Амалиёти боздошти гурӯҳи 9-нафарии шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳри Маскав рӯзи 20-уми октябри соли ҷорӣ сурат гирфитааст. Маркази ҳифзи ҳуқуқи мавсум ба "Мемориал" мегӯяд, онҳо аз саҳнасозии амалиёти боздошт огаҳӣ пайдо кардаанд ва ин масъаларо пайгирӣ намудаанд.
Ин марказ баъд аз анҷоми таҳқиқоти мустақилонаи худ ҳоло бар ин ақида аст, ки ин гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистонро бо гуноҳҳои сохтаву бофта боздошт кардаанд.
Ба гуфтаи шоҳидон, ҳини боздошти ин гурӯҳ дар миёни онҳо як шаҳрванди Узбакистон низ будааст, вале кормандони амниятии Русия раҳо кардаанд.
Светлана Ганушкина, раиси кумитаи ёриҳои башарии маркази ҳифзи ҳуқуқи "Мемориал" дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт:
«Ҷаъл кардан ё сохтани ин парванда то ҳол идома дорад. Маълум аст, ки мехоҳанд парвандаеро боз кунанд ва бигуянд, ки "бубинед мо аз як амали террористӣ пешгирӣ кардем". Он чӣ ки ин парванда сохтааст, ман метавонам бо он таъйид кунам, ки рӯзи 20-уми октябр қабл аз боздошти ин афрод гуфтанд, ки ин ҷавонон дар кӯча гӯё гапҳои қабеҳ гуфтаанд ва аз гуфтаҳои кормандони умури дохила саркашӣ кардаанд. Онҳо муҳоҷирони корӣ, шаҳрвандони Тоҷикистонанд ва дар ҷойҳои гуногун кор мекунанд. Ҳамаи онҳо ба таври қонунӣ сабти ном шудаанд ва қарордоди корӣ доранд. 4 нафарро бо ҷаримаҳои маъмурӣ раҳо кардаанд. Гӯё онҳоро ба боздоштгоҳи муқаддамотӣ бурдаанд. Баъд аз чанд муддат онҳоро дубора ба ҷои зисташон ба ҳамон ҷое, ки онҳоро боздошт карданд, овардаанд, то онҳо либосу колоҳои худрои бигиранд. Дар миёни онҳо як нафар шаҳрванди Узбакистон будааст, ки озодона баромада рафтааст ва касе барои боздошти вай талош накардааст ва эътибор ҳам надодааст. Парвандаи 6 нафари дигарро ба додгоҳ фиристодаанд. Бори дигар мегӯям, ки маҳалли боздошт саҳнасозӣ шудааст. Ҳама чиз бо дурӯғ оғоз шудааст, бо дурӯғ. Барои ҳамин ман ҳеҷ асосе надорам ба воқеият будани ин кор бовар кунам, коре ки ҳоло идома дорад".
Суол: -Ин гурӯҳи одамон киҳо буданд ва дар куҷо кор мекарданд, оё дар ин бора маълумот дар даст ҳаст?
Ҷавоб: -Онҳо дар ҷойҳои гуногун кор мекарданд. Аксари онҳо сабти номи қонунӣ доштанд ва иҷозаи корӣ гирифта буданд. Барои ҳамин аз 9 нафаре, ки боздошт карданд, ба 6 нафари онҳо маҳз ҳамин гуноҳҳо бор карда шуда буд, ки гӯё сабти ном ё иҷозаи кор надоранд. Ба 4 нафари дигар гуфтаанд, ки онҳо ғайриқонукнӣ дар қаламрави Русия иқомат мекунанд. Барои ҳамин 6 нафарро 12 рӯзӣ зиндонӣ кардаанд. 4 нафари дигарро дар боздоштгоҳе барои шаҳрвандони хориҷӣ нигоҳ доштанд ва ҳоло тасмим гирифтаанд, ки онҳо бояд аз Русия ихроҷ шаванд. Баъд аз чанд муддат онҳоро ба ҷои зисташон овардаанд, то онҳо либосу колоҳои худро бигиранд. Дар миёни ин 4 нафар як нафар шаҳрванди Узбакистон низ будаст, вай ба касе нигоҳ накардааст ва баромада рафтааст. Касе аз паси вай нашудааст.
Суол: -Шоҳидон гуфтаанд, ки ҳангоми боздошти ин гурӯҳ ва ба замин хобондани онҳо ба рӯи фарш як навъ хокае пошидаанд, ки бино ба хабари маркази "Мемориал" хокаи тротил будааст, яъне маводи мунфаҷира ё тарканда. Дуруст аст?
Ҷавоб: -Бале, шоҳидон таъкид мекунанд, ки айнан ҳамин тавр будааст. Қабл аз он ки либосҳову дастони ин одамон бо ин мавод олуда шавад, кор ҳамин тавр будааст. Ин воқеият аст. Гузашта аз ин як рӯз пеш аз ин боздошт, як нафар аз ин ҷавонон хостааст, либосашро шӯяд. Вақте, ки аз зери кати хобаш тағораи либосшӯиро берун мекашад, аз дохили он варақаҳо пайдо мешавад. Вай ин варақаҳоро нобуд кардааст. Ба эҳтимоли зиёд кормандони амният ҳамин варақаҳоро меҷустаанд. Вале ин бачаҳо ин варақҳоро ба пулис набурдаанд ва худашон онҳоро нобуд кардаанд. Ман шубҳа дора, ки ин варақаҳоро низ касе пинҳонӣ онҷо гузоштааст. Бино ба суханоне он нафаре, ки ба ман муроҷиат кард, касе аз ин бачаҳо нисбат ба одами худ ин корро намекунад.
Суол: -Акнун сарнавишти онҳо чӣ хоҳад шуд. Оё ин гуфтан мумкин аст, ки ба ҳар ҳол онҳо каме ҳам бошад гуноҳ доранд?
Ҷавоб: -Ман фикр мекунам, ки на. Бо вуҷуди ин ки ман наметавонам, онро таъйид кунам. Муттаассифона ман наметавонам ба расидагии парванда бовар кунам, парвандае, ки муфаттишони он расидагӣ ба онро бо нақзи қонун шурӯъ кардаанд. Он гуна, ки гуфта иддао мекунанд, ин гурӯҳро на дар кӯча, балки дар хонаи хобашон боздошт кардаанд. Қозии додгоҳ инро медонад, вале хамуширо ихтиёр кардааст. Дуввум, онҳоро гӯё барои риоят накардани қонунҳои иҷозаи кор ё сабти ном муттаҳам кардаанд, вале мушаххас дар ин бора ҳам чизе нест. Қозии додгоҳ барои чунин қонуншиканӣ бояд ба онҳро 15 рӯзи ҳабс ҳукм содир мекард, Вале вай, яъне як хонум ғайричашмдошт тасмими худро дигар кардааст. Мо ба он ҷо занг задем, хоҳиш кардем, ки онҳоро ба вакилони мудофеъ, ба кормандони мо нишон диҳанд. Онҳо розӣ шуданд, ки соати 2-и рӯзи 2-юми ноябр чунин мулоқот анҷом мегирад. Вале баъд фаҳмидем, ки соати 2-и рӯз онҳоро кормандони ФСБ бо худ бурдаанд. Ман худам шоҳиди зиндаи ин кор ҳастам. Барои ман ҳеҷ делел зарур нест, н кишвари бегонанест. Ман худам дар ин бора сӯҳбат кардам. Ба ман дуруғ гуфтанд.