Фаттоҳ Сайидов-раиси Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон гуфт, дар ҷараёни тафтишот ҳама иттиҳомоти эълоншуда алайҳи Файзулло Бобохоновро собит шудааст ва ба муҷарради тасдиқи парванда аз тарафи додситонии кулл, он барои муҳокима ва эълони ҳукм ба Додгоҳи Олии кишвар фиристода мешавад.
ПАРВАНДАИ ПУРСАРУ САДО
Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон Файзулло Бобохонов-додситони пешинаи ноҳияи Ҳисор ва писари собиқ додситони кулли Тоҷикистонро дар асоси моддаҳои 314 ва 319 -и Кодекси ҷиноии ин кишвар яъне ришвахорӣ, тамаъҷӯӣ ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ муттаҳам кардааст. Файзулло Бобохонов дар моҳи июли соли гузашта аз сӯи мақомоти интизомии кишвар дастгир шуд ва додгоҳ низ иҷозаи ҳабси ӯро содир кард.
Ҷои ёдоварист, ки падари ӯ Бобоҷон Бобохонов ибтидои ҳамон сол аз мақоми Додситони кулли Тоҷикистон барканор шуда буд ва ба ин далел бархе аз коршиносон ва аз ҷумла вакили дифои Бобохонов ифтитоҳи парванда алайҳи Файзулло Бобохоновро як амали фармоишӣ унвон додаанд.
Қиммат Розиева- як тан аз вакилони дифои Файзулло Бобохонов дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки айбҳои эълоншуда бар зидди нафари зери ҳимояти ӯ асоси воқеӣ надоранд вале масъулони Оҷонси мубориза бо фасод бидуни исботи ин гуноҳҳо аз сӯи додгоҳ ӯро аз тариқи расонаҳо гунаҳкор эълон карданд.
ЧАРО БОБОХОНОВ ҲАБС ШУД?
Хонум Розиева афзуд, ки дар ҷараёни тафтишоти ин қазия бозрасони Оҷонсӣ ҳам ӯ ва ҳам нафари ҳимояшавандаи ӯро бо ҳар роҳ зери фишор қарор додаанд. Вай гуфт ҳатто шароити нигаҳдории Файзулло Бобохонов дар боздоштгоҳи муваққатӣ низ хилофи қонун татбиқ мешавад. Файзулло Бобохонов дар соли 2005 замоне, ки падараш додситони кулли Тоҷикистон буд ба вазифаи додситони ноҳияи Ҳисор таъйин шуда буд.
Аммо Оҷонси мубориза бо фасод мегӯяд, ки Файзуллоҳ Бобохонов- додситони пешини ноҳияи Ҳисор дар замони фаъолияташ ба фасоди моливу ришвахории зиёд роҳ додааст. Аз ҷумла ба гуфтаи ин ниҳод Файзулло Бобохонов аз як нафар вакили Маҷлиси ноҳияи Ҳисор барои пӯшонидани ҷиноятҳои ӯ 2000 доллар ришва гирифтааст. Ҳамчунин муфаттишони Оҷонсӣ мегӯянд, ки Бобохонов дар зиндонӣ кардани чанд нафари бегуноҳ ҳам гунаҳкор аст.
ҚУРБОНИ БОЗИҲОИ «БУЗУРГОН»
Ва аммо ба гуфтаи коршиносон солҳои ахир миёни раҳбарони додситонӣ ва оҷонсӣ Бобоҷон Бобохонов ва Шерхон Салимзода рақобат вуҷуд дошт. Ин рақобатҳо дар заминаи бархурди ин ниҳодҳо дар мавриди қазияи машҳур ба «исфарагиҳо» ва низ бо талаби Салимзода ба кормандони Оҷонсӣ додани ҳаққи боздошти додситонҳо рух дода буд. Вале ин ихтилоф бо таъйини Фаттоҳ Сайидов ба раёсати Оҷонсӣ низ рафъ нашуд. Аммо дар ин миён Бобоҷон Бобохонов аз мақом барканор ва Шерхон Салимзода- додситони кулли Тоҷикистон таъин шуд. То боздошти Файзулло Бобохонов дар давоми шаш моҳи соли 2010 камаш 12 додситони шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бо иттиҳомоти марбути фасод аз курсиҳояшон маҳрум карда шуданд.
Ҳамакнун парвандаи Файзулло Бобохонов барои таъйиди иттиҳом дар дасти додситонии кулли Тоҷикистон қарор дорад вале ҳарфи ниҳоӣ дар мавриди гунаҳкорӣ ва бегуноҳии ӯро Додгоҳ хоҳад зад.