Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси хонагии раҳбарони мухолифин дар Эрон


Аз Эрон дар бораи маҳали иқомати раҳбарони мухолифони давлат гузоришҳои зиду нақиз мерасад.

Сомонаи интернетии “Саҳом нюс” ба нақл аз манобеи худ навиштааст, ки Мирҳусайн Мусавӣ, Заҳро Раҳнавард, Меҳдӣ Каррубӣ ва Фотима Каррубӣ ба ҷои номаълуме бурда шудаанд.

Ҳамзамон бо нашри ин хабари сомонаи интернетии “Саҳом нюз”, Кампайни Байналмиллалии Ҳуқуқи Башар дар Эрон низ ба нақл аз манобеи худ мегӯяд, раҳбарони мухолифони Эрон ба ҷои номаълум бурда шудаанд. “Саҳом нюз”, пойгоҳи хабарии Меҳдии Каррубист ва яке аз фарзандони Каррубӣ ба ин сомона гуфтааст, падараш Меҳдии Карруб ва модараш Фотима Каррубӣ ба ҷои номаълум бурда шудаанд. Вай тавонистааст бо яке аз ҳамсоягони волидайнаш телефонӣ тамос гирад ва онҳо гуфтаанд, чанд дақиқа қабл падару модарашро бо ҳузури нируҳои зиёди амниятӣ ба ҷои номаълум бурдаанд.

Дар як гуфтугӯ бо радиои Озодӣ Муҷтабо Воҳидӣ, сухангӯи Меҳдии Каррубӣ, ки дар хориҷ аз Эрон ба сар мебарад, ин гуфтаҳоро таъйид кард: “Эҳтимоли бурданашон зиёд аст, вале оқои Каррубӣ ва хонумашон ду ҳафта ғайриқонунӣ зиндонӣ ҳастанд. Фарқ намекунад, ки ин зиндон манзили ишғолшудаи худашон бошад ё бурда бошанд, ба қавли худашон ба “хонаи амн”, ки ҷои амн аст. Агар чунин аст пас маънош ин аст, ки хонаҳои дигари Эрон амн нест”.

Як мақоми эронӣ низ, ки нахостааст аз вай ном бурда шавад, ба матбуот гуфтааст, Мирҳусайн Мусавӣ ва хонумаш низ ба истилоҳ “ба хонаи амн” интиқол дода шудаанд. Муҷтабо Воҳидӣ, сухангӯи Меҳдии Каррубӣ мегӯяд, ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки баъд аз даъвати раҳбарони “Ҷунбиши Сабз” ба тазоҳурот, мақомот мехоҳанд фикри мардумро бо хабарҳои интиқоли раҳбарони мухолифон ба ҷои дигар машғул нигоҳ доранд ва ин мавзӯъ дар расонаҳо хабарсоз бошад.

Оқои Воҳидӣ инро яке дигар аз бозиҳои мақомоти Эрон медонад, то мардум дар бораи раҳпаймоиву тазоҳуроти эътирозӣ камтар андешанд. Коршиносон мегӯянд, тибқи қонунҳои мавҷудаи Эрон, нигоҳ доштани чаҳор раҳбари мухолифон дар ҷои номаълум ва бидуни иртибот бо ҷаҳони хориҷ, нақзи қонунҳои Эрон ва муқаррароти байналмиллалӣ дониста мешавад. Ба андешаи коршиносон, чунин рафтор нисбат ба афрод тибқи қонун ва муқаррарот одамрабоӣ дониста мешавад.

Оқои Воҳидӣ вазъи саломатии оқои Каррубиро хуб тавсиф кард вале бо ишора ба рафтори дастгоҳҳои амниятӣ ва иттилоотии Эрон чунин изҳори назар кард: “Аз дасти маъмурони иттилоотӣ ҳар гуна хушунате бармеояд. Онҳо вақте ҳамсари ҳамкори худ Саид Исломиро боздошт карданд, дидед, ки чӣ кор карданд. Касе, ки зиндонии ин афрод бошад, қатъан дар бораи саломатиаш нигаронӣ вуҷуд дорад”.

Шӯрои ҳамоҳангии “Ҷунбиши Сабз” аз ҳаводорони худ хостааст, ки рӯзи сешанбе, 1-уми март дар майдонҳои аслии Теҳрон гирдиҳам оянд ва бар зидди ҳабси хонагии Мирҳусайн Мусавӣ ва Меҳдии Каррубӣ эътироз кунанд. Қаблан чанд нафар аз шахсиятҳои мазҳабии Эрон низ бар зидди ҳабси хонагии ин шахсиятҳо изҳори ақида карданд ва хостори раҳоии ҳар чӣ зудтари онҳо шуданд.

Оятулло Баёт Зинҷонӣ ва оятулло Сонеӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Оятулло Сонеӣ гуфт, ҳабси Мусавӣ ва Каррубӣ нишонаи дармондагии мақомоти амниятӣ ва иҷроии Эрон аст.

Муҳаммади Хотамӣ, раиси ҷумҳури пешини Эрон низ аз ҳабси хонагии ин ду шахсияти мухолифони давлат интиқод кард ва гуфт, бояд мақомот ба ҳабси хонагии Мусавиву Каррубӣ поён диҳанд ва тамоми ононеро, ки баъд аз интихоботи ахири раёсати ҷумҳурӣ зиндонӣ шудаанд, фавран раҳо кунанд.
XS
SM
MD
LG