Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду бохти “Истиқлол” дар бозиҳои санҷишӣ дар Туркия


Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар доираи омодагиҳо ба мавсими нави футбол дар ду бозии санҷишӣ дар Туркия аз тимҳои Русия - “Витяз”-и Подолск ва “Авангард”-и Курск бо ҳисоби якхелаи 0:2 шикаст хӯрд.

Рақиби “Истиқлол” дар бозии аввали санҷишӣ дастаи “Витяз”-и Подолск, аз дивизиони дуввуми футболи Русия буд. Ҳарду голро футболбозони рус дар нимаи аввали дидор ба самар расонданд.

Воқеъан, “Витяз” солҳои 2008-2009 таҳти раҳбарии Мӯҳсин Муҳаммадиев, футболбози машҳури тоҷик, дар дивизиони аввали Русия бозӣ мекард.

Дар бозии дуввуми санҷишӣ “Истиқлол” аз тими “Авангард”-и Курск дар дақиқаҳои 30-юм ва 48-уми дидор ду гол хӯрд.

Ба иттилои Олимҷон Рафиков, сармураббии тими “Истиқлол”, ҷамъомади таълимиву тамринии футболбозони тоҷик дар Туркия имрӯз, 14-уми март, ба анҷом мерасад ва даста 15-уми март ба Душанбе бармегардад.

“Истиқлол”, қаҳрамон ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон, рӯзи 3-юми апрел барои Суперкубок ё Ҷоми олӣ дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа бо тими “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода рақобат мекунад.

Баъдан “Истиқлол” дар мусобиқаи XX қаҳрамонии лигаи олии Тоҷикистон, ки авоили моҳи апрел шурӯъ мешавад, ширкат меварзад.

Моҳи май бошад, “Истиқлол” дар сабқати гурӯҳии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё Тоҷикистонро намояндагӣ хоҳад кард. Зимнан, имрӯз дар Малайзия бар асоси қуръакашӣ рақибони “Истиқлол” дар сабқати гурӯҳӣ маълум мешаванд.
XS
SM
MD
LG