Фармондеҳи нирӯҳои эътилофӣ дар Афғонистон гуфт, нирӯҳои таҳти раҳбарии Амрико дар роҳи набард алайҳи чирикиҳои толиб дар соли 2010 “пешрафти муассир” доштанд, вале набардҳои сангинтар имсол дар пеш аст. Генерал Девид Петреус гуфт, нирӯҳои эътилоф раванди бад шудани вазъи амниятиро дар аксари манотиқи Афғонистон манъ кардаанд. Ӯ афзуд, дар вилоёти Қандаҳору Ҳилманд пешрафтҳои сахте ҳосил шуда, фармондеҳони зинаи миёнаи чирикиҳо дар саросари Афғонистон талафоти бузург доданд. Соли 2010 хунинтарин сол барои нирӯҳои хориҷӣ дар тӯли 10 соли ҷанги Афғонистон буд. Дар ин сол дар Афғонистон 711 сарбози хориҷӣ кушта шудаанд.