Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси хадамоти муҳоҷират дар Тоҷикистон


Бо амри раиси ҷумҳури Тоҷикистон хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати кишвар таъсис ёфтааст.

Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, ҳадаф аз ташкили ин хадамот низоми ягонаи идоракунии муҳоҷирати корӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиати муҳоҷирон дар кишварҳои хориҷӣ, бахусус, Русия будааст.

Ин хадамот дар заминаи хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилӣ ва намояндагии он дар Русия, Вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоӣ ва Оҷонси давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғл ва муҳоҷирати ин вазорат ташкил ёфтааст.

Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон танзими муҳоҷирати корӣ ба кишварҳои хориҷӣ, таълими касбии муҳоҷирон, ба кор таъмин кардани сокинон дар хориҷ аз кишвар ва ба роҳ мондани робита бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистонро бар дӯш хоҳад дошт.

Торнамои раисҷумҳури Тоҷикистон менависад, “сохторҳои дахлдори Хадамоти муҳоҷират дар назди сафоратҳо ва консулгариҳои Тоҷикистон дар давлатҳое, ки муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, таъсис дода мешавад.”

Ҳоло раҳбарии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистонро Сафиалло Девонаев, ки қаблан сардори хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилӣ буд, ба ӯҳда гирифтааст.
XS
SM
MD
LG