Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Русия Тоҷикистонро ишғол карданӣ нест"


Ҷониби Тоҷикистон эълон кард, ки масъалаи бозгашти дубораи марзбонҳои Русия ба марзи Тоҷикистону Афғонистон матраҳ нест.

Аммо худи Русия чӣ мегӯяд ва ин кишваре, ки замоне ҳузури нерӯҳояш дар марзи Тоҷикистонро харҷи изофӣ ва дарди сар барои Русия медонист, ҳоло чӣ назар дорад?
Мо солҳои навадумро дар ёд дорем. Мо дар ёд дорем, вақте ки ҷангҳои шадиди шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон идома дошт. Агар он вақт нируҳои мусаллаҳи Русия дар он ҷо намебуданд, мо намедонистем, ки бо Тоҷикистон чӣ мешуд...


Дар мусоҳибае бо Анатолий Чехоев, сиёсатшиноси рус дар умури Осиёи Марказӣ, пурсидем, ки чаро Русия дубора ба марзи Тоҷикистону Афғонистон мехоҳад бозгардад?

Чехоев: "Эҳтимолан дар ин кор ризояти мақомоти Тоҷикистон низ ҳаст. Ба вижа, ҳоло баъд аз рӯйдодҳои Миср ё Шимоли Африқо ҳар чӣ дар Ховари Миёна мегузарад, ба эҳтимоли зиёд то андозае ба вазъ дар Афғонистону Покистон асар мегузорад. Эрон низ дар ин миён ҳаст. Ба фикри ман, дар чунин шароит ҳар кишвар ва ҳар раҳбар барои пешгирӣ аз чунин инқилобҳо, ки ҳоло ҷараён дорад, талош меварзад, то аз худ дифоъ кунад. Ба ҳамин сабаб, онҳо пеш аз ҳама хатарро дар марзҳои худ арзёбӣ мекунанд. Ин аввал. Дуввум ин ки ҳоло ба андозаи кофӣ муборизаи самарбахш бо қочоқи маводи мухаддир вуҷуд надорад ва муттаассифона, ин кор ба худ хусусияти қаввитар мегирад."

Озодӣ: Фикр намекунед, ки баъд аз хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон вазъ дар марзҳои ин кишвар бо Тоҷикистон тағйир хоҳад кард?

Чехоев: "Медонед, масъала чӣ аст? Ҳатто, агар хуруҷи Амрико аз Ветнамро муқоиса кунед бо хуруҷ аз ин минтақа, масалан аз Афғонистон, ин ду масъалаи комилан дигаргун аст. Ба назари ман, хуруҷи НАТО наметавонад он қадар зуд анҷом бигирад, он гунае, ки худи онҳо мехоҳанд. Онҳо ба соддагӣ ин корро карда наметавонанд. Имрӯз воҳидҳои НАТО танҳо шаҳрҳои бузургро зери контроли худ доранд."

Озодӣ: Ҷаноби Чехоев медонед, баъд аз ба истиқлол расидани Тоҷикистон Русия борҳо гуфта буд, ки ҳузури нерӯҳояш дар марз бо Афғонистон барои Русия гарон тамом мешавад ва Тоҷикистон худаш бояд аз марзҳояш дифоъ кунад. Ҳоло Тоҷикистон худаш марзҳояшро дифоъ мекунад. Пас, зарурати бозгашт чист?

Чехоев: "Дифоъ мекунад... Шумо медонед, ки дар чӣ шароит? Масъала ин аст, мафҳуми он марз, ки дар даврони Шӯравӣ буд ва марзҳое, ки ҳоло вуҷуд дорад, аз ҳам хеле фарқ мекунад. Ман дар Панҷ будам, дидаам, ки марз чӣ гуна буд, дар шароите ки марзбонони Русия як ҷо бо тоҷикон аз марз дифоъ мекарданд. Вале ҳамон вақт ҳам марз мисли даврони Шӯравӣ ҳимоят намешуд. Имрӯз фақат посгоҳҳои марзӣ боқӣ мондаанд, ки на дар режими контроли доимӣ, балки вобаста ба вазъ фаъолият мекунанд. Ин фарқи калон дорад, яъне контроли вобаста ба вазъ ва контроли доимӣ."

Озодӣ: Фикр намекунед, ки бозгашти Русия ба марзи Тоҷикистон, Душанберо дар чашми ҷаҳониён он гуна ҷилва медиҳад, ки гӯиё ин кишвар худаш натавонист аз марзҳояш дифоъ кунад, дар ҳоле, ки чунин нест?

Чехоев: "Мо солҳои навадумро дар ёд дорем. Мо дар ёд дорем, вақте ки ҷангҳои шадиди шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон идома дошт. Агар он вақт нируҳои мусаллаҳи Русия дар он ҷо намебуданд, мо намедонистем, ки бо Тоҷикистон чӣ мешуд. Розӣ шавед. Ин ҳамин тавр аст. Ҳоло масъала тақрибан ин тавр матраҳ мешавад, ки гӯё Русия дубора Тоҷикистонро забт ё ишғол мекунад. Вале тамоман ин тавр нест. Ман шуморо мутмаин месозам, ки имрӯз Русия он имконоти молиро, ки Иттиҳоди Шӯравӣ дошт, надорад ва Русия ба ин марзҳо талош ҳам намекунад. Бо вуҷуди ин, масъалаи ҳимоят аз марзи Тоҷикистон то андозае ҳимоят аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, ҷумҳуриҳои пешини Иттиҳоди Шӯравӣ низ ҳаст. Барои он, ки қочоқи маводи мухаддир аслан аз ин роҳ анҷом мегирад."
XS
SM
MD
LG