Номам Ҷонибек, исми хонаводагиам Самадов аст. Вақте хурдакак будам ба осмони софу кабуд нигоҳ кардану ситораҳои мисли тиллопораҳо дурахшон ва бештар аз ҳама парвози ҳавопаймоҳоро, ки аз дур ситораҳои равонро мемонданд, назорат карданро хеле дӯст медоштам.
Худамро хаёлан дар сари фармони ҳамон ҳавопаймоҳо медидаму орзуҳои ширин маро ба дуриҳои дур мебурд. Вақте ба синни наврасӣ расидам, падарам аз ин орзуи осмонии ман огаҳ гашт ва ваъдаам дод, ки то мактабро хатм карданам пул ҷамъ мекунаду маро ба донишгоҳи ҳавонавардии Русия мефиристад.
Ман ба дунболи орзуҳоям кӯшиш мекардам, дар мактаб аъло хонам ва мояи ифтихори падар бошам. Ман ки дар оила ягона писар будам падару модарам нисбат ба ду хоҳарам, ки ҳанӯз хурдсол буданд, аз ман умедҳову интизориҳои зиёде доштанд. Вале...
Вақте дар соли 1992 дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ сар шуд, ман 14-сола будам. Он шаби шум ҳаргиз аз ёдам намеравад. Дарвозаи моро чанд марди ношинос тақ-тақ карданд. Падарам дарвозаро кушод ва ҳамроҳи онҳо савори мошини худаш рафт ва мо дигар руйи гарми ӯро надидем. Ҳамон шаб, қариби субҳидам ману модарам ва чанд хешу табори дигар ҷасади беҷони падарамро дар ақиби мағозаи падарам, ки молу маводашро бурда буданд, пайдо кардем.
Кушокушӣ ва хунрезӣ ҳоким гашту буд ва ҳамроҳи ҳамаи аҳли маҳалла аҳли хонаводаи мо ҳам аз тарси ҷон ба кишвари Афғонистон фирор кард. Ду соли ғурбат дар кишвари ҳамсоя бароямон ниҳоят сахт гузашт. Модарам ғами хонвайронӣ ва ғурбатро таҳаммул карда натавонист ва пас аз бемории тулонӣ фавтид. Ман ҳамроҳи дигар ҳамватанон ду ҳохарамро гирифта ба Ватан баргаштам. Хонаи нимсӯхтаамонро ниму нимкора таъмир кардам. Хоҳаронамро ба тағоям супурдаму роҳи Русияро пеш гирифтам.
Дар шаҳри Маскав гоҳ бо аробакшиву борфарорӣ ва гоҳ бо савдои мева дар бозор пул меёфтам.Тасодуфан бо марди соҳибкори рус вохӯрдаму ҳамкорӣ кардам. Он марди соҳибкор меҳнатдӯстиву дасти покамро дида маро бо роҳбари як ширкати бонуфузи истеҳсоли анвои қаннодӣ дар шаҳри Перм шинос кард. Баъд аз як соли кор раҳбари он ширкат маро ба кори доимӣ ва баъдан ба худ ёвар гирифт.
Дар давоми корам дар ин ширкат чандин ҳамдиёронамро бо кору макони зист таъмин кардам. Баъд аз панҷ соли муҳоҷират баргаштаму хоҳаронамро пасопеш ба шавҳар додам. Хонаи падарро аз нав обод кардам. Васияти модарамро дар бистари беморӣ, ки «маро ба Тоҷикистонам бубар» гуфта буд, ба ҷо оварда, хокдонашро аз Афғонистон ба ватан кӯчонидам. Хонадор шудам. Ҳоло бо ду фарзандам муқими шаҳри Перми кишвари Русия ҳастам.
Ба қавле ҳама чизеро, ки марбути молу василаи зиндагӣ буд, ёфтам. Вале орзуҳои ҷавонии барбодрафтаамро не. Писарам Парвизро ният дорам бихононаму лётчик кунам,то орзуҳои ҷавонии фурӯрафта ба гирдоби ҳаводиси зиндагиамро, дар ӯ бубинам.
Хеле зуд, ҳанӯз дар синии 20 солагӣ мӯйи қатрониам сафед гашт. Ва ҳоло баъзан ба суол ва ё нигоҳҳои кунҷковонаи ҳамсӯҳбатонам, ки чаро худат ҷавониву мӯят сап-сафед? -механдаму бо ҳамин байт посух мегӯям:
«Гардиши айём моро дар ҷавонӣ пир кард...»
Аммо агар ҷиддӣ фикр кунем, кӣ ман ва даҳҳо ҳазор нафари мисли маро ба чунин сахтиҳо рӯбарӯ кард ва оё касе ҳаст, ки барои шикасти сарнавишти мо ва барбод рафтани орзуҳоямон ҷавоб диҳад? Охир то ҳол ҳатто як нафар ҳам аз мо узр нахостааст, ҳарчанд қатори мардум ин гунаҳкоронро бахшидаем. Шояд дуруст набуд, онҳоро бахшидан?
Ҷонибек Самадов, як муҳоҷири кории тоҷик. Собиқ сокини водии Вахш, ҳоло бошандаи шаҳри Перми Русия.