Мутахассисони ширкати «Помирэнержӣ» гуфтаанд, ки пас аз садама, «Помирэнержӣ» ба манзури сохтани дастгоҳи нав ба 15 ширкат дар кишварҳои гуногун муроҷиат кардааст, вале аз ҷиҳати хурд будани хаҷми фармоишот ва аз лиҳози иқтисодӣ манфиатдор набудани корхонаҳои тавлидотӣ, ахиран бо ширкати ҳиндии BHEL барои сохтани чунин агрегат ба мувофиқа расидаанд.
Агрегат аз Ҳиндустон ба Бадахшон расид
Агрегатро ширкати ҳиндустонӣ бо чанд моҳи таъхир сохта, аз он ҷо ба Бандар Аббоси Ирон интиқол дод. Ба гуфтаи масъулини «Помирэнержӣ», бинобар пеш омадани мушкилоти техникӣ, агрегат ба муддати се моҳ дар Ирон банд монда, аз он ҷо марзҳои Туркманистон, Узбакистон ва вилояти Ӯши Қирғизистонро убур карда ба Бадахшон расид.
Ба гуфтаи менеҷери ширкати «Помирэнержӣ» Акимбек Худоёрбеков, ба сохтани дастгоҳ дар Ҳиндустон мутахассисисони тоҷик низ ҷалб шуданд ва дастгоҳ зери назари онҳо ва босифат тайёр шудааст.
Овардани агрегат осон набудааст
Ронандагони ширкати иронӣ дар ду комюн дастгоҳро то маҳалли Бурдеба-воқеъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон оварда, бинобар ноҳамории роҳ аз идома додани роҳашон худдорӣ варзиданд. Дастгоҳро ронандагони ҷамъияти пӯшидаи саҳҳомии Тадгэси ширкати «Барқи тоҷик» ба маҳали тайиншуда расониданд.
Исо Абдурразоқов, яке аз ронандагон гуфт, ки дар як чанд гашт, пеш аз гузаштан лозим омадааст, ки роҳро бо трактор ҳамвор кунанд.
Таҷҳизоти сабуктари агрегат чанде қабл бо масири Душанбе –Хоруғ ба ҷойи таъинот расонда шуда, васл гардиданд. Аммо харобии масири Душанбе-Хоруғ ва тавони ками борбардории пулҳо дар ин роҳ боис гардидааст, ки қисмҳои асосӣ ва вазнини агрегат ба воситаи роҳи Уш-Хоруғ ба Помир расанд.
Бо васл гардидани ин дастгоҳ, оқибати садама пурра бартараф ва иқтидори нерӯгоҳи 28 ҳазор киловатта барқарор мегардад.