Дар ҳоли ҳозир ҷомеъаи мусулмонони минтақаи Осиёи Марказӣ 52 миллион нафарро ташкил медиҳад, вале тибқи пешбиниҳои ин созмони амрикоӣ, то соли 2030 афзоиши нуфуси мусулмонон дар минтақа то 64 миллион хоҳад расид.
Дар моҳи октябри соли гузашта нуфусшумории саросарӣ дар Тоҷикистон доир шуд, аммо то кунун натиҷаҳои он эълон нашудааст. Вале ба асоси ҳисобҳои дигари мавҷуд, дар ҳоли ҳозир нуфуси Тоҷикистон бештар аз ҳафтмиллион нафарро ташкил медиҳад, ки тибқи омори расмӣ 99 дарсади ин сокинон пайравони ислом мебошанд. То 9 соли дигар, яъне то соли 2020 бар асоси пешбинии маркази омузишии «Пю рисерч», шумори аҳолии мусулмони кишвар ба бештар аз ҳашт миллион ва то соли 2030 ба 9 милиону панҷсад ҳазор нафар хоҳад расид.
Ба гуфтаи масъулини Пажӯҳишгоҳи демогарафии Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир шумори нуфус ва афзоиши аҳолӣ солона ҳудуди ду фоизро нишон медиҳад. Аммо дар нисбати ба соли 1991 ҳам мизони таваллуд ва ҳам афзоиши аҳолӣ коҳишро нишон медиҳад. Хайрулло Абдуллоев, муовини мудири Пажӯҳишгоҳи демогарафии Тоҷикистон мегӯяд: «Аҳолӣ аз рӯи шумора ҳар сол зиёд шуда истодааст, ба ҳар ҳазор нафар 27 нафар. Аз рӯи ҳар зани таваллуд мекардагӣ агар ҳисоб кунем, кофитсент қариб ду маротиба паст шудааст. Аз 5, 6 то 3, 4 поён омадааст. Яъне агар то соли 1991 ҳар зани қобилияти таваллуд дошта 5, 6 кӯдак мезоид, ҳоло бошад 3, 4 кӯдак мезояд».
Ба гуфтаи оқои Абдуллоев, вазъи имрӯзи демогарфии Тоҷикистон ҳамгом ва мутобиқ ба сиёсатҳои демогарфии давлат ва барномаҳои иҷтимоӣ пеш меравад. Ӯ мегӯяд, омили коҳиши таваллуд дар чанд соли ахир вазъи иқтисодии хонаводаҳо, ҷой уфтодани иқтисоди бозорӣ ва иҷрои барномаи танзими хонавода аз сӯи давлат мебошад.
Аммо бархе коршиносони умури демогрфӣ, вазъи иқтисодиро ба мизони таваллуд чандон асаргузор намедоданд. Гулнора Саломова, номзади улуми иқтисод ва пажӯҳишгоҳи умури демогарфӣ мегӯяд, бо таваҷҷӯҳ ба таҷрибаи кишварҳои ҷаҳон ва инчунин худи Тоҷикистон, вазъи номуносиби иқтисодӣ чандон боиси коҳиши таваллуд намешавад. Балки то ҷое соҳибмаълумот ва машғул шудани модарон, боиси танзими таваллуд шудааст. Зеро вақте модарон машғули кор мешаванд таваллуди кӯдакро низ танзим мекунанд.
Аммо Гулнора Саломова афзоиши аҳолиро дар шароити кунунии Тоҷикистон мутаносиб ба рушди барномаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар намедонад. Ӯ мегӯяд, шитоби густариши нуфус аз суръати рушди иқтисодӣ бештар аст: «Боз тавлиди аҳолие, ки дорем ба тарақиёти иҷтимоӣ в аиқтисодӣ мутобиқат намекунад. Азбаски дар мо мизони таваллуднокӣ баланд аст, ин ба афзоиши захираҳои меҳнатӣ оварда мерасонад. Афзоиши захираҳои меҳнатӣ дар навбати худ ба проблема дар бозори кор оварда мерасонад. Аммо иқтисоди мо дар он пояе нарасидааст, ки дар вақти зарурӣ ҳамин захираҳоро бо кор таъмин кунад».
Аммо бо вуҷуди ин саршуморӣ, нуфуз дар ҳоли афзоиш аст. Хоса дар деҳоти Тоҷикистон ба гуфтаи коршиносон мизони таваллуд нисбат ба шаҳрҳо бештар мушоҳида мешавад. Коршиносон мегӯянд, волидайн дар деҳот ба таваллуд бештар манфиат доранд, зеро аз кӯдакон ба унвони дастёр ё нерӯи кор истифода мекунанд. Ва ин занони деҳнишини тоҷикро барои таваллуди бештар ташвиқ мекунад.