Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як ҷангӣ ва боздошти се тани дигар дар Рашт


Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, тайи ду рӯзи охир дар ҷараёни амалиёти вижа дар минтақаи Шӯлмаку Сангималикии ноҳияи Рашт 3 тан аз ҷангиёни марбут ба гурӯҳҳои Аловиддин Давлатов ва Мулло Абдулло Раҳимов дастгир ва як тани онҳо кушта шудаанд.

Маҳмадуллоҳ Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, нафари кушташуда сокини 22-солаи ҷамоати Самсолиқи ноҳияи Нуробод Раҳимов Зиёмаҳмад буда, боздоштшудагон Ҷамшед Роибов, сокини шаҳри Турсунзода, Ҷамшед Носиров, зодаи шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рашт ва Ҳайдар Бобоев, сокини шаҳри Исфара мебошанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳамчунин ҳуввияти панҷ тан аз афроди мусаллаҳи қаблан кушташуда дар дараи Камаробро эълон кардааст. Ба гуфтаи вазорати дохила, ин афрод аъзои гурӯҳи Мулло Абдулло буда, ҳини даргирӣ бо нерӯҳои ҳукуматӣ ба ҳалокат расидаанд.

Яке аз кушташудагон Деҳқонбой Давлатов, сокини ҷамоати Лахши ноҳияи Ҷиргатол гуфта мешавад, ки вазорати дохила ӯро «ҷонишини Мулло Абдулло» номидааст. Чаҳор нафари дигар Рамил Сафиуллин, зодаи шаҳри Маскави Русия, бародарон Абдулҳафиз ва Субҳониддин Маноновҳо, сокинони ҷамоати Самсолиқи ноҳияи Нуробод ва Меҳроҷиддин Муродов, аз Шербегиёни Нуробод мебошанд.

Вазорати дохила бародарон Абдулҳафиз, Субҳониддин ва Зикруллоҳ Маноновҳоро, ки гуфта мешавад, фарзандони Мулло Зайнулобиддин ҳастанд, дар ҳамлаи маргбор ба корвони нерӯҳои Вазорати дифоъ айбдор медонад.

Ҳамзамон амалиёти муштараки ниҳодҳои амниятӣ ва низомӣ алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлат дар дараи Камароб идома дорад. Бино ба хабарҳои расида аз минтақа, дар ин амалиёт Мирзохӯҷа Аҳмадов ва Шоҳ Искандаров, собиқ фармондеҳони Иттиҳоди мухолифини тоҷик, ба нерӯҳои давлатӣ кумак мекунанд.
XS
SM
MD
LG