Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ин парванда дар асоси моддаи 112-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне латукӯби шаҳрванд боз шудааст.
Ҷаноби Асадуллоев афзуд, бахши тафтишотии шӯъбаи корҳои дохилии рақами 2-и ноҳияи Синои пойтахт низ ин қазияро мавриди санҷиш қарор додааст.
Ҳафтаи гузашта мақомоти тафтишотӣ гуфта буданд, ки пас аз эълони натиҷаҳои ташхиси тиббӣ-судӣ, дар робита ба қазияи Ҳикматулло Сайфуллозода парванда боз мекунанд.
Муҳиддини Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон,мегӯяд, бо вуҷуди ин ки аз хабари боз шудани парванда огоҳанд, вале то ҳанӯз аз натиҷаҳои аввалияи тафтишот огоҳ нестанд.
Вай гуфт, "умед дорем, ки ин тафтишот мунсифона анҷом шуда, гунаҳкорон, бахусус касоне, ки ин ҷиноятро супориш додаанд, дарёфт ва муҷозот мешаванд."
Раҳбари ҲНИТ аз кашолкорӣ барои боз кардани парванда дар робита ба қазияи латукӯби фаъол ва сардабири нашрияи расмии ҳизбаш нигаронӣ кард ва гуфт, "воқеан метавонад шубҳаҳоро ба вуҷуд орад."
Ин дар ҳолест, ки пас аз як ҳафтаи ҳамла болои Ҳикматулло Сайфуллозода дафтари САҲА дар Душанбе изҳори нигаронӣ ва хостори расидагии мақомот ба ин қазия шудааст.
Ивар Вики, намояндаи дафтари САҲА дар Душанбе, гуфтааст, онҳое, ки сардабири "Наҷот"-ро латукӯб кардаанд, бояд ошкор ва боздошт шуда, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванд.
Қабл аз ин, сафорати Амрико дар Тоҷикистон низ ҳамла болои узви фаъоли ҲНИТ-ро маҳкум карда буд.
Худи масъулони Ҳизби наҳзати исломӣ онро "сӯиқасд ба ҷони Ҳикматулло Сайфуллозода ва ҳамла ба ин ҳизби динӣ" медонанд.
Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири нашрияи "Наҷот" ва узви раёсати олии ҲНИТ, субҳи 7-уми феврал дар роҳ ба сӯи идораи ҳафтанома, тақрибан дар наздикиҳои манзили худ, ба таври ғайримунтазира дучори ҳамлаи афроди ношинос шудааст.
Ӯ дар ҳолати беҳушӣ ба беморхонаи "Қарияи Боло" оварда мешавад ва то кунун дар он ҷо бистарист. Табибон мегӯянд, ҳамлаварон бештар дар ноҳияи сараш зарбаҳои сангин задаанд.
Ҳикматулло Сайфуллозода дар соли гузашта сардабирии ҳафтаномаи "Наҷот", нашрияи расмии ҲНИТ-ро ба ӯҳда гирифт. Вай дар маркази таҳлилии "Диалог" дар Душанбе низ кор карда, дар расонаҳо бештар ба унвони таҳлилгари масоили сиёсӣ ва динӣ сӯҳбат мекунад.
Ҷаноби Сайфуллозода як ҳафта пеш аз он ки мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор бигирад, бештар дар бораи навори Алии Бедакӣ, таҳаввулоти Миср ва таъсири он ба кишварҳои худкома андешаҳои худро баён дошта буд.