Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бадахшон: Соли ваҳдат, роҳ ва Тангемҳо


Сокини Хоруғ Шосабоҳӣ Девонашоев, ки 52 сол роҳҳои ноҳамвори Бадахшонро сари чамбараки мошин давр задааст, мумфарш гардидани роҳҳои шаҳрро воқеаи муҳимтарин ва фаромушнашудании сол мешуморад.

Шосабоҳӣ дар роҳи Хоруғ-Уш мошини ЗИЛ меронад, вале солҳои ахир комюнҳои бузург мавқеи нақлиёти хурди боркашро танг карданд ва ӯ ба «Тангем» рӯ овард. Шосабоҳӣ мегӯяд, ки пули ронандагӣ барои рӯзгордории бештари ронандагон кофӣ буд, аммо кор дар роҳҳои ноҳамвор ва пур аз чуқуриҳоро ронандагон ба азоби дузах баробар медонистанд.

Шосабоҳӣ афзуд, аммо ба ифтихори Рӯзи Ваҳдат мумфарш гардидани кӯчаҳои шаҳр барояшон воқеаи аз ҳама хурсандиовар буд. Вале ӯ афсус мехурад, ки бозсозии роҳҳои шаҳр нотамом монд ва пас аз чанд километри сафари роҳат, ба мисли афсонае, ки ногаҳон қатъ меёбад, барои ронандагон боз азоби роҳ сар мешавад. Интизор мерафт, ки қариб 14 километри роҳҳо мумфарш мешуд, вале фақат нисфи ин нақша иҷро гардид.

Ҳамсӯҳбати мо изҳор дошт, ки дар тӯли қариб 20 соли ахир вай шоҳиди ҷашнҳои зиёде гардидааст, аммо пас аз суханрониҳо пурдабдаба ва хурданиҳову нушиданиҳо мардум пароканда ва майдонҳо холӣ мемонданд. Аммо бо фарқият аз дигар ҷашн ва идҳои қабли Рӯзи Ваҳдат бунёдкориҳо ба мисли кохи ҷавонон, театр ва майдони варзишии навсозишударо аз худ боқӣ гузошт.

"Ҳиҷрат"-и "Тангемҳо" ба Бадахшон

Ба гуфтаи Шосабоҳӣ, бо танг шудани мавқеи «Тангем»-ҳо дар пойтахти кишвар ин намуди нақлиёти мусофирбар акнун кӯчаҳои Хоруғро пур кардааст. Бино ба иттилои бозрасиии давлатии автомобилӣ, шумораи «Тангем»-ҳо дар Бадахшон ба як ҳазор адад наздик мешавад.

Шосабоҳӣ мегӯяд, ки зиёд шудани шумораи «Тангем»-ҳо ва афзоиши рақобат байни ронандагон, агарчӣ ба кам шудани бозори даромадашон сабаб шудааст, аммо аз тарафи дигар мушкилоти шаҳрвандонро барои сафар хеле осон гардондааст. Акнун на фақат дар шаҳр, балки сокинони деҳоти дурдаст низ имкон пайдо кардаанд, ки ба роҳат аз деҳот ба маркази вилоят равуо кунанд.

Ба қавли Шосабоҳӣ, ронандагони «Тангем»-ҳо дар интиқоли мусофирони шаҳру навоҳӣ бартарият пайдо карда, бо анҷоми таҷдиди масири Кӯлоб-Дарвоз мехоҳанд, ки бозори хидматрасонӣ ба мусофирони роҳи Хоруғ-Душанберо низ ба даст бигиранд.
XS
SM
MD
LG