Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз Аврупо, ки рӯзи душанбе оғоз шуд, идома дорад ва ӯ имрӯз вориди шоҳигарии Люксембург мешавад ва сипас бо мақомоти баландпояи ин кишвар дидору гуфтӯгу хоҳад кард.
Интизор меравад, зимни боздиди ӯ аз Бонки Сармоягузори Аврупо чанд қарордод дар бораи сармоягузории тарҳҳои энержӣ дар Тоҷикистон имзо шавад. Рӯзи душанбе Эмомалӣ Раҳмон дар Кумитаи равобити хориҷӣ ва зеркумитаи ҳуқуқи инсони порлумони Аврупо доир ба вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон дар кишвараш бо вакилони аврупоӣ табодули назар кард.
Бино ба навиштаи бархе аз расонаҳои хабарӣ, вакилони Порлумони Аврупо аз изҳороти раисиҷумҳури Тоҷикистон ва посухҳои ӯ ба пурсиши вакилон қонеъ нашуда ва бардошти умумии онҳо аз ин мулоқот гуногун аст.
Дар ин бора сӯҳбате доштем бо хонум Никол Кил Нейлсен, вакили Фаронса дар Порлумони Аврупо ва нахуст таассуроти ӯро аз суханрониҳои раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон пурсон шудем:
Никол Кил Нейлсен: “Таассуроти умумӣ, ки ман аз мулоқот бо президент Раҳмон ҳосил кардам ин аст, ки аҳолии Тоҷикистон рӯзҳои сахтеро таҷруба мекунанд ва мардуми он дар ростои бӯҳрони шадиди ғизоӣ қарор доранд. Нархи маводи ғизоӣ ба шиддат боло меравад ва ин ҳолат бисёр риққатовар аст. Ба ғайр аз ин Тоҷикистон ҳамчунин мушкили воридоти маводи сӯхтро дорад. Ин як кишварест, ки нерӯи барқ дар он зуд-зуд қатъ мешавад. Ман ҳеҷ тасаввур намекардам, ки вазъияти Тоҷикистон ба ин андоза сангин аст. Ман мӯътақидам, ки ҳамкорӣ на танҳо дар ҳалли мушкилоти маводи ғизоӣ ва энержӣ, балки дар ҳалли чолишҳои амниятӣ низ зарур аст. Аз ин рӯ Аврупо воқеан ҳам ба стартегияи минтақаӣ ва ҳамкориҳои минтақаӣ манфиатдор аст.”
Радиои Озодӣ: Дар муколама бо раиси ҷумҳур асосан сари кадом мавзӯъҳо тамаркуз шуд?
Никол Кил Нейлсен: “Мо ба масоили муҳим, аз қабили озодии баён, озодии матбуот тамаркуз кардем. Албатта, дар ин кишвар мисли давлатҳои дигари минтақа корҳои бисёреро бояд анҷом дод. Ман бояд бигӯям, ки посухҳо хеле маъмулӣ буданд ва шунавандаро қонеъ намекарданд. Табъан, ки хоҳишмандии беҳбуд бахшидан ба вазъият вуҷуд дорад, тавре, ки президент Раҳмон ба мо гуфт. Ба ин тартиб мо умедворем, ки дахолати мо барои пешбурди як идда масоил кӯмак хоҳад кард.”
Радиои Озодӣ: Иттиҳодияи Аврупо дар роҳи рафъи мушкилоти мавҷуд ба Тоҷикистон чӣ гуна метавонад, кӯмак кунад?
Никол Кил Нейлсен: “Кӯмакҳои молӣ дар назаранд ва на танҳо кӯмакҳои молӣ. Пеш аз ҳама кӯмак барои ҳукуматдории хуб аст, ки пешравӣ дошта бошад. Ба назарам, мо метавонем дар мубориза бо фасодкорӣ ба Тоҷикистон кӯмак кунем, барои ҳукуматдории беҳтар, мудирияти беҳтар ва хадамоти беҳтар. Дар ин роҳ тамосҳо ва мубодилот бисёр муҳим аст. “
Радиои Озодӣ: Аз Иттиҳодияи Аврупо ва аз ҷумла Порлумони Аврупо ҳам интиқод мешавад, ки гоҳ гоҳе раҳбарони худкомаро мизбонӣ мекунанд ва Эмомалӣ Раҳмонро ҳам созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз ҷумлаи чунин раҳбарон хондаанд. Назари шумо дар ин робита чист?
Никол Кил Нейлсен: “Муҳим он аст, ки мо ҳарфи худро ба онҳо комилан ошкор мегӯем. Ҳеҷ худсонсурӣ вуҷуд надорад. Ва ба андешаи ман, муҳим он аст, ки онҳо ҳарфи дили моро мешунаванд, бахусус, вақте ки мо нақши сухангӯи ҷомеаи маданиро ва тамоми дигар созмонҳоеро дорем, ки хостори ҳуқуқи бештар ва демократияи беҳтаранд. “