Олимҷон Бобоев, вазири нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон, гуфт, вақте сухан дар бораи амнияти кишвар меравад, мақомоти таъмини бехатарӣ ҳуқуқ доранд дар як муддати муайян маҳдудиятҳо гузоранд.
“Системаи иттилоотӣ хусусияти амниятӣ дорад. Таъсири манфӣ ҳам дорад, дар бархе маворид ҳамчун яроқ низ метавонад истифода шавад. Аз ин хотир, як муддат маҳдудиятҳо ҷорӣ шуданд ва ҳоло ин гуна маҳдудиятҳо вуҷуд надоранд, балки пурра бартараф шудаанд”,-илова кард ӯ.
Ҷаноби Бобоев афзуд, фақат амнияти давлат, миллат ва кишвар метавонад сабаби маҳдуд кардани фаъолияти ашхоси ҳуқуқӣ шавад.
Эътирофи расман масдуд шудани сомонаҳо аз сӯи вазири нақлиёт ва мухобирот дар ҳолест, ки то ба ҳол Бек Зуҳуров, муовини ӯ ҳамеша ба мушкилоти фаннӣ, аз ҷумла тахриб ёфтани ноқил ё кабелҳо таъкид мекард. Зимни як баёния сафоратҳои кишварҳои Аврупову Амрико изҳор дошта буданд, ки бастани сомонаҳо кори дасти мақомот аст.
Аммо ин танҳо тадобири амниятии вазорати нақлиёт ва мухобирот набуд. Он замон иртиботи телефонӣ бо водии Рашт низ қатъ гардид ва мақомот сабабашро низ тахриби ноқилҳо унвон карда буданд.
Ҷумъаи Мирзо, рӯзноманигори тоҷик, ки мехост аз вазъи Рашт ва низ ҳолу аҳволи хешовандонаш иттилоъ гирад, мегӯяд, бо қатъи иртиботи телефонӣ сокинони водӣ, ки дар муҳоҷирати корӣ қарор доштанд ва ё дар ҷойҳои дигар ба сар мебаранд, аз вазъи хешовандони худ бехабар мемонданд: "Ин ҳол ҳам ба вазъи равонӣ ва ҳам бехабриву хавотирии мардум сабаб шуд. Хуб барои бехатарӣ мегӯянд, фаҳмидан мумкин, аммо ба фикрам, зарараш аз манфиаташ бештар буд."
Зафар Абдуллоев, муассиси сомонаи avesta.tj мегӯяд, вақте сӯҳбат аз амнияти кишвар ва терроризму дигар зуҳуроти номатлуб меравад, ҳукумат ҳақ дорад кадом расонаеро, ки зарур мешуморад, бандад ё маҳдуд кунад, иртиботро қатъ намояд, аммо дар ин бора расман ва ё тариқи додгоҳ қонунӣ рафтор кунад.
"Мутаассфиона, коре, ки тирамоҳ охирин бор мақомот карданд, нофаҳмо буд. Мо худ ҳукм ва ё тахмин мекардем, ки ин кори давлат аст. Ба назар мерасид, ин як гуна сензура буд. Бо ин вуҷуд, мехоҳам ба вазири нақлиёт ва мухобирот Олим Бобоев изҳори ташаккур кунам, ки ин далел ва ё имкониятро эътироф кард. То ин замон мо ҳатто иттилоъ надоштем, ки давлат оё ҳақ дорад ин корро кунад ё на",-афзуд ӯ.
Пас аз шурӯи ноамниҳо дар шарқи Тоҷикистон ва мухолифатҳои расонаҳои мустақил бо вазорати дифои ин кишвар 29 сентябри соли гузашта як идда аз сомонаҳои интернетии дохиливу хориҷии кишвар — Tojnews.tj, Avesta.tj, Tjknews.com, Centrasia.ru ва Ferghana.ru масдуд шуданд. Ҳамчунин ҳафтаномаҳои «Фараж», «Нигоҳ» ва «Пайкон» аз чоп бозмонданд.
Дар пайи ин сардабирони як идда аз нашрияҳои мустақил дар ҳамдастӣ бо созмонҳои расонаӣ Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи касбии хабарнигорон ё “Кумитаи 29-и сентябр”-ро таъсис доданд. Фаъолияти сомонаҳову ҳафтаномаҳо батадриҷ то оғози соли равон аз сар гирифта шуд ва дар шурӯъи сол “Кумитаи 29-и сентябр” низ фаъолияти худро қатъ кард.
Аммо Зафар Абдуллоев мегӯяд, гуфта наметавонад, ки мақомот дигарбора фаъолияти сомонаҳо ва ҳафтаномаҳоро қатъ мекунанд ё не, зеро дар Тоҷикистон ҳамоно қонунҳои сиёсату амният ба ҳангоми зарурат моҳирона ба ҷои худи қонун истифода мешаванд ва касе дар фикри ҷуброни хасороти муштариёну ширкатҳои хидматрасон намешавад.