Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи таҳсили тоҷикон дар мактаби эронии Душанбе


Вазорати маорифи Тоҷикистон таҳсили фарзандони тоҷик дар мактаби вобаста ба сафорати Эрон дар Душанберо манъ кардааст. Дар пайи ин дастури вазорат, ҳамчунин тадриси фарзандони атбои Афғонистони сокини Душанбе, ки дар ин мактаб таҳсил мекарданд мамнӯъ эълон шудааст.

Мактаби мазкур дар 15 соли пеш ба манзури тадриси фарзандони кормандони сафорати Эрон дар Тоҷикистон ва он идда аз шаҳрвандони эронӣ, ки дар Тоҷикистон кору фаъолият мекунанд ташкил шудааст. Ва тӯли ин солҳо бархе аз фарзандони бархе аз сокинони Тоҷикистон ва Афғонистон низ дар ин мактаб бо пардохти муайяне таҳсил мекарданд.

Дастури мазкури вазорати маорифи Тоҷикистон дар ҳоле содир шудааст, ки раванди бозгардонидани донишҷӯёни тоҷик аз донишгоҳҳои кишварҳои исломӣ ба ватан идома дорад. Аммо чӣ сабаб ва далелҳо боис шудааст, ки вазорати маорифи Тоҷикистон тадбири қатъи тадриси толибилимони тоҷик дар мактаби вобаста ба сафорати Эрон дар Тоҷикистонро ба иҷро гузорад?

Чаро тоҷикону афғонҳо аз таҳсил дар ин мадраса маҳрум шуданд?

Масъулини вазорати маорифи Тоҷикистон хабари манъи ширкат ва таҳсили фарзандони тоҷик дар мактаби мутааллиқ ба сафорати Эрон дар шаҳри Душанберо таъйид карданд.
Нойилшо Нуралиев- сухангӯи вазорати маорифи Тоҷикистон гуфт, ки мактаби вобаста ба сафорати Эрон дар Тоҷикистон бар асоси ойнномаи худ танҳо барои тадрис ва таълими фарзандони атбои эронӣ ҳақ дорад. Афзун бар ин, санҷиши фаъолияти ин муассиса ошкор кардааст, ки аз шумораи таъйиншуда хонандагон бештар аз ҷумла фарзандони шаҳрвандони Тоҷикистонро низ ба таълим ҷалб кардааст, ки хилофи ойиннома аст. Оқои Нуралиев афзуд, ки фаъолияти ин мактаб аз тарафи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф мавриди санҷиш ва бозрасӣ қарор гирифт, ки дар натиҷа ин навоқис маълум шудааст:

Ин дар ҳолест, ки Алиасғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон аз ин тасмими вазорати маорифи Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кард. Оқои Шеърдӯст гуфт, ки қатъи таҳсили хонандагони тоҷику афғон дар мактаби назди сафорат дар нимаи соли хониш боиси саргардонӣ ва дардисарҳои ин муҳассилин ва волидони онҳо мешавад, дар ҳоле, ки сафорат бо вазорати маорифи Тоҷикистон ба мувофиқа расида буданд, ки то анҷоми соли ҷорӣ ба таҳсили ин донишҷӯён монеа эҷод нашавад. Зеро сар аз соли хониши оянда мактаби байналмилалии Эрон дар Тоҷикистон , ки дар ҳоли ҳозир корҳои сохтмонии бинои он дар арафаи анҷомёбист ба фаъолият оғоз мекунад ва ин хонандагон таҳсилро метавонистанд дар он мактаб идома бидиҳанд.

Толибилмони дар нимароҳ

Мактаби мутааллиқ ба сафорати Эрон дар Душанбе дар 15 соли пеш таъсис ёфтааст, ки дар он умдатан кӯдакони атбои иронии муқими Тоҷикистоон ва дипломатҳои ин кишвар таҳсили илм мекарданд. Дар ин миён фарзандони бархе аз сокинони Тоҷикистон ва низ атбои афғонии муқими ин кишвар низ ба таълим фаро гирифта шуда буданд.

Дар ҳоли ҳозир бештар аз 90 кӯдакону наврасони тоҷик ва наздики 150 нафар фарзандони шаҳрвандони Афғонистон ба тадрис ҷалб шудаанд. Ба гуфтаи манбаи сафорати Эрон дар Тоҷикистон, шумораи чунин мактаб дар саросари ҷаҳон ба 55 мерасад ва дар ҳеҷ кишваре ин макотиб бо мушкилӣ мувоҷеҳ нашудаанд.

Алиасғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон таъкид кард, ки барои тағйири ин тасмими вазорати маориф бештарин талошҳоро анҷом хоҳад дод ва дар ҳоли ҳозир қасд дорад дар ин замина бо ёвари раиси ҷумҳур ва низ масъулони вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон вориди музокирот шавад.

Маҳдудияти фаъолияти мактаби эронӣ ва паёмадҳои он

Бо ин ҳол бархе аз коршиносон ва таҳлилгарон мегӯянд манъи омӯзиши фарзандони тоҷик дар мактаби мазкур рӯи равобити Тоҷикситон ва Эрон соя хоҳад афканд. Ин ҳам дар ҳолест, ки Эрон аз кишварҳоест, ки дар иҷрои тарҳҳои иқтисодӣ аз ҷумла барномаҳои энержӣ ва тармиму навсозии роҳҳои Тоҷикистон ширкати муассир дорад.

Вале бархе дигар аз коршиносон тахмин мезананд, ки ин тасмими вазорати маориф шояд ба раванди ҷилавгирӣ аз идомаи таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои мазҳабии кишварҳои исломӣ, ки ҳанӯз ба охир нарасидааст, иртибот дошта бошад.

Бо ин ҳол, масъулони вазорати маорифи Тоҷикистон исрор меварзанд, ки дастури мазкур дар доираи меъёрҳои ҷории кишвар сурат гирифтааст ва аз сӯи дигар ба таъйиди ин мақомот, хонандагони тоҷики ин мактаб аз таҳсил дар канор нахоҳанд монд ва беш аз навад дар сади онҳо дар макотиби тоҷикии шаҳри Душанбе таҳсилро идома медиҳанд.
XS
SM
MD
LG