Мақомоти додситонии Тоҷикистон ба бозпурсии афроди Мирзохӯҷа Аҳмадов, аз фармондеҳони собиқи мухолифин дар водии Рашт, шурӯъ кардаанд. Олим Одилов, аз нафарони Аҳмадов ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳоро асосан дар робита ба ҳамлаи рӯзи 19-сентябр дар Камароб, ки 28 сарбози артишро кушта ба ҷо гузошт, бозпурсӣ мекунанд. Мақомот дар оғоз дар баробари фармондеҳони собиқ Аловиддин Давлатов ва Абдуллоҳ Раҳимов Мирзохӯҷа Аҳмадовро низ ба даст доштан дар шабехуни Камароб айбдор карданд. Вале баъдан Аҳмадов бо 31нафараш ба тарафи ҳукумат гузашт ва ҳафтае пеш афроди ӯ чанд мил аслиҳаро ҳам ба мақомот таслим кардаанд.