Аммо ҳеҷ як аз баҳсҳо бо ҳамдилии комили иштирокдорон анҷом нашудаанд.
Гуфтугӯҳои монанд ба ин дар сомонаи интернетии Радиои Озодӣ ба думболи фирори 25 муҷрим аз зиндони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон шурӯъ шуданд. Бахши аъзами иштирокдорони баҳс аз чораҳои шадид алайҳи зиндониёни фирорӣ ҷонибдорӣ карданд. Бахши дигар бо ишора ба эҳтимоли бегуноҳии зиндониён гуфтанд, ки ҷурми онҳо бояд бо роҳи одилона мушаххас шавад на аз роҳи зӯроварӣ.
"Зӯроварӣ алайҳи ҷинояткорони хатарнок зарур аст"
Вақте мавзӯи “Оё шиканҷа тавҷеҳ дорад?”-ро бо намояндагони вазоратҳои қудратии кишвар дар миён гузоштем, аксарият гуфтанд, ки дар бисёр ҳолатҳо, махсусан мавридҳои сару кор гирифтан бо ҷинояткорони хатарнок, дар онҳо эҳсоси зӯроварӣ алайҳи муҷрим буруз мекунад. Вале бо ин ҳам, аз хати кашидаи қонун берун намераванд. Бозрасҳо мегӯянд, ин ҳолат махсусан ҳангоми бозҷӯии қазияҳои марбут ба терроризм бештар мушоҳида мешаванд.
“Вақте мебинӣ, ки нафари муттаҳам дар бораи шарикони худ, пинҳонгоҳи силоҳу лавозимот ва амалҳои террористии тарҳрезишуда иттилоъ намедиҳад, худдорӣ душвор мешавад”, – гуфт як аз бозрасҳои пулис ва афзуд, “барои мардум муҳим нест, ки мо чигуна террористро бехатар ва гуноҳашро собит мекунем. Муҳим он аст, ки мардум тавонанд, шаб ором сар ба бистар гузоранд.”
Назармад Азизӣ, муфаттиши собиқадор, ки феълан дар яке аз ниҳодҳои давлатӣ кор мекунад, мегӯяд, истифодаи шиканҷа ва зӯроварӣ алайҳи ҷинояткороне, ки ба амнияти миллату давлат хатар доранд, тавҷеҳ дорад. Оғои Азизов эътироф мекунад, ки қонунҳои Тоҷикистон истифодаи шиканҷа дар нисбати зиндониёнро манъ кардааст ва ин амал муҷозот дорад. Аммо ӯ мавқеи худро бо он тавҷеҳ мекунад, ки шиканҷа алайҳи ҷинояткорони хатарнок дар хадамоти амнияти соири кишварҳои дунё истифода мешавад.
Ӯ мегӯяд: «Истифода аз зӯроварӣ дар мавриди гурӯҳҳои барои ҷомеа хатарнок зарур аст. Махсусан барои дастрасӣ ба иттилоъи муҳим. Ин метод дар таҷрибаи қариб тамоми давлатҳо мавҷуд аст. Бубинед, террористҳои байналмилалиро дар Гуантанамо, дар зиндони дорои низоми шадид қариб 10 сол нигоҳ доштанд.»
Назармад Азизӣ аз ҳодисаи кушта шудани 25 сарбози нерӯҳои давлатӣ дар минтақаи Рашт ёдовар шуд ва гуфт, нисбати нафароне, ки ин ҷинояти мудҳишро содир кардаанд, бояд муҷозоти ҳамсанги ин истифода шавад.
“Зӯроварӣ нисбати террористҳо бигзор бошад”
Таҳлилгари масоили амниятӣ Давлатманд Асламов, ки аз ҷонибдорони чораҳои шадид алайҳи ҷинояткорони хатарнок аст, мегӯяд, падидаҳои манфие, ки созмонҳои террористӣ дар ҷаҳони муосир ба бор овардаанд, зарурати бознигарии қонунҳои кайфариро ба миён овардааст. Ин таҳлилгар эътироф мекунад, ки истифодаи шиканҷа алайҳи афроди муттаҳам, новобаста аз сабки ҷиноят, мамнӯъ аст. Аммо ӯ муътақид аст, ки шиканҷа метавонад ҳаммаслакони афроди муттаҳамро хунсо кунад ва барномаҳои онҳоро баҳам занад.
Оғои Асламов мегӯяд, «баъзе омилҳое аст, ки намешавад дар пешгирии он ҳолатҳоро сарфи назар кард. Масалан як нафар террорист, худкуш аст ва зарари вай ба ҷомеа калон аст. Нисбати ҳамин нафароне, ки ба ин амалҳо даст мезананд, бигузор зӯроварӣ бошад».
Акрам Ҷобиров, муфатиш додситонӣ дар шаҳри Душанбе, аз таҷрибаи бозрасии худ дар робита ба қазияи аъзоёни Ҳаракати исломии Узбакистон ва Ҳизби-ул-Таҳрир дар вилояти Суғд, ёдовар мешавад.
Ӯ мегӯяд: “Дар ҳоле, ки намояндагони ин ду гурӯҳ бо силоҳ ва васоили тарғиботӣ боздошт мешаванд, боз ҳам ба Қуръон савганд мехӯранд, ки яроқро нафари дигар ба онҳо додаст ва адабиёти тарғиботиро тасодуфан дар кӯча ёфтаанд.”
Ӯ махсусан ба сарсахтии намояндагони Ҳаракати исломии Узбакистон ишора мекунад, ки гуноҳи худро ҳеҷ гоҳ эътироф намекунанд..
Мухолифони шиканҷаи гумонбарон
Аммо Ҷамшед Ҳусейнов, намояндаи насли ҷавони бозрасҳои тоҷик, мегӯяд, шиканҷе ҳеҷ гуна тавҷеҳ надорад. Ӯ бо ишора ба манъи истифодаи шиканҷа дар қонунгузории Тоҷикистон меафзояд, зиндонӣ ҳам инсон аст ва бояд аз ҳаққи қонунии худ бархӯрдор бошад.
«Қонун инро иҷоза намедиҳад. Барои ҳамин набояд аз доираи қонун берун шуд. Қонунро риоя кардан даркор аст», -мегӯяд ӯ.
Ҳуқуқдони тоҷик Сафармад Акмалов низ шиканҷаро дар нисбати боздоштшудаҳо ҷоиз намедонад. Ӯ мегӯяд, барои ба даст овардани эътирофи афроди муттаҳам бояд аз чораҳои қонунӣ ва шеваҳои нави бозпурсӣ кор гирифт, на латтукӯб ва таҳқир. Ба гуфтаи ӯ, нақзи қонун аз тарафи намояндаи қонун ба ҷомеа пайғоми ғалат хоҳад дод.
Ба назари баъзе таҳлилгарон, фирори зиндониҳо аз маҳбас ва буду боши онҳо дар озодӣ ҳаросро то андозае дар дили сокинони кишвар ҷой кард. Он шабу рӯз ҳеҷ яки онҳо бар сари шеваи боздошт ва бархӯрд бо зиндониҳо намеандешид. Ҳама мехостанд, ки фирориҳо ба зудӣ хунсо шаванд ва кишвар ба гирдоби тарсу ҳарос ва беамниятӣ гирифтор нашавад.
Назари мардум
Бо гузашти чанд моҳ аз ҳодисаи фирори зиндониҳо аз маҳбаси Кумитаи амнияти миллӣ, мо шаҳрвандони маъмулиро бо ҳамин саволи матраҳшуда, ки “оё шиканҷе тавҷеҳ дорад” ба баҳс кашидем. Аксари онҳо шиканҷаро амали ғайриқобили қабул унвон мекунанд.
«Қонунгузорӣ шиканҷаро манъ кардааст. Агар ба зуроварӣ иҷоза диҳанд, кормандони пулис ва амният аз тамоми намуди зуроварӣ истифода мекунанд, новобаста аз шакли ҷиноят. Ҳоло ҳам аз ин роҳ истифода мекунанд»,
«Дар ҳама давлатҳо манъ аст, дар Тоҷикистон ҳам бояд, ки манъ шавад»,
«Ман тарафдори зӯроварӣ нисбати ҷинояткорон мебошам, чаро ки онҳо ҳаёти дигаронро месӯзонанд, ба дигарон зарар мерасонанд, барои пешгирӣ кардани амалҳои ҷиноятокорӣ ва фош кардани сирри гурӯҳҳои дигар зӯроварӣ нисбати онҳоро дуруст мешуморам».
"Шиканҷаро ба ҳеҷ далел қабул надорам"
Аммо Ойиниҳоли Бобоназар, ҳуқуқдони саршиноси тоҷик, аз роҳи шиканҷа ба даст овардани иттилоъ ва ё эътирофи гуноҳи фарди гумонбарро амали хилофи қонун мешуморад ва мегӯяд, ки онро ба ҳеҷ далеле қабул надорад. Ба гуфтаи Хонум Бобоназарова, бо шиканҷаи инсон, принсипи башардӯстӣ ё гуманизм аз байн хоҳад рафт. Ба гуфти хонум Бобонозарова, ҳуқуқи башар ҳама гуна усулҳои зӯроварӣ ва шиканҷа нисбати гумонбарон ва ҳатто зиндониҳоро маҳкум мекунад. Ӯ мегӯяд, шиканҷа ҳатто дар сатҳи зиндонҳои байналмилалӣ, назири Гуантанамо, манъ карда шудааст.
Ӯ афзуд: «Одам ҳатто дар вақти тафтишот, вақте вайро мезананд, мекӯбанд, як одами дигарро тӯҳмат мекунад, гапи нодуруст мегӯяд, дар ҳамон ҳолат гуноҳ намешавад. Чунки вай дардро тоқат карда наметавонад, худашро ва инсониашро гум мекунад. Чизе, ки ба даҳанаш дар ҳолати фишор ва дард меояд, мегӯяд. Барои ҳамин эътирофе, ки аз тариқи шиканҷа ба даст омадааст дар додгоҳ далел шумурда намешавад».
Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, истифодаи шиканҷа алайҳи афроди муттаҳам тавҷеҳи хеле заъиф дорад ва аломати он аст, ки бозрасҳо наметавонанд ҷурми муттаҳамро бо роҳҳои қонунӣ собит кунанд.