Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норозигӣ аз наҳваи пазироии шахсони воламақом


Гурӯҳи устодону донишҷуёни донишгоҳи Хоруғ , мегӯянд, ки маросими ташрифот ва наҳваи пазироии шахсони воломақоми ҳукумати ҷумҳурӣ ба манотиқи кишвар танзим мехоҳад.

Ба ин манзур онҳо хостори даровардани тағйирот ба қонун дар бораи танзими расму оин ва анъана шуданд. Ба гуфтаи устоди донишгоҳ ва номзади улуми филология Лолои Давлатбек, солҳои охир маросими пурдабдабаи ташриф ва пазироии президент ва сарвазири кишвар ба ҳукми анъана даромада ба тамаллуқкорӣ бештар монанд мешавад ва мақомоти маҳаллӣ акнун қабули намоянлагони сатҳи поинтари ҳукуматро низ бе сафороии мактаббачагону донишҷуён ва дафзаниву нону намак тасаввур намекунанд.

Вай гуфт, ки ҳангоми ташрифи муовини сарвазир Руқия Қурбонова ва ҷонишини вазири маориф ба манзури ширкат дар ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти мақомоти ВМКБ, ки 13-уми январ баргузор гардид, ба устодони донишгоҳ лозим омад, меҳмононро дар саҳни толор аз соати 10-и субҳ то 6-и бегоҳ интизор шаванд. Гурӯҳи бонувони донишгоҳ, ки барои пайдо намудани гули зинда сафарбар шуданд гулҳои табииро дар шаҳр пайдо карда натавонистанд, вале ровиёни шеър, дар саҳни донишгоҳ ва дар ҳавои сард интизорӣ доштанд. Лолои Давлатбек гуфт, пазироии вазирон ва муовинонашон бояд хоксорона сурат гирад, зеро ин афрод ба кишври хориҷа не, балки дар ватанашон сафари кори анҷом медиҳанд.

Аммо сардори шӯъбаи танзими расму ойин ва кор бо иттиҳодияҳои динии мақомот Хусрав Рақамов зарурате барои танзими наҳваи маросими пазироиро намебинад. Вай мегӯяд, ки агар ашхоси воломақоми ҷумҳурииамон низ дақиқияти олмониро риоят мекарданд, душворие пеш намеомад, вале хусусиятҳои ҷуғрофии минтақа баъзан ба реҷаи корӣ, таъсир мерасонанд.

Муовини сарвазир шоми рӯзи ташриф ба Хоруғ, ҳангоме, ки шояд бархе аз донишҷуён ба хоб омодагӣ медиданд, аз хобгоҳи донишҷуён дидан карда аз набуди телевизор, камбуди китобҳои дарсӣ ва бадеӣ дар толори хониш ва сифати пасти кӯрпаву болиште, ки барои донишҷуён харид шудааст, изҳори нохушнудӣ кардааст.

Аммо Алим Шерзамонов, омӯзгори яке аз макотиби шаҳр мегӯяд, ки ҷалби хонандагони макотиб ва донишҷуёну омӯзгорон ба маросими пазироии меҳмонон ба нишонаи ҳатмии ин маросимҳо табдил шудааст ва мақомот онҳоро ба хотири беҳтар намоиш додани фаъолияти худ роҳандозӣ мекунад

Ба назари Алим Шерзамоно танҳо бо даровардани илова ба қонун ва ё дастур аз боло, наҳваи пазироии ашхоси расмиро танзим кардан муяссар мешавад, аммо айни ҳол тавре дида мешаваад, ҳар як зимомодори маҳаллӣ аз дид ва манфиати худ ба чунин маросим муносибат мекунад.

Вай афзуд, ки айни ҳол қонун оиди масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд муҳокима мешавад ва дар ин қонун бояд истифода нашудани хонандагони макотиб ба мақсадҳои ғайритаълимӣ аз ҷониби роҳбарони муассисоти таълимӣ ва мақомот ҳам инъикос ёбад.

Дар ҳамин ҳол агарчанде бархе аз намояндагони воломақом дар зимистони сард ва роҳбандӣ ҳам барои ширкат дар ҷаласаҳои ҷамъбастӣ ва идҳои расмиву Наврузи мардумӣ ба Бадахшон меоянд, бештари вузарову кормандони ниҳодҳояшон тобистон ба минтақа сафар мекунанд ва мардум фикр мекунад, ки онҳо на барои сафарӣ хизматӣ, балки аз гармои Душанбе ба ин ҷо паноҳ бурдаанд.
XS
SM
MD
LG