Ин ширкат зимни даъвои худ, хостори ситонидани беш аз 50 ҳазор сомонӣ аз ин афрод шудааст.
Ба гуфтаи ин ширкат, муҳоҷирони кории тоҷикистонӣ, ки дар асоси шартнома ба Русия интиқол ёфта буданд, бояд давоми 6 моҳ аз ҳисоби маошашон маблағи роҳкироро ҳам пардохт мекарданд.
Қурбоналӣ Имомов, яке аз 11 нафар муҳоҷироне аст, ки «Тоҷикавиатур» аз болои шикоят кардааст, мегӯяд, онҳо интизори пардохти маоши ду моҳаи худ аз ҷониби ширкати корфармо ҳастанд. Имомов меафзояд, охирҳои соли 2010 вақте онҳо бо кӯмаки ширкати «Тоҷикавиатур» ба мардикорӣ ба Русия мерафтанд, дар эълонҳои ин ширкат зикр гардида буд, ки интиқоли коргарон ройгон аст: «Даво доранд, ки маблағи билети моро аз ин тараф ва аз он тараф диҳед, агар мо пул медоштем даъвои маоши худро намекардем.»
Ин 11 мардикори муттаҳам моҳи феврали соли ҷорӣ ба Додситони кулл бо ҳадафи ситонидани ҳаққи маоши ду моҳаашон шикоят бурда буданд ва додситонии кулл ҳукм ҳам баровард, ки «Тоҷикавиатур» ва ширкати русӣ, яъне корфармое дар қаламрави Русия аз нерӯи кори муҳоҷирон истифода кардааст, дастмузди муҳоҷиронро бипардозанд.
Дар ҳамин ҳол яке аз масъулони ширкати «Тоҷикавиатур» ки нахост номаш ифшо шавад, мегӯяд, пардохти маблағи роҳкиро аз тарафи шаҳрвандони кишвар ҳатмист. Ба гуфтаи вай, бори аввал нест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бо нияти кор ба хориҷ мебаранд ва дар чунин ҳолат қарор мегиранд. Ба гуфтаи вай, аксарияти шаҳрвандони бекор бо ҳадафи он, ки ройгон ба Русия раванд, тавассути ин ширкат мераванд. Аммо баъди ду-се моҳи кор, роҳи фирор пеш мегиранд.
Ширкати «Тоҷикавиатур» тавассути додгоҳ аз Эмомалӣ ном муҳоҷири корӣ, ки бо кӯмаки "Тоҷикавиатур" ба Русия интиқол ёфта буд, 4 ҳазору 725 сомонӣ талаб дорад. Вале Эмомалӣ мегӯяд, ки ӯ имкони пардохти ин миқдори маблағро надорад: «Моро ба Русия бурданд, ба қайд гиритфанд, корро сар кардем. Дар байни як моҳ ҳамагӣ панҷ ҳазор русӣ дода гуфтанд, ки баъд дигарша медиҳем. Ҳоло акун моро қарздор карданд.»
Ба гуфтаи ҳуқуқшиносон, муҳоҷироне ки дар банди бозорҳои сиёҳи корӣ меафтанд, пеш аз ҳам бояд, ки санадҳои эътимоднок дошта бошанд то ҳуқуқи худро тавассути қонун талаб кунанд.Дар ҳоле, ки 11 нафар муҳоҷири тавассути "Тоҷикавиатур" ба Русия ба кор рафта мегӯянд, ки онҳо ба таври шифоҳӣ барои кордар Русия мувофиқат кардаанд, аммо масъулини "Тоҷикавиатур" мегӯяд, ки дар вақти рафтан ба Русия, байни ширкат ва коргарон шартнома баста шудааст ва дар он ҷо навишта шудааст, ки давоми 6 моҳ аз ҳисоби кори шаҳрвандон роҳкиро пардохт карда мешавад. Аммо шаҳрвандон ин талаботи санадро рад мекунанд.
Раҳматилло Зоиров, ҳуқуқшиноси саршиноси кишвар мегӯяд, ки ширкатҳои Тоҷикистон дар асоси санади ҳамкорӣ бо ширкатҳои хориҷ ҳамкорӣ доранд ва дар санадҳои ҳамкории онҳо ҳатман навишта шудааст, нерӯҳои корӣ ба чӣ шакле ба маҳалли кор фиристода мешаванд.
Ҷаноби Зоиров мегӯяд, ки ҳоло ҳам ин муҳоҷирон фурсати ҳимояи худро доранд. Ба ширкати русие, ки бо ширкати тоҷикӣ ҳамкорӣ доштанд муроҷиа кунанд ва бо санади шартнома шинос шаванд, ки дар онҷо чӣ гуфта шудааст.
Ба гуфтаи оқои Зоиров, ҳар як шаҳрванд қабл аз он, ки шартномаи ҳамкориеро имзо мекунад, санадро бояд ба ягон ҳуқуқшинос нишон диҳад ва агар ин санад манфиатҳои ӯро ҳимоят накунад, аз он сарфи назар намояд.
Аз эҳтимол дур нест, ки мушкили 11 муҳоҷири мазкур фақат як муште аз хирвор бошад ва тавре коршиносон мегӯянд, сарфи назар аз кӯмаки ширкатҳову хадамоти давлатӣ, ҳар нафаре бояд бубинад, ки дар чӣ санаде имзо мегузораду вазифааш аз чӣ иборат асту ӯ чӣ имтиёз хоҳад дошт.