Ин дар ҳолест, ки қаблан вазорат аз додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе танҳо мехост фаъолияти ин ниҳод боздошта шавад.
Қурбоналӣ Бобоев, намояндаи Вазорати адлияи Тоҷикистон дар додгоҳ гуфт, ниҳодаш мехоҳад бар даъвои қаблӣ илова кунад, ки Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ дар қайди мақомоти андоз вуҷуд надорад ва аз ин хотир, фаъолияти он бояд қатъ карда шавад.
Айб дар ош ё мош?
Пеш аз ин, вазорати адлия Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ, як ниҳоди мустақили рӯзноманигорӣ ва муассиси ҳафтаномаи "Пайкон"-ро бо он далел ба додгоҳ кашид, ки ин созмон суроғаи худро бидуни иҷозаи расмӣ тағйир дода, дар ин бора ба мақомот хабар надодааст.
Ин Бюро, ки соли 2008 бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Саъдии Шерозӣ, 16, сабти ном шудааст, ҳоло дар ошёнаи 14 -и ин бино фаъолият мекунад.
Дар ҳамин ҳол, Шӯҳрат Қудратов, вакили дифои Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ мегӯяд, дар шартномаи миёни Бюро ва соҳиби бино - маҷмааи рӯзномаву маҷаллаҳои "Шарқи озод"-и дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон суроғаи созмони рӯзноманигорӣ дақиқ муайян нашудааст.
Вай афзуд, Бюро ҳоло воқеан дар ошёнаи 14 фаъолият дорад, зеро утоқҳои қаблиаш таъмир мешавад: "Як нуктаи дигар ин аст, ки вазорат дар даъвояш навиштааст, моҳи ноябри соли гузашта фаъолияти Бюроро тафтиш кардааст. Аммо дар сӯҳбат бо ман кормандони Бюро гуфтаанд, ки касе ба вазорат дар ин вақт наомадааст. Мо ин далелро низ мехоҳем дар раванди додгоҳӣ рӯшан кунем."
Ҷаноби Қудратов ҳамчунин даъвои вазорати адлия дар мавриди дар сабти мақомоти андоз набудани Бюроро ба он далел рад кард, ки ҳеҷ як ниҳод дар Тоҷикистонро вазорати адлия бидуни иҷозати мақомоти андоз сабти ном намекунад.
Ҳадаф - "Пайкон"?
Аммо Ҷумъа Толибов, муассиси Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ мегӯяд, далели ба додгоҳ шикоят бурдани вазорати адлия ҳамоно нашри ду матлаб дар саҳифаҳои ҳафтаномаи "Пайкон" аст, ки раҳбарони ин ниҳод низ интиқод шудаанд.
Оқои Толибов гуфт, дар матлаби аввалин таҳти унвони "Истеъфо!", ки моҳи октябр нашр шуд, ба хотири ноамниҳои ахири соли гузашта дар Тоҷикистон аз раҳбарони мақомоти қудратӣ, доситонии кул ва низ вазири адлия хоста мешуд, ки ба истеъфо раванд. Вай афзуд, баъди нашри ин матлаб вазорати адлия як огоҳинома фиристод, ки асноди Бюро пурра нест ва бояд ислоҳ шавад, ки бадоҳатан ислоҳ шуд.
Сардабири "Пайкон" афзуд, моҳи январ дар матлаби дигаре таҳти унвони "Бузкашӣ дар СУМ" дар бораи баҳсҳои фурӯшгоҳи марказии Душанбе низ вазорати адлия мавриди интиқод қарор гирифт ва бо гузашти чанд рӯз шикояти ин ниҳод низ ба додгоҳ ворид шуд: "Пас аз он ки ин матлаб ба нашр расид, дар санаи 24 январи соли 2011 аризаи даъвогии вазорати адлия барои муваққатан боздоштани фаъолияти Бюро ба додгоҳ ирсол шуд. Аммо имрӯз вазорат на муваққатан боздоштани фаъолият, балки батамом қатъ кардани фаъолияти Бюроро хостааст. Бо ин вуҷуд, инро вақт собит мекунад, ки ҳақиқат дар ҷониби кист."
Ҷумъа Толибов бар ин бовар аст, ки ҳадафи мақомот аз ин баҳси додгоҳӣ эҷоди мушкил ба чопи ҳафтаномаи "Пайкон" аст, зеро дар ҳоли пирӯзии вазорати адлия нашри ин ҳафтанома дар додгоҳ низ қатъ хоҳад шуд.
"No comment"
Қурбоналӣ Бобоев, намояндаи Вазорати адлияи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бештар аз он чӣ ки дар шикояти додгоҳии ниҳодаш омадааст, шарҳе надорад: "Мо аризаро ба додгоҳ додаем. Дар ин бора шарҳе надорам, зеро дар ихтиёрам дигар чизе ҳам нест."
Соли гузашта додгоҳи шаҳри Душанбе дар баҳсе миёни нашрияи "Пайкон" ва Оҷонси "Тоҷикстандарт" ҳафтаномаро барои нашри як матлаби "тӯҳматомез" мутаҳҳам донист ва пардохти 300 ҳазор сомонӣ товонро тақозо кард. Ин баҳс ҳоло дар баррасии Додгоҳи олии Тоҷикистон қарор дорад.
Аммо ин танҳо раванди додгоҳӣ бо ширкати созмонҳои рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон нест. Ҳафтаи гузашта як мақоми баландпояи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон нашрияи "Азия-Плюс"-ро барои маводе дар бораи шиканҷаи боздоштшудагон ба додгоҳ кашид.
Ахиран баҳс миёни ҳафтаномаи "Миллат" ва вазорати кишоварзӣ дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ба нафъи ниҳоди давлатӣ ҳал ва ҳафтанома муваззаф шуд, ки барои зарари маънавӣ ба вазорат 1,5 ҳазор сомонӣ, муодили беш аз 300 доллари амрикоӣ товон пардохт кунад.