Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ эшони Зайналобиддинро муҷрим донист


Зайналобиддин Маннонов дар ҷараёни баррасии парвандааш дар Додгоҳи олӣ
Зайналобиддин Маннонов дар ҷараёни баррасии парвандааш дар Додгоҳи олӣ

Зайналобиддин Маннонов, маъруф ба Эшони Зайнулобиддини Нурободӣ ба 5 соли зиндон маҳкум шуд.

Анвар Аҳмадов, додраси Додгоҳи Олии Тоҷикистон ҳангоми қироати ҳукми ӯ гуфт, Зайналобиддин Маннонови 62-сола дар "барангехтани кинаву хусумати мазҳабӣ", "узвият дар ҷараёни мамнӯъи Салафия" ва "даъват ба ҷиҳод" муҷрим дониста шуд.

"Фатво"-е, ки ба зиндон бурд

Вай ҳангоми қироати ҳукм гуфт, "судшаванда дар мавриди барангехтани кинаву адовати мазҳабӣ ва даъват ба фаъолияти экстремистӣ дар ҷамоати деҳоти Самсолиқи ноҳияи Нуробод гунаҳкор дониста мешавад. Додгоҳ ин ҷиноятҳоро бо далелҳои кофӣ собит кардааст ва асос барои ба шубҳа гузоштани қарори додгоҳ вуҷуд надорад."

Дар ҳукми додгоҳ омадааст, Зайналобиддин Маннонов дар деҳоти Ширбегиён, Улфатобод ва Қалъаи Назари ҷамоати Самсолиқи ноҳияи Нуробод таълимоти ҷараёни Салафияро таблиғ мекард. Аз ҷумла ӯ дар моҳи рамазон фатво додааст, ки ба ҷои 20 ракъат, 8 ракъат намози таровеҳ хонда шавад ва низ мавсуф маросимҳои дар мазҳаби ҳанафӣ роиҷи ҳафту чил ва соли майитро макрӯҳ хондааст.

Ҳамчунин дар ҳукми додгоҳ омадааст, ки дар ин деҳот Зайнулобиддин Маннонов мардумро ба ҷиҳод даъват мекард.

"Зайналобиддин салафӣ набуд"


Аммо Улфатшоҳ Иброҳимов, аз ҳамдеҳагони Эшони Зайналобиддин мегӯяд, чунин фатвову даъватро аз забони ӯ нашунидааст: "Он чизе, ки гуфтанд ҳама тӯҳмат аст. 8 ракъатро дигарон карданду ба сари ин заданд. Дар мо (водии Рашт) умуман салафӣ вуҷуд надорад. Ин кас, ки аз рӯи Қуръону ҳадис сӯҳбат мекард, баъзе бефаҳмҳо мегуфтанд, ки салафӣ аст."

Зайналобиддин Маннонов аз чеҳраҳои маъруфи рӯҳонии водии Рашт ҳанӯз рӯзи 29-уми сентябр дар пайи шурӯи амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар шарқи кишвар ва ҳамлаи рӯзи 19-уми сентябр ба корвони Вазорати дифоъ дар дараи Камароб, ки 28 кушта ба ҷой гузошт, боздошт шуд. Дар ин амалиёт, ки панҷ моҳ ба ин сӯ идома дорад, беш аз 100 корманди мақомоти амниятӣ ва 36 узви гурӯҳҳҳои мусаллаҳ, ба шумули се фарзанди Зайналобиддин Маннонов кушта шуданд.

Боздошт ба хотири фарзандон

Эшони Зайналобиддин танҳо нафаре нест, ки дар пайи ба гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлат пайвастани фарзандонаш боздошт мешавад. Ахиран Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти Музаффар Давлатови 75-сола, падари Аловуддин Давлатов, муллаққаб ба Алии Бедакӣ низ хабар дод.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорат гуфт: "Ӯ барои якчанд ҷиноят, аз ҷумла хабар надодан ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар бораи содиршавии ҷиноят ва дигар ҷиноятҳои вазнин дастгир шудааст"

Писари Музаффар Давлатов Алии Бедакист, ки бо 7 тан аз шариконаш рӯзи чоруми январ дар рустои Руноби ноҳияи Рашт кушта шуд.

Ҳуқуқдони тоҷик Қиматгул Розиева мегӯяд, дар водии Рашт ба баҳонаи ҳамкорӣ бо Абдулло Раҳимов, мулаққаб ба Мулло Абдулло боздоштҳои зиёди баҳсангез сурат гирифтаанду мегиранд.

"Чанд нафареро медонам, ки бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи Мулло Абдулло боздошт шуда, алайҳашон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Аммо суол ин ҷост, ки чаро нисбат ба худи Мулло Абдулло ки мегӯянд ҷинояткор аст, парванда боз нашудааст? Баъд зӯрашон ба мардуми оддӣ мерасад? Ба назар мерасад, онҳое дастгир мешаванд, ки дар ҷомиа обрӯ доранд",-афзуд ӯ.

Парвандаи Зайналобиддин Маннонов аз аввалин парвандаҳоест, ки ба ноамниҳои водии Рашт рабт дорад. Интизор меравад, ба зудӣ шумори парвандаҳои Рашт дар додгоҳҳои Тоҷикистон башиддат биафзояд.
XS
SM
MD
LG