Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳо ба тарҳи таъсиси нахустин радиои ҳизбӣ


Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ба таъсиси як радиои ҳизбӣ омодагӣ мегирад.

Пешниҳоди таъсиси радиои ҳизбӣ дар ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти ҲХДТ матраҳ шуда ва дар ин замина қарор аз сӯи раиси ин ҳизб Эмомалӣ Раҳмон имзо шудааст.

Гуфта мешавад ҳадаф аз роҳандозии ин радио таблиғ ва ташвиқи густардаи ормонҳои ҳизби халқӣ-демократӣ дар ҷомеаи кишвар ва бахусус дар арафаи интихоботи раёсати ҷумҳурист, ки ба баргузории он то ду соли дигар фурсат мондааст.

Ва аммо ин тасмим дар ҳоле садо медиҳад, ки аҳзоби дигари кишвар барои роҳандозии радио ва телевизионҳои худ дучори мушкил шуда масъалаи дарёфти муҷаввиз низ барои ин навъи фаъолият ба як мушкилии дигар табдил ёфтааст.

Вокунишҳо ба таъсиси радиои ҳизбӣ

Ташкили радиои алоҳида ба манзури пур кардани холигоҳи фазои иттиллоотӣ ва ҳарчи бештар таблиғ кардани ақида ва иқдомоти Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар миёни ҷомеа сурат мегирад.

Усмон Солеҳ-мудири шӯъбаи иттилоот ва таблиғоти ҲХДТ рад накард, ки ин иқдом дар арафаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пиёда мешавад ва ҳадафи ҳизб аз роҳандозии радиои алоҳида ҷалби бештари таваҷҷӯҳи мардум ва муваффақ шудан ба пуштибонии онҳо дар ин интихобот аст.

Ва аммо дар ҳоле, ки ҲХДТ барои тарвиҷ ва таблиғи ақида ва аҳдофи худ тавассути расонаҳои расмӣ низ мушкилӣ надорад ва аз сӯи дигар дар куллияи манотиқи кишвар низ нашрияҳои он ба чоп мерасанд барои таъсиси радиои алоҳида чӣ зарурат пеш омадааст. Усмон Солеҳ мегӯяд дар шароити имрӯзи Тоҷикистон на ҳама имкони харидорӣ ва обуна шудан ба нашрияҳои ҳизбиро доранд. Аз ин ҷиҳат истифода аз расонаҳое чун радио барои аҳзоби сиёсӣ аҳамияти бештар дорад.

Тасмими ташкили радиои алоҳида аз сӯи ҲХД дар ҳоле садо медиҳад, ки бархе аз аҳзоб ва созмонҳои иҷтимоӣ наметавонанд як чунин расонаҳоро фаъъол созанд.

Воҳидхон Қосидинов
Воҳидхон Қосиддинов- муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт, ки ҳизби онҳо аз панҷ соли пеш барои роҳандозии радио ба Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон муроҷиат кард. Вале аз сӯи ин кумитаи посухи мусбат дарёфт накарданд.

Дар ин миён бархе аз созмонҳои иҷтимоӣ ва афроди алоҳид низ натавонистаанд барои роҳандозии радио муҷаввиз дарёфт кунанд. Нуриддин Қаршибоев- раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон аз мавридҳое ёдовар шуд, ки бархе аз афрод, ки бо пуштибонии созмони Интернюс таҷҳизоти зарурӣ барои ташкили радиои мустақилро дарёфт карда буданд ба муҷарради дастрас накардани муаввиз натавонистанд ба фаъолият шурӯъ кунанд:

Масъулони ҲХДТ ба ин назаранд, ки дар гирифтани муҷаввизи пахш зоҳиран шубҳае надоранд ва онҳо мехоҳанд дар қадами аввал барномаҳои радиоии ин ҳизб дар манотиқи наздимарзӣ ва шаҳри Душанбе пахш шавад ва бо пайдо кардани сарчашмаҳои молӣ ин барномаҳо тамоми кишварро таҳти пӯшиш қарор хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG