Алӣ Исмоилов, яке аз муҳоҷирони кории тоҷик, бо ангуштони сармозадаи худ ба кишвар баргашта, танҳо пас аз даҳ рӯзи муроҷиат ва давутозҳояш мавриди табобат қарор гирифтааст.
Ин муҳоҷири 51-солаи тоҷикро, ки дар вилояти Бошқирдистони Русия кор мекард, пас аз сармо хӯрдани ангуштонаш ба Тоҷикистон "гусел" кардаанд.
Вай мегӯяд, "Русия ба мардикорони кирояи солим ва коргар ниёз дорад ва дар сурати бемору маҷрӯҳ ва нотавон шудани мардикор ӯро ба ватанаш меронанд. Ироаи ёриҳои тиббӣ ва табобат танҳо ба раҳму марҳамати кордиҳандаи рус вобаста аст."
Гуфтаҳои Алӣ дар ҳолест, ки бар асоси омори расмӣ ҳамасола ҳудуди 800 ҳазор ва аз рӯи маълумоти ғайрирасмӣ наздики 2 миллион нафар барои муҳоҷират роҳи Русияро пеш мегиранд.
Иқтисоддонҳо маболиғи ирсолкардаи муҳоҷирони кории тоҷикро мояи суботи иқтисодиву иҷтимоӣ дар кишвар меноманд. Ба гуфтаи онҳо, солона муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон ҳудуди 2 миллиард доллар интиқол медиҳанд.
Намояндагии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, мегӯяд, дар соли гузаштаи 2010 муҳоҷирони кории Суғд аз тариқи бонкҳо бештар аз 700 миллион доллар маблағ фиристодаанд. Хадамоти муҳоҷирати Суғд шумораи муҳоҷирони кории ба Русияву кишварҳои дигар рафтаи ин минтақаро дар соли гузаштаи 2010 ҳудуди 200 ҳазор нафар, аммо баъзе аз манобеи ғайрирасмӣ ҳудуди 400 ҳазор мегӯянд.
Сарнавишти Алӣ Исмоилов шаҳодати он аст, ки гоҳе муҳоҷирони тоҷик дар Русия маблағро ба қимати ҷон ва саломатии худба даст меоранд. Аммо давлати Тоҷикистон то ҳол ҷиҳати ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони кории маҷрӯҳ ё корношоям барномаи мушаххасе рӯи даст нагирифтааст.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи масъулони созмони "Диёр" дар Хуҷанд, теъдоди чунин муҳоҷирони дастнигару бемор афзудааст ва хонаводаи онҳо намедонад ба чӣ шева аз онҳо муроқибат кунад.
Баҳрӣ Абдураҳмонова, раҳбари созмони "Диёр" гуфт, "бадии кор дар он аст, ки бархе аз муҳоҷирони корӣ, ки бепул ва бемору нотавон дар мулки бегона мемонанд, наметавонанд ба ватан баргарданд. Аз мо занони муҳоҷирони корӣ зиёд хоҳиш мекунанд, ки шавҳарони дар Русия дармондаи онҳоро ба ҳар роҳе баргардонем. Тасаввур кунед, ин гуна хонаводаҳои бесаробон ҳоли бисёр вазнине доранд."