёни рус дар соли 2003 Будановро баъд аз куштори як духтари чечен қаҳрамон эълон карда буданд. Вай соли 2008 пеш аз вақт аз ҳабс раҳо шуд. Миллатгароён талош доштанд, барои поси хотираи Буданов дар майдони Манеж тазоҳурот баргузор кунанд. Вале полис даҳҳо нафари онҳоро боздошт кард.

Муҳаммад Амин-раиси муҳоҷирони Русия аз ташдиди муборизаи шаҳрдорӣ бо бегонаситезӣ ситоиш кард, вале гуфт: “Дар пойтахти Русия сатҳи бегонаситезӣ баланд аст. Ҳама онро медонанд, лату кӯб, куштор ва азияту шиканҷа доманаи густарда дорад. Ғайр аз ин, иттилоърасонӣ дар миёни ҷавонон маҳдуд аст.”

Александр Верховский-раиси Маркази таҳлиливу иттилоотии мавсум ба “Сова” дар Маскав низ ин гуфтаҳоро таъйид мекунад, вале ҳушдор медиҳад, ки дар гузаштаҳо барномаҳои мубориза бо бегонаситезӣ самара надода буд, зеро ин барномаҳо мисли барномаи кунунӣ маблағгузорӣ намешуд. Вале вай меафзояд: “Ман фикр намекунам, ки он ба таҳаммулпазирӣ ҳеҷ таъсире нахоҳад дошт, зеро агар касе касеро дӯст надорад, ин бад-он маъно нест, ки вай хуб намехонад ё рақс намекунад. Ин комилан чизи дигар аст.”

Бино ба маълумоти “Сова”, соли ҷорӣ дар Русия 11 нафар ба дасти бегонаситезон кушта шудаанд ва созмонҳои ҳуқуқи башар мубориза бо миллатгароиву бегонаситезӣ дар Русияро кофӣ намедонанд.
XS
SM
MD
LG