Моҳи феврали соли гузашта Созмони Милал бо пешниҳоди шуморе аз кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон Наврӯзро ҷашни байналмиллалӣ эълон кард.
Ҳоло барои шинохти бештару беҳтари ин ҷашн дар арсаи байналмиллалӣ тадбирҳое анҷом мегирад ва Мизи Гирди СММ роҷеъ ба Наврӯз аз ҷумлаи он ба шумор меравад.
Ин мизи гирд рӯзи 21-уми март, дар рӯзи Наврӯз, ба ибтикори давлати Тоҷикистон баргузор мешавад ва гардонандагии онро Акбар Турсон -донишманди тоҷики муқими Амрико бар ӯҳда хоҳад дошт.
Дар як гуфтугӯи телефонӣ бо Акбари Турсон аз вай дар бораи ин Мизи гирди СММ тавзеҳоти бештар хостем:
Акбари Турсон: Бо ташаббуси Тоҷикистон дар чаҳорчӯби СММ дар Ню- Йорк бо ҳузури Бан ки Мун, дабири кулли СММ ва ширкати ҳайати расмии Тоҷикистон ва аҳли ҳунари тоҷик таҷлили иди Наврӯз баргузор мегардад. Дар ҳошияи ин маъракаи байналмиллалӣ гурӯҳе аз олимон дар атрофи як мизи гирд нишаста, дар бораи мақоми фарҳангии ҷашни Наврӯз гуфтугӯ хоҳанд кард.
Суол: Бубахшед, оқои Турсон, мавзӯи гуфтугӯ дар ин Мизи Гирд чӣ аст?
Акбари Турсон: Мавзӯи гуфтугӯямон “Наврӯз ва Замин, тавофуқи фарҳанг ва Табиат” ном гирифтааст. Ин тасодуфӣ нест. Офатҳои табиӣ, аз қабили заминларза, обхезӣ, хушксолӣ ва мисли онҳо дар қитъаҳои гуногуни ҷаҳон, чунончӣ акнун дар Ҷопон ба амал омдаанд, водор мекунанд, ки на фақат ба нерӯи технолоҷӣ, балки ба қудрати фарҳанги суннатӣ низ рӯ оварем. Зеро худи инсон низ ба тағйироти ҷиддӣ дар сайёра шарик ва саҳим аст ва фақат фарҳанги волост, ки таъсири мутақобили фарҳанг ва табиатро ба тафовуқ ё армоне оварда метавонад. Одобу ойини иди Наврӯз ба ҳалли ин масъалаи доғи рӯз мусоидат карда метавонад.
Суол: Чаро шаҳриёрони пешдодӣ Каюмарсу Ҷамшед ҳангоми эълони ҷашни Наврӯз эътидол ё баробарии шабу рӯзро ба унвони асл қабул карданд?
Акбари Турсон: Сабаб ин аст, ки тамоми ҷаҳонбинӣ ва тафаккури суннатии эрониву туронӣ дар заминаи ахлоқи эътидолдорӣ бунёд афканда. Умари Хайём дар рисолаи “Наврӯзнома” талқину таъкид кардааст: “Ин олам, ки ба пой бувад, бо эътидол дар пой бувад.” Оростагӣ ҳамроҳ бо эътидол аст. Аммо дар “Шоҳнома” фикре талқин шудааст, ки имрӯз ҳам бар асари офатҳои табиӣ айни муддаост. Фирдавсӣ ба ҳақ гуфтааст: “Аз мо бар мо бади осмон” ва ба унвони мисол мусоидати обу ҳаворо ба саъю кӯшиши сулҳсозӣ дар ҷомеа зикр кардааст. Минбаъд фалсафаи эътидол дар тасаввуф ба як рукни асосии ахлоқу одобе табдил ёфт, ки эътидолдориро дар ҳама гуна кор тақозо мекунад. Аз муносибат ба якдигар гирифта, то муносибат ба табиат. Ҳам дар гуфтор, ҳам дар пиндор ва ҳам дар кирдор. Хулоса, таъсири мутақобили табиату тамадунро ҷиҳати маънавӣ танзим кардан аз вазифаҳои муҳиму мубрами замони мост.
Мавзӯи гуфтугӯ “Наврӯз ва Замин, тавофуқи фарҳанг ва Табиат” ном гирифтааст. Ин тасодуфӣ нест. Офатҳои табиӣ водор мекунанд, ки на фақат ба нерӯи технолоҷӣ, балки ба қудрати фарҳанги суннатӣ низ рӯ оварем...