Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози додгоҳи муттаҳамони қатли раиси бозори Исфара


Додгоҳи вилояти Суғд ба баррасии парвандаи гурӯҳи 8-нафарии сокинони Исфара оғоз кардааст.

Ин гурӯҳ дар қатли раиси бозори собиқи "сешанбебозори" ҷамоати Сурхи ноҳияи Исфара Ҳомидбой Каримов дар соли 2010 муттаҳам дониста мешаванд.

Мақомоти додгоҳ мегӯянд, алайҳи ҳафт нафари онҳо - Мансурҷон Каримҷонов, Абдулло Комилов, Файёз Муҳидинов, Сӯҳроб Зоҳидов, Неъмат Шарифов, Абдусаттор Зоҳидов, Зокирбой Ҳомидов бо моддаи марбут ба "одамкушӣ" ва нисбати Маҳкам Каримҷонов барои "хабар надодан ва ё пинҳон доштани ҷиноят" парванда боз шудааст.

Ҳамзамон, чаҳор тан аз ин гурӯҳ мутобиқи бандҳои нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ, сӯиқасд ва ҳамдастӣ дар ҷиноят низ айбдор мешаванд.

Додгоҳ мегӯяд, узвият ва ҳамкории ин афрод дар кадом гурӯҳи ҷиноии мазҳабӣ, мисли Ҳаракати Исломии Узбакистон ошкор нашудааст.

Ҳомидбой Каримов, 30-юми августи соли 2010 дар назди хонаи хоҳараш аз захми силоҳи оташфишон кушта шуда буд.

Боздошти 8 нафари гумонбар баъд аз содири куштор аз сӯи мақомоти интизомиву амниятӣ сурат гирифт. Ба гуфтаи манобеи наздик ба тафтишоти ин парванда, 3 нафари дигари гумонбар дар содири ин ҷиноят фирор карда, таҳти пайгард қарор доранд.

Таркиши интиҳорӣ дар бинои Бахши минтақавии мубориза алайҳи ҷиноятҳои созмонёфта дар шаҳри Хуҷанд дар рӯзи 3–юми сентябри соли 2010, замоне ки чанд нафар аз аъзои гурӯҳи исфарагиҳо дар боздоштгоҳи ин бахш нигаҳдорӣ мешуданд, ҳадсу гумонҳоеро аз сӯи мақомот дар пай оварда буд, ки эҳтимол таркиши интиҳорӣ кори шарикони ин афрод ба хотири ниқорталабӣ бошад.

Аммо тафтиши ин қазия ва ба дунболи ном бурдани мақомот аз Акмал Каримов, сокини шаҳри Хуҷанд чун омили аслии ин ҷиноят, пардаи гумон барои ҳамдастӣ дар таркиши интиҳориро аз рӯи 8 нафари мазнун дар қатли раиси бозори Исфара бардошт.
XS
SM
MD
LG