Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навовариҳои Шерхон Салимзода дар додситонии кул


Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон
Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон
Кумиссиюни вижаи Додситонии кулли Тоҷикистон бори аввал 60 нафарро бар асоси озмун ба кор қабул кардааст.

Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, ки аз натиҷаҳои фаъолияти ин ниҳод дар соли 2010 сӯҳбат мекард, гуфт, ин таҷриба дар таърихи додситонӣ бори аввал роҳандозӣ шуда, дар ҳоли ҳозир 57 нафар бо вазифаҳои гуногун фаро гирифта шудаанд.

Ӯ афзуд: «Умуман то имрӯз дар мақомоти додситонӣ на озмун буду на комиссия. Ҳоло тасмим гирифтаем, ки ба мақомоти додситонӣ қабул ба кор тариқи озмун сурат гирад».

Ислоҳоти кадрӣ дар додситонӣ

Қаблан раҳбарияти додситонии кулл изҳор дошта буданд, ки кормандони ин ниҳод танҳо аз ҷумлаи хатмкардагони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон бар асоси як созишнома қабул мешаванд. Шерхон Салимзода гуфт, ҳамчунин як дастур вуҷуд надорад ва мутахассисон аз рӯи қобилият ба мақомоти додситонӣ ба кор қабул мешаванд.

Бинои Додситонии кулли Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ дар додситонии кулли Тоҷикистон як сол ба ин сӯ баъд аз сари кор омадани Шерхон Салимзода гузаронида мешавад, ки дар ин симат Бобоҷон Бобохоновро иваз карда буд. Ба гуфтаи оқои Салимзода, як санҷиши саросарии кормандони додситонии кишвар роҳандозӣ шуд, ки бар пояи он 16 нафар аз кор хориҷ ва ба 73 нафари дигар мӯҳлати санҷишӣ дода шудааст.

Додситони кулл гуфт, танҳо ба хотири саҳлангорӣ дар парвандаҳои марбут ба замин 19 корманди додситонӣ аз кор ронда шудаанд.

Шӯҳрат Қудратов, коршинос дар умури ҳуқуқ мегӯяд, бо омадани Шерхон Салимзода бар ивази Бобоҷон Бобохонов ва роҳандозии санҷиши саросарӣ дар додситонии кул тағйирот зиёд ба вуқӯъ пайвастааст.

Ӯ афзуд: «Беҳбудии ҳамкории Додситонии кул бо дигар мақомот ба назар мерасад. Ҳатто дар моҳҳои аввали фаъолияти худи додситони кулл қабули васеъи шаҳрвандон дар додситонӣ ва худи доситони кулл мушоҳида мешуд, ки мутаассифона, ҳоло ин тавр нест».

Тақвияти ҳамкориҳо бо дигар ниҳодҳо

Додситони кул бо ишора ба беҳбуди ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти қудратӣ гуфт, соли гузашта мизони ҷиноят дар Тоҷикистон аз он хотир ба 17 дарсад, аз дувоздаҳуним ҳазори соли 2009, ба беш аз чордаҳ ҳазор ҷиноят дар соли 2010 афзудааст, ки дар ҳамдастӣ бо дигар ниҳодҳо ҳисобу китоб шудааст.

Вай афзуд, қаблан омори ҷиноёт танҳо натиҷаи фаъолияти вазорати корҳои дохила ва додситониро дарбар мегирифт, аммо ҳоло бақия ниҳодҳои интизомӣ низ арқоми худро пешниҳод мекунанд.

Тибқи иттилоъи Додситонии кулл, соли 2010 136 корманди ҳифзи ҳуқуқ (85 нафар - вазорати корҳои дохила, 18 - вазорати дифоъ ва ниҳодҳои низомии дигар, 12 - гумрук гумрук, 5 - додгоҳ, 5 - амнияти миллӣ, 4 - додситонӣ, 2 - адлия, 2 - Шӯрои адлия, 2 — Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бар фасод ва 1 андоз) ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд.

Ришдорон бояд таҳиқиқ шаванд?

Ахиран мақомоти амниятии Тоҷикистон дар саросари кишвар боздошт ва бозпурсии афроди ришдорро ба роҳ мондаанд, ки ба қавли додситони кул қонунӣ сурат мегирад. Вай афзуд, риш мондан мамнӯъ нест, аммо боздошт ва бозпурсии ришдорон аз тадобири амниятӣ аст, ки аз сӯи мақомот рӯи даст гирифта шудааст.

«Бар асоси иттилое, ки вуҷуд дорад, яке аз хусусиятҳои хоси аъзои ҳаракатҳо ва созмонҳои тундраву террористӣ риш аст. Аз ин хотир онҳое, ки ин нишонаро доранд ва аз онҳо гумон бурда мешавад, бояд таҳқиқ шаванд. Мақомоти бозрасӣ ва тафтишотӣ рӯйхати онҳоро доранд. Нишондодҳои онҳо гирифта ва бо фотороботҳои аъзои созмону ҳаракатҳои фавқуззикр муқоиса карда мешаванд».


Тадобири амниятӣ дар Тоҷикистон пас аз ҳаводиси тобистону тирамоҳи шарқи Тоҷикистон ва фаъол шудани ҳаракату созмонҳои тундраву террористӣ дар кишвар гирифта мешаванд. Тибқи иттилоъи додситонии кул, ки сӣ нафар бо иттиҳоми даст доштан дар ҳаводиси Рашт ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуда, аъмоли ҷиноии онҳо дар ҳоли таҳқиқ аст.

Дар кулл соли 2010 алайҳи 79 узви Ҳизби Таҳрир, 15 узви Ҳаракати исломии Ӯзбакистон ва 36 нафар узви Ҷамоаи таблиғ парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда, додгоҳ иддаеро ба мӯҳлатҳои гуногун равонаи зиндон кардааст.
XS
SM
MD
LG