Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавҷи нави тазоҳурот алайҳи роҳи пулакӣ ва IRS


Сокинони деҳаи Ҳушёрии ноҳияи Варзоб дар атрофи гузаргоҳи пулчинии ширкати IRS, воқеъ дар роҳи Душанбе - Хуҷанд, ки аз дохили ин деҳа мегузарад, гирди ҳам омаданд ва мегӯянд, то замоне ширктаи мазкур гузаргоҳи пулчинии худро аз дохили ин деҳа берун набарад, ба эътирози худ идома хоҳанд дод.

Хабарнигороне, ки шоҳиди тазоҳуроти сокинони Ҳушёрӣ ҳастанд, мегӯяд, онҳо дар даст шиору навиштаҷоте доранд, аз ҷумла бо навиштаҳои "Мушкили моро ҳал кунед", "Хоҳишмандем мушкили моро осон кунед", “Эҳтиёҷ ба кӯмаки Ҷаноби Олӣ дорем” ва ғайра.

Сокинони деҳаи Ҳушёрӣ дар 42 километрии роҳи Душанбе - Хуҷанд тақозо доранд, ки гузаргоҳи пулчинии ширктаи IRS аз дохили ин деҳа ба берун аз он мунтақил шавад.

Ин сокинон то кунун чаҳор маротибаи дигар низ даст ба чунин эътироз задаанд, аммо масъулини IRS мегӯянд, ки барои интиқоли гузаргоҳ ва тарозуи он ҳудуди се миллион доллар сарф кардаанд ва феълан имкони ба ҷои дигар кӯчонидани ин гузаргоҳро надоранд.

Сокинони маҳал мегӯянд, онҳо омодаанд, тавассути ҳашар ин корро анҷом диҳанд ва ё нисфе аз маблағеро, ки барои ин кор масраф мешавад, пардохт намоянд. Аммо масъулини ширкати IRS ба ин пешниҳод розӣ нашуданд.

Дар музокираи чанд рӯзи пеш бо садҳо сокинони норозии минтақа ба ҷуз аз масъулини IRS инчунин муовини вазири корҳои дохилӣ, сардори раёсати БДА -и Тоҷикистон, раиси ноҳияи Варзоб ва мақомоти дигари масъул ширкта доштанд. Аммо эътироз ва музокира бенатиҷа анҷом ёфтf буд.

Қабалан низ намояндагони ҳукумати ноҳия ва масъулони ширкати IRS шикояти сокинони Ҳушёриро аз гаронии роҳпулиҳо баррасӣ карда, ваъда дода буданд, ки дар зарфи як моҳ роҳи ҳалли масъаларо пайдо хоҳанд кард. Ширкати IRS тасмим гирифта буд, ки дар зарфи як моҳ наҳваи рафтуомади ройгонро дар ду гузаргоҳи худ барои мардуми Ҳушёрӣ таҳия кунад. Аммо чунин коре то кунун сурат нагирифтааст.

Нахустин роҳи пулакии Тоҷикистон

Душанбе – Чаноқ нахустин роҳи пулакӣ дар Тоҷикистон аст, ки пулҷамъкунӣ дар масири он зимни ифтитоҳи расмии он дар аввали моҳи апрел оғоз шуд.

Ҳушёрӣ, 23.11.2010
Тибқи нархномаи қаблӣ роҳи Душанбе-Чаноқ, қимати убури ҳар як километри роҳ барои мошинҳои сабукрав ва микроавтобусҳо - 30 дирам, автобусҳо ва мошинҳои боркаши бо вазни то 7 тонна – 60 дирам, мошинҳои боркаши бо вазни то 14 тонна – 1,5 сомонӣ муайян шуда буд.

Истифода аз ин шоҳроҳ барои васоити нақлиёти мақомоти интизомӣ, ёрии таъҷилӣ, сӯхторхомӯшкунӣ ва ниҳодҳои наҷотдиҳӣ бепул хоҳад хоҳад буд. Роҳи Душанбе –Чаноқ пас аз баррасиҳо дар парлумони кишвар ва қабули як қонун пулакӣ эълон шуд.

Шоҳроҳи мазкур 410 километр тӯл дошта, аз Душанбе оғоз мешавад ва дар марзи миёни Тоҷикистон ва Узбакистон дар минтақаи сарҳадии мавсум ба Чаноқ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд поён меёбад.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳадаф аз пулакӣ кардани ин роҳ пардохти қарзҳои давлати Чин аст, ки дар навсозии шоҳроҳ масраф шудаанд.

Роҳи Душанбе-Чаноқро ширкатҳои чинӣ бо сармояи 281 миллион доллар навсозӣ кардаанд. Мақомоти Тоҷикистон тасмим доранд, ки дар оянда як қатор шоҳроҳҳои дигари кишварро низ тармим ва пулакӣ кунанд.

Innovative Road Solutions - ширкати кист?

Ширкати Innovative Road Solutions (IRS), ки худро як ширкати Бритониёӣ муаррифӣ мекунад, системаи хидматрасонии толингии роҳи Душанбе – Чаноқро бар ӯҳда дорад. Фаъолияти ин ширкат тибқи созиши он бо ҳукумати Тоҷикистон, ки ба тасвиби порлумон низ расидааст, сурат мегирад.

Ин ширкат ба иддаъои худаш як ширкати бонуфузи хориҷист, ки бо чандин давлати дунё ҳамкорӣ дорад. Аммо мақомоти он аз ифшои шарикони хориҷии худ худдорӣ мекунанд.

Аз сӯи дигар маълумотҳое мавҷуд аст, ки ин ширкат дар соли 2009 дар минтақаи офшори ҷазираҳои Верҷиния номнавис шуда ва таҷрибаи кории собиқа надорад. Ва муассисони он ҳам аслан шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.
XS
SM
MD
LG