Ҷош Фатал, Шине Байер ва Соро Шурд моҳи июли соли 2009 дар наздикии марзи Эрон бо Ироқ боздошт шуда буданд.
Аммо Соро Шурд моҳи сентябри соли гузашта бо 500 ҳазор доллар васиқа аз зиндон раҳо шуд ва ба Амрико баргашт.
Онҳо мегӯянд, ҳангоми кӯҳнавардӣ ғайриогоҳона аз марз гузаштаанд. Интизор меравад, мурофиа дар ғайби Соро Шурд анҷом бигирад.
Бо вуҷуди ин ки дар Эрон барои ҷосусӣ муҷозоти эъдом пешбинӣ шудааст, Масъуд Шофеӣ, вакили дифои онҳо мегӯяд, бовар дорад, ки додгоҳ онҳоро бегуноҳ эълон мекунад.
Аммо Шофеӣ мегӯяд, барои убури ғайриқонунӣ аз марз қонунҳои Эрон се соли зиндон пешбинӣ мекунанд ва бо назардошти ин, ки муваккилони вай 18 моҳро дар боздоштгоҳ сипарӣ кардаанд, шояд акнун аз зиндон раҳо шаванд.
Ин вакили дифоъ гуфт, вай аз замони раҳоии Соро Шурд дар моҳи сентябри соли гузашта то ҳол иҷоза надоштааст, ки бо ду нафари дигари зери ҳимояташ мулоқот кунад.
"Дар ин марҳалаи додгоҳ алорағми дархостҳои мукарраре, ки доштам, ҳанӯз иҷозаи мулоқот бо Шине ва Ҷошро надоштам, вале бо қозии парванда сӯҳбат доштем ва қарор шудааст, ки баъд аз оғози мурофиа Шину Ҷош дар ихтиёри ман бошанд",-афзуд ӯ
Хабаргузории давлатии ИРНО иттилоъ додааст, ки ба сафири Шветсария дар Эрон, ки ҳамзамон аз ҷониби Амрико низ дар ин кишвар намояндагӣ мекунад, иҷозаи ширкат дар мурофиаи додгоҳро надодаанд.
Эрон дархости Амрикоро дар бораи раҳоии ин ду зиндонӣ маҳкум кардааст, бо вуҷуди ин ки Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури ин кишвар пешниҳод карда буд, то ин ду нафар бо шаҳрвандони Эрон, ки дар Амрико дар боздошт ба сар мебаранд, радду бадал шаванд.
Аҳмадинажод иддао дорад, ки эрониён дар Амрико нодуруст боздошт шудаанд.