Ин дар ҳолест, ки тайи як моҳи охир аз ин минтақа хабари боздошту кушта шуданҳо ба фарқ аз моҳи сентябру октябр камтар ба даст мерасид.
Бино ба хабари шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон, рӯзи 14 ноябр дар ҷараёни як амалиёти вижа дар шарқи кишвар Додарбек Бурунович Каримов кушта шуд. Ин сокини 45-солаи кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе, бино ба ин манбаъ, аз соли 2006 тибқи банди 187-уми қонуни ҷиноии Тоҷикистон, таҳти ҷустуҷӯ қарор дошта, узви фаъоли Ҳаракати исломии Узбакистон шинохта мешавад. Телевизиони давлатӣ мегӯяд, дар маҳалли қатли Додарбек Каримов як силоҳи худкори Калашников бо чанд тирдону 281 тир кашф шудааст.
Бино ба ин гузориш, Додарбек Каримов бо раҳбари вақти Ҳаракати исломии Узбакистон Ҷумъа Хоҷаев, мулаққаб ба Ҷумъаи Намангонӣ ҳамкорӣ дошт ва ба ҷиноёте, чун анҷоми таркишҳо дар шаҳри Душанбе ва қатли мақоми расмӣ айбдор мешавад.
Чирикии дигари кушташуда дар водии Раштро Машраб Сайдуллоевич Убайдуллоев ва зодаи шаҳри Исфара ном мебаранд. Гуфта мешавад, Убайдуллоеви 28-сола ба нирӯҳои давлатӣ муқовимат нишон дода, дар натиҷаи ин задухӯрд кушта шуд.
Телевизиони давлатии Тоҷикистон бо эълони хабари ҳалокати ин ду ҷангӣ гуфт, амалиёти муштараки ниҳодҳои интизомиву вижа алайҳи гурӯҳҳои таҳти раҳбарии Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ, ва Абдулло Раҳимов, мулаққаб ба Мулло Абдулло, дар водии Рашт ҳанӯз идома дорад.
Ин дар ҳолест ки ду ҳафта пеш Саидмӯъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфт, амалиёти зидди гурӯҳҳои мусаллаҳ дар водии Рашт ба марҳалаи ниҳоияш расида ва давлат назорати комил бар ин минтақаро ба даст овардааст. Аммо ҳамагӣ 2 рӯз баъд аз ин изҳороти оқои Ятимов дар шабакаи саросарии Интернет навори видеоие нашр шуд, ки бино бар иддаои ноширонаш, гурӯҳе аз ҷангиёни Алии Бедакиро ҳангоми убур аз як кӯҳистони пурбарф тасвир мекунад.
Вале аслияти ин навор то ҳол мушаххас нашудааст, ки оё он дар воқеъ марбут ба чирикиҳои водии Рашт буд ё сохта.
Амалиёти зидди гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлат дар водии Рашт, ки мақомот амалиёти зидди гурӯҳҳои террористии Алии Бедакӣ ва Мулло Абдулло унвонаш мекунанд, дар миёнаҳои моҳи сентябр оғоз ёфт. Дар мароҳили аввал Мирзохӯҷа Аҳмадов, яке дигар аз фармондеҳони пешини мухолифин дар ин минтақа низ ҳамроҳ бо ёронаш ҳадафи амалиёт қарор дошт ва ӯ ба дунболи ҳамла ба манзилаш, ки боиси ҳалокати 4 нафар, бо шумули 3 мардикори қирғиз шуд, низ ба кӯҳ фирор кард. Аммо моҳе баъд миёни ӯву намояндагони давлат дар маркази ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм музокирот сурат гирифт, ки дар пайи он, Мирзохӯҷа Аҳмадов бо ҷамъи тарафдоронаш тааҳҳуд супурд, ки силоҳҳои худро супурда, бо нирӯҳои давлатӣ дар амри саркӯб кардани ҷангиёни ҷамъшуда дар минтақа, аз ҷумла дар дараи Камароб ҳамкорӣ кунад.
Бино ба ҳисобҳо, тайи беш аз 2 моҳе, ки аз оғози амалиёти вижаи зидди шӯришиҳо дар водии Рашт мегузарад, дар он минтақа беш аз 60 тан аз нирӯҳои давлатӣ ҷон бохтаанд. Хунинтарин мавриди талафоти нирӯҳои давлатӣ дар водии Рашт шабехуни рӯзи 19 сентябр дар саргаҳи дараи Камароб буд, ки мунҷар ба ҳалокати 26 сарбози нирӯҳои десантӣ шуд. Ҳамин тавр, дар оғози моҳи октябр бар асари суқути чархболи Горди миллии Тоҷикистон дар дараи Камароб 22 афсару сарбози дигар, ки аксараш аз гурӯҳи “Алфа” будаанд, ҳалок шуданд. Аксари сарнишинони ин чархбол ба об рафтанд ва ҷасади охирин нафари онҳо танҳо танҳо ду ҳафта пеш ёфт шуд.