Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

20 ҳазор зоири мазори Ҳазрати Султон


Мазори Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ дар ноҳияи Ховалинг ба зиёратгоҳи аксари мардуми мусалмони кишвар табдил ёфтааст.

Қурбоналӣ Абдураҳмонов, як масъули оромгоҳи Султон Увайс мегӯяд, соле то 20 ҳазор зоир аз манотиқи гуногуни Тоҷикистон ва хориҷ аз он барои зиёрат ба ин мавзеъ меоянд. Ба гуфтаи ӯ, мавҷудияти турбати ин саҳобаи паёмбар дар ҳудуди ноҳия боиси ифтихори онҳост.

Вай афзуд «Нақлҳо зиёданд, аммо ҳамин маълум аст, ки ҷасади бузургвор дар ҳамин мавзеъ гуронида шудааст. Ҳазрати Султон шахсияти бузург барои мо мусалмонон аст. Дар ҳақиқат гури ӯ ҳамин ҷост ва мо ба ин бовар дорем. Бо амри Худо ин бузургвори шафоаткунанда аст. Аз ҳамин 60 фисади зиёраткунандагон занон ҳастанд, ки барои мурод кардан меоянд.»

Султон Увайс кист?

Сарчашмаҳои таърихӣ Султон Увайси Қараниро аз наздиктарин ёрони паёмбари ислом медонанд. Қиссаву ривоятҳо дар мавриди ин шахсият низ зиёд аст. Манзалати ӯ назди Худо ва Расули ӯ пас аз рияоти ҳақ ва ба ҷо овардани эҳтироми
модар баланд мегардад. Ҳатто пас аз марг, пайёмбари Худо васият кардааст, то хирқаи ӯро ба Султон Увайс ба мерос бидиҳанд.
Аммо оё ин шахсият воқеан дар Ховалинг мадфун шудааст?

Бунёдкорӣ аз рӯи эътиқод

Ҳотам Асозода, номзади илмҳои филологӣ ва муаллифи китоби «Пирони кӯҳистони Хатлон» мегӯяд, ӯ ба таҳқиқ дарёфтааст, ки Султон Увайси Қаранӣ умуман ба ҳудуди Тоҷикистони кунунӣ гузар накардааст. Ба гуфтаи ӯ, Султон Қаранӣ дар яке аз ҷангҳои ҷиҳоди замони хилофати Ҳазрати Алӣ дар ҳудуди Ямани кунунӣ кушта шуда, дар ҳамон ҷо дафн шудааст ва то кунун гураш дар ин ҷо по бар ҷост.

Ҷаноби Асозода мегӯяд, чун ин шахсият дар олами исломи маҳбубияти зиё дорад, дар ҳафт мавзеи дунё ба номаш чунин мақбара бунёд кардаанд, ки яке аз онҳо дар Ховалинги Тоҷикистон аст.

Ба гуфтаи ӯ, ба мисли Султон Увайс ба дигар бузургони дин низ тоҷикон чунин кардаанд, ки ин аз рӯи эҳтирому самимият будааст. Вай афзуд: «Мардум барои эҳтиром, барои арҷгузорӣ ба ин ё он орифи бузург як маконеро обод карданд. Чунин бунёдкориҳоро мардум аз рӯи самимият анҷом шудаанд. Ин як навъ ихлосгоҳ, самимияти мардум аст. Баъзан, эътиқоди авомонае ҳаст, ки аз ҳамон беамалии олиме афзалият дорад. Бубинед, ки садсолаҳост, ки мардум ба Ҳазрати Султон аз рӯи самимият эҳтиром мекунанд».

Фарҳанги ҳифзи табиат

Зафар Мирзоён, донишманди тоҷик
Аммо Зафар Мирзоиён, як донишманди тоҷик мегӯяд, бо номи пешвоёни аҳли тасаввуф номгузории бархе манзараҳои зебо ҳамеша ба манфиати ин сарзамин будааст. Ӯ мегӯяд, гузаштагони дури мо бо чунин амал мавзеҳои хушманзар ва таърихиро ҳифз кардаанд.

Ӯ гуфт: «Муллоҳое, ки дар гузашта мо доштем, одамони оддӣ набуданд, донишманд буданд. Шояд фикр мекарданд, ки чаро бо номи чунин бузургони аҳли тасаввуф мавзеҳои зеборо номгузорӣ накунем ва аз дасти одамони нохалаф ва подаву рамаи онҳо ба ин восита ҳифзашон кунем. Бубинед, ки ҷое мазори Ҳазрати Султон аст, бисёр табиати зебо дорад. Дарахтони нодир, буттаҳои нодир, оби хуши нӯшиданӣ ва умуман як ҷои дилнишин аст. Бо чунин роҳ, садҳо дарахту буттаи нодир ва чашмаи мусаффо садсолаҳо нигаҳ дошта шудааст. Ҳазрати Эмом Аскарӣ низ дар ноҳияи Шӯрообод чунин аст. Мардум маҳз бо номи имоми 12-ум ин мавзеро хароб накардаанд ва нигаҳ доштаанд. Шояд ин роҳе буд, барои тарбияи нигаҳдории табиат ва ҳифзи он, ки гузаштагони мо иҷод карданд».

Дар минтақаи Кӯлоб беш аз 100 мавзеи зебоманзаре вуҷуд дорад, ки бо номи чеҳраҳои исломӣ унвонгузорӣ шудаанд. Аксари сокинон муътақиданд, ки дар чунин маконҳо воқеан уламои исломӣ мадфунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки Ҳотам Асозода мегӯяд, онҳо тасмим доранд, то бо мувофиқа бо Вазорати Фарҳанг рӯйхати тамоми чунин мавзеҳо ва таърихи ин шахсиятҳоро китобат кунанд.
XS
SM
MD
LG