Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарогирии толибилмони бозгашта дар мактабҳо


54 ноболиғи синни мактабии аз мадрасаҳои исломии хориҷӣ бозоварда шуда, ба таълимгоҳҳои ҳамагонии вилояти Хатлон шомил гардидаанд.

Аҳмад, сокини 16-солаи вилояти Хатлон, мегӯяд, ба Покистон бо миёнаравии яке аз мударрисонаш рафтааст. Вай, ки дар хурдсолӣ дар назди домуллое таълими исломӣ гирифтааст, якуним сол қабл бо ризоияти падараш барои такмили дониш ба яке аз мадрасаҳои Покистон сафар кардааст. Аҳмад афзуд: «Он ҷо, ки таҳсил мекардам, аз ангезаҳои ҷиҳодӣ ва таълимоти ғайрирасмӣ аслан сӯҳбат намерафт. Таҳсили мо танҳо ба дину мазҳаби ҳанафӣ мувофиқ буд. Он ҷо илмҳои дунявиро низ меомӯхтем ва ҳеҷ надидам ҷавони тоҷикеро, ки аз шароити таҳсилаш норозигӣ карда бошад…»

Хонум Оиша, модари Аҳмад, мегӯяд, таҳсили писарашро ҳамеша контрол мекардааст ва мутмаин буд, ки вай дар як мадрасаҳои мӯътадил ва бехатар омӯзиш мебинад. Аммо вай афзуд, дар пайи даъватҳои раисиҷумҳур ва бо кӯмаки ҳукумати маҳаллӣ, Аҳмадро ба хонаи худ бозовардааст:
«Аз таҳсил ва дониши писарам 100 фоиз ризо будам. Аммо агар раҳбарони давлат мегӯянд, ки таҳсилашон дар хориҷа хатар дорад, бесабаб намегӯянд ва мо фарзандонро баргардонидем. Раҳмат ба раиси шаҳр, ки дар бозгашти фарзандам кӯмак кард. 1000 сомонӣ ҳукумати маҳаллӣ кӯмак кард ва 1000 сомонии дигар худам доштам. Ин маблағро барои хариди чиптаи бозгашти Аҳмад сарф кардем».

Ҳарчанд худи Аҳмад мехоҳад, таҳсили худро дар мадрасаи исломӣ идома дода, соҳиби илм шавад, аммо ӯро мақомот ба мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ шомил кардаанд. Ҳамакнун вай аз ҷумла 54 ноболиғи синни мактабӣ аст, ки аз мадрасаҳои исломии хориҷӣ баргардонида шудаанд ва ба таълимгоҳҳои ҳамагонии вилояти Хатлон шомил гардиданд.

"Раванди ҷалби бозгаштагон ба мактаб осон набудааст"

Ҷӯрабой Собиров, яке аз масъулони риштаи маорифи вилояти Хатлон, ба радиои Озодӣ гуфт, кӯдакон баъди бозгашт нахуст аз як давраи мулоқот бо равоншиносон гузашта, сипас, донишҳои андӯхтаашон имтиҳон шудааст. Дар пайи имтиҳонот, ноболиғон ба таҳсил дар мактабҳо фаро гирифта шудаанд. Ҷаноби Собиров афзуд, аммо раванди ҷалби ноболиғони бозгашта ба мактаб аз мушкилот ҳам орӣ набудааст: «Дар таътили зимистона дар мактабҳо курсҳои омӯзишии алифбои сириллик ташкил карда шуд. Зеро баъзе аз бачаҳо аз барномаҳои таълимии Тоҷикистон қафо мондаанд ва ба онҳо дарсҳои иловагӣ дода мешавад».

Ва аммо гуфта мешавад бархе аз ин 54 ноболиғ дар пайи таҳсил бо ҳуруфи арабиасос дар хориҷа, хондану навиштан ба ҳуруфи сирилликро фаромӯш кардаанд.

Назрӣ Анваров, мудири шӯъбаи умури дини ҳукумати ноҳияи Қубодиён, мегӯяд, ду нафар аз ҷамъи ҷавонону наврасоне, ки ба ватан баргаштаанд, барои идомаи таҳсил ба мактаби миёна равона шудаанд. Аммо азбаски тоҷикидонии онҳо заиф будааст, онҳо аз ҳамсолони худ ба як синф поинтар шомил шудаанд. Назрӣ Анваров дар бораи яке аз ин муҳассилон гуфт:
«Хонандаи мактаби рақами 8-и ноҳия, азбаски дер бор аз зери назорат дур монда буд, ҳатто матни тоҷикиро хонда наметавонист, саводи казоӣ ҳам надошт. Ҳоло мо ӯро бурда ба мактаби тоҷикӣ шомил кардем. Синнусолаш ба синфи 7-уми мактаби тоҷикӣ рост меомад. Ҳарчанд донишаш ба синфи 7, ҳатто 6 баробар набуд, тибқи дастурамали вазорати маорифи Тоҷикистон, ӯ ба як синф поинтар роҳ дода шуд…»

Таъсири "манфи"-и таҳсил дар мулки бегона

Дар ҳамин ҳол, Сироҷиддин Наҷмиддинов, раиси ноҳияи Қумсангир, мегӯяд, аз ҳудуди ин ноҳия низ ноболиғони зиёде аз роҳҳои ғайрирасмӣ ба мадрасаҳои исломии хориҷӣ сафарбар шудаанд. Вай афзуд, бо чанде аз ин кӯдакон сӯҳбати рӯ ба рӯ дошта, мутмаин шудааст, ки таҳсил дар мулки бегона барояшон асари мусбат нагузоштааст: «Бисёр ёш ҳастанд, 7-8-9-сола ҳастанд. Маънои хондану таҳсил карданро намедонанд. Намедонанд, ки бо чӣ ҳадаф ба хориҷа рафтаанд. Оянда кӣ шуданӣ ҳаст, чӣ касбу кореро мехоҳад аз худ бикунад, кӯдак намедонад. Мағзи сари кӯдаку наврас мисли «обчинак» аст, ҳарчи ба мағзаш таҳмил мешавад, хоҳ бад аст, хоҳ нек, ҳамонро қабул мекунад. Кӯдак қобилияти таҳлили хубу бадро надорад. Барои ҳамин танҳо баъди бузург шудан ва хатм кардани мактабу донишгоҳҳои Тоҷикистон онҳо метавонанд ба хориҷа бираванд…»

Ҷаноби Наҷмиддинов ҳамчунин гуфт, ҳанӯз дар соли 2009-ум 66 ноболиғи то 10-сола, ки бо ризоияти волидонашон ба мадрасаҳои хориҷӣ роҳ ёфтаанд, ба ноҳияи Қумсангир баргардонида шуданд.

Ин ҳама дар ҳолест, ки Шӯрои уламои вилояти Хатлон эълом кардааст, ки дар мадрасаҳои мутавасситаи занонаю мардонаи шаҳри Қӯрғонтеппа имкони амалии ба таълими исломӣ фаро гирифтани то ҳазор нафар толибилм вуҷуд дорад. Аз волидон даъват карда мешавад, ки агар онҳо ё фарзандонашон алоқаманди таълими мазҳабӣ ҳастанд, метавонанд ба ин мадрасаҳои давлатӣ муроҷиат намоянд.
XS
SM
MD
LG