Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯлоб: Исломгароӣ дар мисоли наздикони Сангак Сафров


Наргис Сафарова, духтари Сангак Сафров
Наргис Сафарова, духтари Сангак Сафров

Наздикони Сангак Сафаров, фармондеҳи Фронти халқии собиқ, ки дар аввалҳои солҳои 90-уми асри гузашта аз исломгароҳо ба шиддат интиқод мекард ва алайҳи онҳо ҷангид, имрӯз аз содиқтарин диндорони Кӯлоб маҳсуб мешаванд.

Духтарони Сангак Сафаров солҳост ба арзишҳои исломӣ арҷ мегузоранд ва онҳоро бидуни пӯшиши исломӣ дидан номумкин аст.

Диловар Сафаров, аз наберагони дигари Сангак Сафаров, самти фаъолияти тарабхонаи «Лаззат»-ро, ки онҷо Сангак нӯшокиҳои спиртӣ мефурӯхт, ба хотири «мувофиқ набудан ба шариати исломӣ» комилан дигар кардааст.

Диловар мегӯяд: «Он давра дигар буд. Русҳои ғайримусалмон зиёд буданд. Ҳоло ин ҷо як шаҳри мусулмонист, ҳама медонад, ки фурӯхтану нӯшидани арақ гуноҳ аст. Ин ҷоро мо ба якчанд кас иҷора додем, ки онҳо маркази фурӯши компютер кардаанд ва худ низ дар ин ҷо таҷҳизоти мошин мефурӯшем. Дуюм ошёнаашро, ки дар гузашта макони фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ буд, мағозаи фурӯши хӯрокворӣ мекунем. Фурӯхтану нӯшидани арақ гуноҳи кабира аст”.

Мисоли кӯчаки қиёси андешаи Сангак Сафаров ва наздикони ӯро метавон дар гардиши баёни андешаи аксари сокинони минтақаи Кӯлоб мушоҳида кард. Минтақае, ки солҳои тӯлонӣ ҳарфи комунистон ҳарфи аввал ва тарғиботи атеистӣ ба таври шадид ба роҳ монда шуда буд, дар кӯтоҳтарин мӯҳлат ба як ҷомеаи дорои ақоиди мазҳабӣ табдил ёфтааст.

"Қатли оми муллоҳо дар солҳои сиюм"

Хизматшоҳи Гулназар, як коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, тарғиби ақоиди
Лавҳаи ёдгории Сангак Сафаров дар Кӯлоб
комунистӣ дар минтақа дар солҳои 30-уми асри гузашта бо қатли садҳо тан рӯҳониёни маҳаллӣ ба даст омада буд. Ӯ мегӯяд, то ҳол шумори рӯҳониёни кушташуда дар деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъро касе намедонад.

Ӯ мегӯяд: “Ҳамин хел карданд, ки рӯҳониён кушта шуданд ва аксараш бадарға гаштанд. Чандеашро тавонистанд, бадарға карданд ва чандеи дигарро бе пурсиш дар ҳамин ҷо парронданд”.

Ба қавли ин мусоҳиби мо бо қатлу бадарғаи рӯҳониён имкон пайдо шуд, ки ақоиди комунистии мардумро мустаҳкам ва онҳоро аз асли ислом дур намоянд. Аммо Саидумар Ҳусайнӣ, вакили порлумони кишвар аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, афзоиши исломгароӣ дар минтақаи Кӯлоб як амри табии аст.

Ӯ мегӯяд: “Шӯравӣ бо он ҳама қудрат натавониста буд, ақидаҳои мардумро решакан намояд ва мардумро аз ақидаҳои аҷдодии худ ҷудо кунад. Алангаи дин дар қалбҳои ин мардум рӯшан буд, ҳарчанд дар зоҳир намудор набуд, чун ки шароити он рӯз намебардошт инро”.


Ин ҳам дар ҳолест, ки ба қавли шоҳидон солҳои аввали истиқлолият ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ коммунистон ё коммунистмаобони Кӯлоб аксари диндоронро “вовчик” унвон намуда, барои саркубии онҳо иқдом карда буданд.

Аммо Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов, як тан аз рӯҳониёни шинохтаи муқими Кӯлоб мегӯяд, ин амр низ барои саркӯб намудани диндорон буд, ки ба ҷуз хунрезӣ ҳеҷ натиҷае надод. Ӯ мегӯяд, бо ин вуҷуд масҷидҳои маҳаллӣ пур аз намозгузор аст.

“Вазъи диниро аз он ҷиҳат хуб гуфта метавонам, ки имрӯз хиёнат миёни мардум камтар шудааст. Арақнӯшиву арақфурӯшӣ дар шаҳр кам шудааст. Мебинам, ки сафи намозгузорон зиёд мешавад, ба ин бовар мешавам, ки вазъи диндории мардум хеле боло ва хуб шудааст”.

“Ҷавонон ифротӣ мешаванд”

Дар ҳамин ҳол, Муҳаммадҷон Ғаффуров, як коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, ӯ аз гаравиши ҷавонон ба ислому масҷид истиқбол мекунад, аммо аз афзоиши шумори ҷавонони мутаасиб хеле нороҳат аст.

Ӯ мегӯяд: “Рӯзе дар як кӯчаи шаҳр дидам, ки марде аз дасти занаш дошта мерафт, вале чанд ҷавоне, ки худро мусалмон мегирифтанд, инро напазируфта, қариб онҳоро сангборон кунанд. Ин таасуб аст, ки фикр мекунам барои ҷомеаи мо хавнок аст”.

Муҳаммадшриф Набиев, як рӯҳонии дигар мегӯяд, воқеан мушоҳида мешавад, ки бархе ҷавонон ба хурофот роҳ дода, иштибоҳ мекунанд. Аз ин рӯ, ба қавли ӯ, вазифаи аслии рӯҳониён бояд он бошад, ки исломи нобро тарғиб кунанд ва аз пайвастани ҷавонон ба гурӯҳои ифротӣ ва харобкор, ки худро ба ислом пайванд медиҳанд, пешгирӣ намоянд.

Ӯ мегӯяд: “Агар таълимоти хуби диниро ба роҳ намонем ва ба умеди он шавем, ки масҷидҳо моломоли намозхон аст, хато мекунем. Дина фақат аз намозхонӣ иборат нест. Ақидаи исломи нобро бояд дар зеҳни мардум ҷой кард, то ҳар гурӯҳ ба хотири манфиатҳои худ натавонад аз он истифода кунад”.

Дар шаҳри Кӯлоб, ки солҳои 90-уми асри гузашта ҳамагӣ як масҷид фаъол буд, феълан беш аз 72 масҷид дари худро барои намозгузорон боз кардааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки коршиносон аз афзоиши рӯзафзуни намозгузорон сӯҳбат мекунанд.
XS
SM
MD
LG